Тавзеҳи муҳимтарин мавзўъҳо

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, ҳисси ватандўстии донишҷўён, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва фаъолона иштирок намудани ҷавонон-донишҷўён дар раъйпурсии умумихалқии дарпешистода вохўрӣ бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Додозода А., сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Азизуллозода С.А., сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм С.С. Афғонов ва намояндаи Вазорати адлия Ш. Ғаюров дар толори калони Донишгоҳи миллӣ доир гардид.  

Дар оғоз муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим А.Миралиев роҷеъ ба аҳамияти нишаст ва саривақтӣ будани он мухтасар суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. 

Баъдан меҳмонон оид ба қабули Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолона ширкат варзидан дар раъйпурсии умумихалқӣ, хатари ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳифзи арзишҳои миллию дастовардҳои даврони истиқлолият аз ҷониби ҷавонон ва ташаббускору ихтироъкор будани донишҷў дар ҷомеаи муосир суханронӣ намуданд. 

Дар вохўрӣ гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории чунин ҳамоишҳо ҷалби ҷавонон ба маъракаҳои сиёсию давлатӣ, бедор намудани ҳисси ватандўстии онҳо ва дастгирӣ намудани ҷавонони лаёқатманду ватандўст  мебошад. Вохўрии мазкур бо мубодилаи афкор ва суолу ҷавоб хотима ёфт.

Ҳамзамон чунин нишаст дар факултети молиявию иқтисодӣ бо иштироки намояндаи ВКД дар н.Шоҳмансур Саидзода Р., сармутахассиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Д.Розиқов ва намояндаи шуъбаи тарбияи донишгоҳ Ҷ.Нозилшоев доир гардид. Нишаст бо суханронии декани факултет, профессор Ф. Обидов ифтитоҳ ёфт. Дар нишаст аз ҷониби меҳмонон роҷеъ ба масъалаҳои фаъол намудани донишҷўён дар раъйпурсии умумихалқӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва коррупсионӣ маърўзаҳо қироат намуда, вобаста ба мавзўъҳои мазкур табодули афкор сурат гирифт. 

Ёдовар мешавем, ки чунин нишаст дар факултети биология бо иштироки сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Маҳмадиев ва намояндагони Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия Акбарзода Н., Ҳабибуллозода И. баргузор гардид. Дар нишаст ҳайати устодону донишҷўёни факултет иштирок намуда, доир ба мавзўъҳои зикршуда андешаҳои ҷолиб баён намуданд.  

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj