Тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ ё сухане чанд дар атрофи Паём

Тарбияи наврасону ҷавонон дар давраи ҷаҳонишавӣ ва бозиҳои сиёсии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии системаи маорифи кишвари мо низ ба ҳисоб меравад. Зеро онҳо қишри ҳассосу осебпазири ҷомеа мебошанд. Дар замони имрўз рушду нумў ёфтани технологияҳои навтарин, аз ҷумла Шабакаи байналхалқии интернет маълумоту информатсияҳои хеле зиёдро барои ҳамагон, аз ҷумла наврасону ҷавонон дастрас намудааст. Баъзан ин маълумотҳои гуногунро онҳо аз интернет истифода намуда, дар баъзе ҳолатҳо онҳоро бо ақидаву фикрҳои нодуруст, зўровариву ҷанг ва ѓайра ошно месозад.
Мехоҳем диққати наврасону ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ дар дарсҳои тарбиявӣ ҷалб намоем. Ба фикри мо омўзгор бояд дар дарсҳои тарбиявӣ оид ба таърихи гузаштаву на он қадар дури кишварамон мисолҳои мушаххас оварда, онҳоро бо дастовардҳои имрўзаи даврони соҳибистиқлолии кишвар муқоиса намояд. Пеш аз ҳама, бояд диққати хонандагону донишҷўёнро ба камбудиву норасоии даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки мутаассифона солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба амал омаданд, шинос намояд. Бояд фаҳмонем, ки дар давраи аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари мо ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардид. Пояҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Илова бар ин, таъкид бояд дошт, ки имрўз давлатҳоеро мисол метавон овард (аз ҷумла Афѓонистон, Ироқ, Сурия, Эфиопия, Ҷумҳурии Африкаи Марказӣ ва ѓ.), ки тўли якчанд солҳо (ҳатто даҳсолаҳо) мардумони ин кишварҳо дар ҷангу ҷидол қарор дошта, то ба имрўз наметавонанд, ки вазъи баамаломадаро ба эътидол оваранд. 
Хушбахтона, ба сари миллати мо бахт хандид. Дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шўрои Олӣ интихоб гардиданд. Аз рўзҳои авввали кории худ мақсад гузоштанд, ки миллатро сарҷамъ намуда, гурезагонро ба ватан бармегардонанд. Дар муддати хеле кўтоҳи таърихӣ ў миллатро ба ҳам оварда, 27 июни соли 1997 Ваҳдати миллиро барқарор намуданд. 
Сипас барои рушд додани соҳаҳои асосии иқтисодӣ қадамҳои устуворро гузоштанд. Вобаста ба ин масъала, Ҳукумати мамлакат се ҳадафи стратегиро рўйи кор гирифт, ки аз бахшҳои зерин иборат мебошанд. Якум, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар. Чи тавре ҳамагон огоҳ ҳастанд, дар он даврон омаду рафт аз самтҳои вилояти Суѓду Хатлон ва Бадахшон дар фасли зимистон бо аѓбаҳои Анзобу Шаҳристон, Чормаѓзаку Шаршар, Хобуробот ба маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе хатари ҷиддӣ дошта, монеаҳои зиёдро пеш меовард. Омаду рафт бо азобҳои зиёд амалӣ гардида, вақти тўлониро низ дар бар мегирифт. Хушбахтона, имрўзҳо дар чор фасли сол мо метавонем бемамоният ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намоем, яъне кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ ёфт.
Дуюм, масъалае, ки Пешвои миллат ҳамчун ҳадафи стратегии кишвар пешниҳод намуданд, ин ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ буд. Ин самт дар кишвари мо яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 527 миллиард киловатт соат баробар мебошад, ки дар ҳоли ҳозир қариб 4%-и он истифода мегардаду халос. Дар сурате ки мо аз се як ҳиссаи иқтидори гидроэнергетикии кишварамонро истифода кунем, метавонем кишварҳои минтақаро пурра бо неруи гидроэнергетикӣ таъмин намоем. Бояд қайд намоем, ки имрўзҳо бисёре аз давлатҳои ҳамсоя барои истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқии ҳароратӣ аз маҳсулотҳои нафт ва ангишт истифода мебаранд ва ҳангоми сўзонидани ин мавод газҳои гуногун ҷудо шуда, боиси ба атмосфера хориҷ шудани гази карбон ва дигар моддаҳои зараровар низ мегардад. Дар умум ба табиат зарари зиёд расонида, боиси об шудани қариб ҳазор пиряхи хурду миёна ва то 30% кам шудани ҳаҷми онҳо низ гардидааст.
Хушбахтона, ба кор шурўъ кардани агрегати аввали НБО-и Роѓун имкон фароҳам овард, ки кишвари мо Истиқлолияти энергетикиро пурра ба даст оварда, барои сохтани корхонаву иқтидорҳои истеҳсолии саноатӣ шароит фароҳам орад. 
Сеюм, ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат ин таъминоти мардум бо озуқаворӣ мебошад. Вобаста ба ин масъала низ бисёр корҳо амалӣ гардида, самаранокии истифодаи заминҳо ва дар як сол ду маротиба ҳосил гирифтан амалӣ шуда истодааст. Дар чанд соли охир қариб 100 ҳазор гектар боѓу токзори нав ва интенсивӣ ташкил карда шуда, ба таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намудааст.  Аз Паёми навбатӣ бармеояд, ки «дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуд». 
Тайи солҳои охир Пешвои миллат, дар Паёму суханрониҳои худ як ҳадафи дигарро пешниҳод менамоянд, ки ин ҳам бошад, аз давлати аграрӣ ба давлати индустриалӣ табдил додани кишвар мебошад. Тавре аз Паёми навбатӣ бармеояд: «дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 15.2 то 17.3 % афзоиш ёфтааст». Яъне, Пешвои миллат ҳадафи чоруми стратегии миллии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишварро эълон намуданд. 
Дар умум, Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат барои рушду нумўи кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум корҳои зиёдро амалӣ карда истодаанд. Мо – омўзгорону устодонро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ ба толибилмону донишҷўён ҳамаи ин пешрафт ва гул-гулшукуфии кишварамонро дуруст фаҳмонида, дар онҳо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдориро бедор намоем. Онҳоро дар рўҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, ташвиқ намоем, ки ҳар нафари мо барои рушд додани соҳаҳои гуногуни кишвар саҳмгузор бошем.
 
Фотеҳ Файзиев, 
дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи ДМТ
Райҳона Файзиева,  
муаллимаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Панҷакент

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj