Таронаи Ватан

... Аз сафар бармегаштам. Аз сафари дуру дароз, пас аз заҳмату меҳнати фаровон.
Онҳое, ки бо ҳавопаймо бисёр сафар кардаанд, хуб медонанд, ки вақт дар роҳ, махсусан, дар ҳавопаймо чӣ қадр дер мегузарад. Як соат ба як рўз баробар асту даҳ соат ба даҳ рўз. Ва садҳо андеша чарх мезанад гирди сар. 
Беихтиёр ба фикри Ватан ғутта задам. Хостам Ватанро биситоям. Ҳамаи навиштаҳои шоирони намоёну ноаёни муосирро варақгардон кардаму хондам, аммо чизе табъи дилам наёфтам. Ба гумонам, ҳамаи онҳо аз 20-25 калимаву мафҳуми меҳварӣ таркиб ёфта буданду маҳсули мусобиқаи ноаёне буданд дар суханпардозиву қофиябозӣ ва шиорсозӣ. Ситоише беҳтар аз ин як мисраъ пайдо накардам, ки кайҳо пеш гуфта шудааст: 
“Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар”. 
Каме мутаассиф шудаму пинак рафтам. Чун боз ба худ омадам, хостам Ватанро бисароям. Ҳама сурудҳои ҳунармандони муосири машҳуру номашҳур ва марду занро дар васфи Ватан гўш кардам. Гўш мекардам, аммо оҳанги Марселезаву Марши ҳуррияти устод Айнӣ атрофи сарам танинандоз мешуд. Оҳангҳо ба назарам сохта менамуд, дар сурудан гоҳе ҳиљои кўтоҳ кашида мешуду ҳиљои дароз кўтоҳ. Ин ҳам мисли мусобиқаи ноаён ба назар расид дар оҳангбофиву овозбарорӣ. Боз чизе гуворотару гўшнавозтар аз ин суруде пайдо накардам, ки як байтакаш чунин аст: 
“Ватан, дар ҳар куљо омад ба сар форам ҳавои ту, 
Ман аз он сўйи уқёнус бишнидам садои ту...”
Боз худамро нороҳат ҳис кардам. Аммо илоље ба љуз сабр надоштам, то ба манзил бирасам...
Ба ҳавлӣ даромадаму Модарро дидам, ки дар зери дарахт нишаста захми сўзан мезад. Садо додам: 
–  Ассалом, буваљон! (на “модарљон”, ки менависанду менависонанд, мехонанду мехононанд...). 
Ва дар ҳамин як лаҳзае, ки ба соатҳо баробар шуд, эҳсос кардам, ки ин ду калимаяки содаву самимӣ ситоише буд дар васфи Ватан!
–  Мурам туба, балот занад, омадӣ?
Ин љавоби Модар буд бар саломи ман. Ва боз ҳам ба хубӣ ҳис кардам, ки ин беҳтарин суруде буд дар васфи Ватан! Ончунон самимӣ, ончунон табиӣ!
Модар маро ба оғўш гирифту ман Модарро. Модар фарзанди худро дар бағал кашиду ман гўё Ватанро оғўш кардам!
Шабонгаҳ, вақте ҳанўз бўйи Модар бар машом  буду суруди Ў дар гўшонам садо медод, ғарқи андеша шудам:
“Калон шудам. Одаму оламро дидам. Ақлам даромад. Дастонам корсоз шуданду пойҳоям пару бол. Аммо то он љо, ки чунин шавам, Модар ҳамаро ба ман бахшид. Чи метавон кард бар ивазаш?”
Аз миёни садҳо љавоби беҳисоб, ки дар байнашон љумлаҳои сохтаву бофтаи рангин низ буданд, ин як љавоберо барои худ пазируфтам: 
“Меҳнат мекунам. Заҳмат мекашам. Ҳар куљо ва дар ҳар вазифа, ки бошам, нони ҳалол пайдо мекунам.” 
Ва ҳоло, ки бо ёрии айнаку давоҳо даст рўйи коғаз мебараму китобу мақола менависам ва ё ба шогирдонам сухан мегўям, ҳис мекунам, ки дар ҳар вожаи сода низ ситоиши Ватан ниҳон аст. Ҳар шом, ки сари дастурхон менишинаму нони ҳалолро бо пайвандонам нўши љон мекунам, оҳанги хўрдану нўшидан чун суруде дар васфи Ватан ба гўш мерасад... 
Ватанро ба ҳақиқат бояд дўст дошт, на ба шиорсозиву суханпардозиву қофиябозӣ ва маддоҳии хушку холӣ! То ки зинда бошад ин Ватан то љовидон, Тољикистони озоду ободамон!
Азим Байзоев  

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj