Тарҷумаи осори Саъдӣ дар тадқиқоти донишмандони Олмон

Осори бузургони адабиёти форсу тоҷик Фирдавсию Хайём ва Саъдию Ҳофиз дар кишварҳои Аврупо дар давраҳои мухталиф истиқболу интишор ёфтааст. Масалан, Саъдиро, пеш аз ҳама, франсавииён пазируфтаанд. Асрори ашъори муъҷизаосои Ҳофизро бошад, бори нахуст олмониҳо пай бурдаанд. Ё худ дари рубоиёти Хайёмро ба рўи  ҳар солимфикри аврупоӣ англисҳо боз кардаанд.
Сайри таърихии тарҷумаҳои осори Саъдӣ ба забони олмонӣ чунин аст. Бори нахуст «Гулистон»-ро олими франсавӣ Андре де Рие тарҷума кардааст, ки он соли 1634 дар Париж нашр шуд. Тарҷумаи Андре де Рие бо рўҳи адабиёти давр (ҷараёни  классисистӣ) мувофиқ кунонида шуда буд. Ҳарчанд, тарҷума аз норасоиҳои ҷиддӣ холӣ набуд, вале он боиси шуҳрати Саъдӣ дар Аврупо гардид. 
Соли 1651 олими  франсавӣ Сеси «Гулистон»-ро бо забони франсавӣ тарҷума намуд. «Тарҷумаи Сеси дар Епропа машҳур гардид. Олими олмонӣ Жана Фредерика Оксенбах соли 1636 «Гулистон»-и Саъди Шерозиро ба забони олмонӣ тарҷума намуд. 
Соли 1654 олими дигари олмонӣ Олиерус «Гулистон»-ро бо забони олмонӣ тарҷума намуд. Баъд аз якчанд бори ислоҳотдарорӣ дар тарҷумаи Олиерус соли 1660 китоб дар Шлезвиге ба чоп баромад. Тарҷумаи Олиерус  аввал ба забони лотинӣ ва баъд ба забони олмонӣ ба амал омада буд. Дар тарҷума кардани китоби  «Гулистон»-и Саъди Шерозӣ Олиерусро олими форс Хакбердӣ, ки дар хонаи ў мезист, ёрӣ расондааст. 
 «Бустон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ дар Олмон замоне шуҳратёр гашт, ки дар адабиёти садаи XVIII олмонӣ бонуфузтарин ҷараёни адабӣ-классисизм ҳукмфармо буд. Ин методи адабӣ мансуби олмониён набуда, балки дар охирҳои асри XVI дар ватани Эҳёи аврупоӣ-Италия бунёд ёфтааст ва нахустин касе, ки бо услуби классисизм асар эҷод кардааст, драматурги итолиёӣ Триссино мебошад. Олимон изҳори ақида кардаанд, ки ин асари Триссино «Софо-низба» нахустин песаест, ки дар Аврупо ба давраи классисизм ибтидо гузоштааст. Аммо классисизми ягон кишвари дигари аврупоӣ чун классисизми франсавӣ ба дараҷаи олии тараққӣ  нарасида ва шоҳасарҳои беназир надодааст.
Маълум аст, ки забони Саъдӣ, махсусан дар «Гулистон»-и ў шево ва тарзи баёнаш ниҳоят равшан аст. Илова бар ин кўтоҳбаёнӣ услуби баргузидаи ўст. Суханҳои инсонпарваронаи шоир қимати ѓоявии асари ўро бисёр баланд бардоштаанд. Ҳамин фазилати асари Саъдӣ шоири олмониро водор кардааст, ки дар ҳар ҳолат муаллифи онро чун устоди бузурги ахлоқ нишон диҳад. 
Хулоса, Саъдии Шерозӣ дар тўли қариб се қарн адиби дўстдоштаи олмониён будааст. Мардуми мутамаддину соҳибзавқи олмонӣ аз «Гулистон»-и ҳамешабаҳори устоди адаби¬ёти классикии форсу тоҷик баҳраҳо гирифтаанд. Ҳикоятҳои ин асар ба бештари адибони олмонӣ илҳом бахшида онҳоро ба офаридани асарҳои ахлоқӣ сафарбар намудаанд.
Ҷовидон Маҳмадов,
устоди факултети забонҳои Осиё  ва Аврупо 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj