Сухане чанд дар бораи вазъи кунунии забони тоҷикӣ

Дар ҷаҳони муосир ҳеҷ забоне вуҷуд надорад, ки аз забонҳои дигар ва махсусан аз забонҳои ҳамсояҳои наздик ва ҳамфарҳанг калимаҳо, истилоҳот ва ҳатто ибораҳоро қабул ва мавриди истифода қарор надода бошад. Дар ин бора бояд диққат кард, ки ин иқтибосҳо аввалан дуруст ба кор гирифта шаванд ва, албатта, ба тавре ки ҷавобгўи қонуну қоидаҳои забон  ва ҷомеа бошанд…

Дар чанд соли охир як тарзи хосси солшуморӣ аз забони дарии Афғонистон дар забони тоҷикӣ қабул шудааст, ки мутаассифона ҳам  гўяндагони радио ва телевизион ва ҳам олимони соҳаи забону адабиёт ва ҳам намояндагони идораҳои расмии кишварамон онро ба таври комилан ғалат талаффуз ва истифода менамоянд. Ҳамин гуфтаи дар боло ёдоваришуда ба тарзи талаффузи як навъ солшуморие, ки мегўянд: «нуздаҳ наваду шаш», «нуздаҳ наваду нуҳ» ва ғайра иртибот дорад. Ёдовар мешавем, ки чунин тарзи талаффузи солшуморӣ аз забони англисӣ дар забонҳои ҳиндӣ, урду ва афғонӣ (дарӣ, пашту) қабул шуда ва бояд гуфта шавад, ки агар рақами сад талаффуз нашавад, ҳеҷгоҳ маънои солшумориро нишон намедиҳад. Бинобар ин сад бояд талаффуз шавад, яъне бояд гуфта шавад, ки «нуздаҳ саду наваду шаш», «нуздаҳ саду ҳаштоду ҳашт», «нуздаҳ саду чилу чор» ва ғайра. Агар мо «нуздаҳ наваду шаш», «нуздаҳ ҳаштод» ва ғайраро бе истифодаи «сад» талаффуз кунем, дар ин сурат маънии 19-96, 19-80, яъне аз рақами нуздаҳ, то наваду шаш ва ғайраро ифода мекунад.

Танҳо ҳамин қадар изофа мекунем, ки дар забонҳои дар боло ёдоварӣ шуда баъд аз гуфтани «якҳазор», яъне «ҳазору сад» «ҳазору сесад» то охири «ҳазору нуҳсад» ба ҳамин тариқ талаффуз мешавад: «ёздаҳсаду…», «сездаҳсаду» ва ғайра, ки ҳеҷ зарурате барои иқтибоси чунин солшуморӣ дар забони миллии мо нест, вале агар хоста бошем, ки ҳамин тарзи талаффузи солшумориро қабул намоем, ё истифода барем, бояд тарзи дурусти онро мавриди истифода қарор диҳем.

Мавзўи дигар иборат аз тарҷумаи таҳтуллафзии баъзе калимаҳо ва ибораҳо аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ мебошад, ки дар ин ҷо мехоҳем танҳо як ибораро ба таври намуна мисол оварем. Аксари вақт шунида мешавад ва ҳам дар матбуоти ватанӣ навишта мешавад, ки «вобаста аз…», дар ҳоле, ки дар забони миллии мо мувофиқи қоидаи забонамон тарзи дурусти он «вобаста ба …» мебошад. Ин тарзи баён ва тарҷумаи таҳтуллафзии ғалату бемаъно аз ибораи русии «зависит от …» ба таври ғалат ва таҳтуллафзӣ тарҷума шудааст.

Дар ин ҷо мехоҳем ду ибораи дигарро ҳам ёдовар шавем, ки чи дар забони гуфтугўӣ ва чи дар навиштаҳо нодуруст талаффуз ва навишта мешаванд, ки иборатанд аз «бо назардошт» ва «шинохт», дар ҳоле ки тарз ва шакли дурусти талаффуз ва навиштани ин ду ибора «бо дарназардошти …» ва «шинохташуда» мебошад. 

Як истилоҳи дигаре, ки имрўз дар забони тоҷикӣ нодуруст қабул шудааст, иборат аз истилоҳи «раёсат» мебошад ва дар ҳар ҷойе, ки «раёсат» навишта шуда бошад, бояд ба «риёсат» ислоҳ шавад ва ҳеҷ ягон кас набояд дигар «раёсат» талаффуз кунад, ё бинависад. Дар ҳеҷ як луғате аз луғатҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ин истилоҳро дар шакли «раёсат» ёфта наметавонем, ки набояд мо забони худамонро аз забонҳои форсӣ ва дарӣ, ки дорои як таърих ҳастанд, ҷудо намоем.

Дар ҳамин ду се соли охир истифодаи номаъқул, бе ҷо ва нодурусти таркибҳои «нисбат ба» ва «оид ба» ба таври ниҳоят гўшхарош ҳамаи соҳаҳои забони гуфтугў ва ҳам таҳрирро фаро гирифтааст ва ҳама аз мутахассисони машҳури забоншиносӣ, то кормандони одӣ ин таркибҳоро бе истифодаи «ба», ки маънии лозимаро ифода карда наметавонад, такрори ба такрор мегўянд ва ҳам менависанд. Масалан: дар мавриди таъзия баён кардан, гуфта мешавад, ки «мо нисбати даргузашти фалонӣ ҳамдардӣ баён мекунем», ки, албатта, маънои «бинобар»-ро дорад ва танҳо бо изофа гуфта ва навишта мешавад. Агар гуфта шавад, ки «ин бадбахтӣ оиди ҳолат шуд», маънои онро дорад, ки бадбахтӣ ба сараш омад. Агар бо изофа бигўем, ки «Шумо оиди ин масъала чӣ мегўед? » ё «ин масъала нисбати масъалаи дигар», албатта бе «ба» ҳеҷ маънӣ надорад.

Бо дарназардошти ҳамин нуктаи дар боло зикршуда мо бояд ибораҳои «нисбати» ва «оиди …»-ро бе истифодаи «ба» ба он маъниҳое, ки истифода мебарем, талаффуз накунем ва ба шунавандагону хонандагон пешкаш нанамоем.

Дар вақтҳои охир дар эъломияҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон як истилоҳеро истифода мебаранд, ки аслан ҷавобгўи маънову мазмуни гўянда намебошад ва он ин аст: «Мизоҷони муҳтарам!». Ҳол он ки ин ибора ба ҳеҷ сурат маънии ончиро, ки мегўянд, надорад ва бояд «муштариёни муҳтарам!» ё «харидорони муҳтарам!» гуфта шавад. Маълум нест, ки ин ибораи бемаънӣ аз куҷо омада ва чигуна сохта шудааст?!

Дар баъзе эъломияҳои таблиғотӣ, ки дар кўчаву хиёбонҳои пойтахт навиштаву овезон карда шудаанд, ба ҷои шакли дурусти «болаззат» шакли нодурусти «боллазат» навишта шудааст. Дар баъзе ҷойҳои дигар ба ҷои «… байналмилалӣ», «байналмиллалӣ» навиштаанд, ки ин ҳам ғалат аст ва бояд бо як «л» навишта шавад.

Дар забони тоҷикии имрўзаи мо, мутаассифона, Карочӣ, ки номи шаҳре дар кишвари Покистон аст ва ҳам Кувейт (Кувайт), ки давлати мустақил дар ҳавзаи Халиҷи Форс мебошад ва дар асл ҳар ду бо ҳарфи «К» навишта ва хонда мешаванд, Қарочӣ ва Қувайт навишта ва хонда мешаванд, ки билкул ғалатанд.

Дар поён мехоҳам чанд сатри мухтасар дар бораи вазъи забони гуфтугўии имрўзаи миллӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе изҳор кунам. Яъне, он чи дар кўчаву бозор ва дар дохили нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ ҳангоми гуфтугў ҳам ҷавонписарон ҳам духтарон ва ҳам аксари  миёнасолон, якчанд калима бо забони тоҷикӣ ва дигар бо қабеҳтарин ибора ва калимаҳои дашном ба забони русианд. Дар байни мактаббачаҳо бошад, ҳақорати модару падар ва хоҳар бо овози баланд шунида мешавад, ки ин худ бо ин вазъи вуҷуддоштаи имрўза, тадриҷан на танҳо боиси заифӣ, сустӣ ва аз байн рафтани эътибори забони миллиамон мегардад, балки сабаби фасоду вайронии ахлоқи ҷомеа, беэҳтиромӣ ба таърих, адаб ва фарҳанги бостонӣ ва беназири мо ва коҳишу аз байн рафтани обрўи миллати мо мешавад. 

Дар ҳамин иртибот, ба ҳама падару модарон, роҳбарони мақомоти таълиму тарбия ва ҳифзкунандагону назораткунандагони одоб ва ахлоқи ҷавонон бо камоли эҳтиром муроҷиат менамоем, ки бояд мову шумо ҳарчи зудтар пеши роҳи ин бадахлоқӣ дар гуфторро бигирем ва барои рушду боландагии ин забони қудсӣ саҳми арзанда бигузорем ва рисолати инсонӣ ва имонии худро ба ҷо оварем.

 

P.S.: Устод С. Мерганов ба таҳаввулу дигаргуниҳое, ки дар бистари забони тоҷикӣ рух медод, таваҷҷуҳи хосса дошт. Махсусан поксозии забон дур будан, аз ғалату иштибоҳот дар забони навишториву гуфторӣ ҳамеша зеҳни ўро машғул медошт. Зиндаёд дар суҳбатҳои сарироҳӣ, зимни дарсҳо ва гоҳҳо дар чаласоти кафедра ва маҳфилҳои илмӣ дидаҳову ёфтаҳои хешро барои устодон ба донишҷўён иброз медошт. Ба ин хотир идораи рўзнома тасмим гирифт, ки ба муносибати 80-солагии устод чанде аз андешаҳои эшонро пешкаши хонандагони гиромӣ гардонад. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj