Сулҳи тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ

 

Ваҳдат номаи тақдири мо, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрўзу ояндаи халқамон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Аз рўзи ба имзорасии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Тоҷикстон ҳаждаҳ сол гузашт. Мардуми мо ин санаи мўҳимро ҳамчун рўзи Ваҳдати миллӣ ботантана қайд менамоянд. Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ мақоми хоса дорад, зеро, ки ин рўзи пурсаодат ба мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба ин рўзҳои фирўз расидан моро лозим омад, ки роҳи тулонии ноҳамворро тай намоему мамониятҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

      Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт 27 июни соли 2006 қайд намуд, ки «Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр намоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани  нерўҳои  сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ  ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем» ва таъкид намуд, ки «Бо шарофати сулҳу Ваҳдат, ки ба хираду заковати азалии миллатамон, иродаи кулли мардуми тоҷик, инчунин мадади беѓаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнрав муяссар гардид, мо тавонистем, ки дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, нуфузу эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем. 

          Баъди беадолатиҳо ва кашмакашиҳои зиёди бемаънии сиёсии моҳи ноябри соли 1992, Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин Иҷлосияи сарнавиштсоз номзадии Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бе ягон мамоният Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа интихоб гардид. 

        Аз он рўзе, ки савганд ёд карданд, ба ваъдаҳо ва мақсадҳои дар пеш гузоштааш содиқона амал намуданд ва нахустин иқдоми пеш-гирифтаашон баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан буд. Аммо ин воқеа таърихест, ки дар хотираи халқ мемонад.

        Шароити имрўзаи Тоҷикистон, яъне сулҳу оштии комил, ки натиҷаи талошҳои хеле ҷиддӣ ва ҳаматарафаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият медиҳад, ки ба гузашта баҳо дода, роҳҳо ва сабақҳои сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи раванди сиёсӣ нишон диҳем, омўзем ва таҷриба гирем.

          Сулҳофаринӣ дар Точикистон раванди пай дар пайӣ ва табии буд. Албатта, ба ҳар каси солимфикр маълум аст, ки дар як соли аввали баъди Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ ҳанўз изҳорот дар бораи сулҳ аз баёнияҳо зиёдтар ва бештар буда наметавонист. 

         Раванди сулҳи Тоҷикистон саҳми босазоеро барои таҳкими сулҳ дар кишвар ва барои барқарор намудани сулҳ дар миқиёси ҷаҳонӣ гузошт. Танҳо аз соли 1993, баъди он, ки амалиётҳои ҷанги каме суст гардид, зарурати муросои миллӣ боло гирифт.

       Аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва даври аввали гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид. Масъалаҳои асосии музокирот оиди оташбас, гурезаҳо ва муҳочирон буданд.

        Аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон даври дуюми гуфтушунид ба амал омад. Масъалаҳои асосии музокирот оташбаси муваққатӣ ба ҳисоб мерафт. Аз 20 октябр то 1 декабри соли соли 1994 даври сеюми музокирот дар шаҳри Исломобод, масъаларо дар бораи комиссияи муштарак оид ба татбиқи созишномаи оташбас муҳокима намуд. Даври чоруми музокирот аз 22 май то 2 июни соли 1995 дар шаҳри Алма-Ато баргузор гардид. Даври панҷуми музокирот аз 30 ноябр то 23 декабри 1995 дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид. 

         Асосан гуфтушуниди Ашқобод аз се давра иборат аст. Марҳилаи аввали он аз 30 ноябр то 22 декабри соли 1995 ва марҳилаи дуюм аз 26 январ то 19 феврал ва марҳилаи сеюм аз 8 то 21 июли соли 1996 идома ёфтааст. 

         9 марти соли 1996 қариб 30 ташкилотҳои ҷамъиятии сиёсӣ «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон»-ро имзо намуданд. Мақсади асосии он ҳарчӣ зудтар ноил гардидан ба сулҳи байни тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Даври шашуми музокирот аз 4 то 19 январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон; даври ҳафтум аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар шаҳри Москва; даври ҳаштум 8-18 апрел, 21-29 майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон ба амал омаданд. 

         24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва даври хотимавии музокирот байни тоҷикон барпо гардид. Баъзан ин давраро даври нуҳум низ меноманд. 

          Дар масъалаи дастрасӣ ба мусолиҳаи миллӣ ҳусни ният, садоқат, ватанхоҳӣ ва миллатдўстии сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин С.А. Нурӣ хеле муассир буд, ки ба ин ҳамкориҳои содиқонаи СММ, ҳукуматҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон ва дигар кишварҳои минтақа мусоидат намуда буданд ва дар натиҷа саъю кўшишҳои муштараки онҳо ниҳоятан дар таърихи 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Назар ба эътирофи ҳамагон мусолиҳаи миллии Тоҷикистон як мисоли бориз ва барҷаста дар таърихи муносибатҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба шумор рафта, намунаи ибрат ва пайравӣ дар ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсӣ, қавмӣ ва минтақавӣ дониста мешавад.

           Аммо бар хилофи ин авзои дохилӣ ва хориҷии Афѓонистон назар ба муҳити Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат мушкилтар, печидаатар ва мураккабтар буд ва ҳаст, зеро ҳамаи он омилҳои мусбате, ки ба дастрасии мусолиҳаи миллии Тоҷикистон мусоидат намуда буданд, дар шароити Афѓонистон камтар ба чашм мерасад. 

         Бояд зикр кард, ки 10-11 декабри соли 1996 вохўрии президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо С. А. Нурӣ баргузор гардид. Ин гуфтушуниди таърихӣ барои мо тоҷикон сабақи бузург гашт. [6, 65]

         Зеро профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳангоми имзои созишнома чунин изҳор кард: «Аҳволи моро дидед, ки акнун чӣ ҳаёт дорем? Мо натавонистем зиндагӣ кардан, ақаллан Шумо дар кишвари худатон созиш кунед ва тоҷиконро хор насозед. Тавре сулҳу ваҳдат бандед, ки касе дўстии Шуморо халалдор карда натавонад».

        Ин суханони пурқиммати профессор Б. Раббонӣ ва гуфтушуниди Хосдеҳ заминаи асосии сулҳи тоҷикон гардиданд. Хишт дар пойдевори сулҳ мустаҳкам гузошта шуд. Шартномаи оташбас эълон гардид. Умуман гуфтушуниди Хосдеҳ ба муборизаи яроқнок  хотима гузошт.

        Аз ҷониби худ Тоҷикистон низ пайгирона талош меварзад, то дар сарзамини Афѓонистон ҳарчӣ зудтар сулҳ пойдор гардад. 

           Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон як воқеияти инкорнопазир ва пойдор мондани он як боястигии таърихист ва акнун, ки миллати бофарҳанги тоҷик бо ҳиммате мардона барои зинда гардонидани гузаштаи табнок ва пурбори таърихии худ пой ба роҳ ниҳодааст, бояд бедору ҳушёр пеш биравад ва таърихи ояндаи худро чунон бисозад, ки тўфону тундбоди ҳаводис ва  балоҳои рўзгор натавонанд зарраи хоке аз кунгураи кохи баланд ва боазамати истиқлолу озодӣ ва оштиву бародарии он бикоҳад. 

           Хушбахтона, солҳои охир алалхусус баъди имзо шудани санади ниҳоии оштии миллӣ (27 июни соли 1997) раванди воқеии худшиносии миллӣ суръат ва сифати нав ба навро молик гашта, дар ташаккули сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нақши муассиртаре бар душ гирифт.

           Раванди сулҳи тоҷикон рўйдоди душвор, вале мўхими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ѓарқшавӣ наҷот дод.

          Умуман сулҳе, ки дар Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон ҳамватанони мо ба даст омадааст, дар миқиёси умумиҷаҳонӣ руйдоди беназир ва намунаи ҳалли мухолифат ва низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрўз дар гўшаву канори гуногуни олам ба назар мерасанд, эътироф шудааст.

          Бинобар ин мо бояд ин санади тақдирсозро ҳамчун гавҳари нодир ҳифз намоем ва нагузорем, ки касе давлати соҳибистиқлоли моро ноором созад.

Сўҳроб Шарофуддинов

номзади илмҳои таърих,муовини декан оид ба тарбия

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj