Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои ғолибият ба даст овардан дар давраи ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ табрику шодбош менамояд.

«Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашни биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ Парчами тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпиии Рио-де-Жанейрои Бразилия партавафшон гашт ва ин ба талошҳои варзишгари шинохта Дилшод Назаров тааллуқ дорад.

Донишгоҳи миллӣ бо шумули тамоми устодону донишҷўён, аспирантону докторантон ин пирўзиро ба Дилшод Назаров ва ба ҳама шаҳрвандони кишвар табрик намуда, барояш дар зиндагиву варзиш тани сиҳат ва комёбиҳои навбанав таманно доранд.

Бигзор Парчами тоҷик ҳамеша партавафшону оламгир бошад!»

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj