Татбиқи Паём дар самти фарматсия

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Бад-он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-юми декабри соли 2016 ироа гардид, тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқи мамалакатро дар бар мегирад. Дар ин ҳуҷҷати басо муҳимму саривақтӣ, созандаву бунёдгар фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, асосан дар даврони истиқлолият, мавриди арзёбӣ қарор гирифта, роҳҳои таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат баён гардидааст. 

Маълум аст, ки ояндаи дурахшони ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, ба солимии ҷисмию рўҳии ў пайваста мебошад. Аз ин рў, дар сиёсати иҷтимоии ҳар як ҷамъият соҳаи тандурустӣ мавқеи муҳимро соҳиб мебошад. Ифодаи пурмуҳтавои Пешвои миллат дар Паёми имсола: «Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад», асоси консептуалии соҳаи тиб ба шумор меравад. 

Соҳаи тиб  ин тозагӣ ва тандурустии бадан аз амроз фаҳмида шуда, бештар аз ҳама тавассути истифодаи доруву дармон барқарор нигоҳ дошта мешавад. Маҳз ба дору ва технологияи ба даст овардани он як шохаи мустақили тандурустӣ – соҳаи фарматсия, ки аз маҷмуи илмҳои тахассусии фарматсевтӣ-технологияи шаклҳои дору, кимиёи фарматсевтӣ, фармакогнозия, идора ва иқтисоди фарматсия   иборат мебошад, сару кор дорад. 

Соҳаи фарматсияи пешқадам барои ҳар як мамлакати муттарақӣ ҳамчун комёбии миллӣ арзёбӣ мегардад. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол доштани чунин як соҳаи аҳамиятнок, ки пешрафта, мустақил ва ба талаботи иҷтимоии мардум ҷавобгў бошад, як шарти зарурист. Маҳз фарматсияи миллӣ метавонад амнияти тандурустии мардумро таъмин намуда, шаъну шараф ва эътибори миллат бошад. Махсусан, барои миллате, ки ин соҳаи пуршараф як пешаи ниёӣ ва мардумии ў буда, ба ибораи шоир «то ҳафтод пушташ бўйи Сино мекунад», доштани фарматсияи миллӣ яке аз масъалаҳои асосии идеологияи миллӣ ба ҳисоб меравад. 

Боиси хурсандист, ки дар Паёми имсола ду нуктаи хеле муҳимму аҳамиятноки иҷтимоӣ, ки бевосита ба масъалаҳои соҳавии фарматсия тааллуқ доранд: 

- «бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, барои назорати қатъии сифати маводи доруворӣ»;

- «доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим», мавриди назари Сарвари давлат қарор гирифта буд. 

Масъалаҳои мазкур на танҳо аҳамияти иҷтимоӣ, балки хусусияти иқтисодӣ ва стратегии давлатӣ дошта, иҷрои онҳо барои татбиқи  истиқлолияти воқеии мамлакат заминаҳои устувор фароҳам меорад.  Таҷрибаи 25 соли истиқлол  нишон медиҳад, ки бе доштани соҳаи фарматсияи фаъол: низоми идоракунии гардиши маводи доруворӣ, назорати қатъии сифати маводи доруворӣ, дорухонаҳои истеҳсолӣ, коркарди  захираҳои табиии доруворӣ, саноати пешрафтаи фарматсевтӣ бо ашёи ватанӣ  қонеъ кардани ниёзи иҷтимоии мардум дар соҳаи тандурустӣ мушкил аст.  Ба ҳеҷ кас пўшида нест, ки бештар аз 90% талаботи рўзмарраи мардум ба маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар таъмин мегардад. Ин масъала на танҳо ҷанбаи манфии иқтисодӣ дорад, балки дигар масъалаҳои мубраму печида, ба монанди қочоқи маводи доруворӣ, масъалаи доруҳои бесифату қалбакӣ, маводи доруворие, ки пурра муайян кардани таркибашон дар ҷумҳурӣ ѓайримкон аст (агентҳои трансгению  мутагенӣ ва имуногенӣ, зардобаю воксинаҳо) ва бисёр дигареро ба миён меорад. Барои бартараф кардани чунин вазъият лозим аст, ки назорати қатъии сифати маводи дорувории ба ҷумҳурӣ воридшаванда бо усулҳо ва дастгоҳҳои навтарини ташхисию озмоишӣ  ба роҳ монда шавад. 

Махсусан, мавқеи назорати қатъии сифати маводи доруворӣ як марҳилаи  хоссаи гардиши он ба шумор меравад. Барои дар сатҳи зарурию ҳозиразамон ба ҷо овардани озмоиш ва ташхиси маводи доруворӣ, ҳангоми омодасозии мутахассиси фарматсевт-таҳлилӣ, васеъ намудани барномаи таълимӣ ва пойгоҳҳои амалии фанҳои тахассусии кимиёи таҳлилӣ, кимиёи фарматсевтӣ, кимиёи заҳршиносӣ  аҳамияти махсус дорад.

Масъалаи дигаре,  ки  аҳамияти бузурги фавқулодаи на танҳо соҳавӣ, балки  умумимиллӣ дорад,  бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати фарматсевтӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба ҳисоб меравад. Бе шак, вақте муҳтавои мафҳуми дорусозӣ сохтани дору бошад, пас, ногузир таваҷҷуҳи асосӣ дар соҳаи фарматсевтӣ ба сохтан, тайёр кардан, ба даст овардан, яъне истеҳсоли маводи доруворӣ майлон мекунад.  Барои ин, пеш аз ҳама, ривоҷу равнақи истеҳсоли саноатии маводи доруворӣ ба миён меояд. Бештар аз 95% истеҳсоли  маводи доруворӣ  дар замони имрўза бо усули  саноатӣ ба даст оварда мешавад. Ҳатто барои бисёре аз давлатҳо,  ба монанди  Лаҳистону Ҳиндустон, Олмону Исроил ва ѓ. имрўз саноати пешқадами  фарматсевтӣ нишонаи муаррификунандаи комёбиҳои миллии онҳо ба шумор меравад. Пас, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ривоҷу равнақи саноати фарматсевтӣ  як амри воқеист. 

Мутаассифона, давоми 70 соли даврони шуравӣ таваҷҷуҳи хоҷагии халқ, асосан, ба соҳаи кишоварзӣ нигаронида шуда буд.  Дар соҳаи саноати фарматсевтӣ танҳо як фабрикаи маводи дорувории ҷолинусӣ ва якчанд дорухонаҳои истеҳсолӣ фаъолият мекард, ки бо пошхўрии низоми шўравӣ  натавонистанд як замина ва анъанаи соҳавӣ аз худ боқӣ гузоранд.  Дар баробари ин, норасоии мутахассисон, камбуди дастгоҳҳои замонавӣ, номутаносибии иқтисодии истеҳсоли саноатии маводи дорувории ватанӣ ва дигар масъалаҳои мубрам боис гаштаанд, ки имрўз саноати дорусозии мамлакат вазъи беҳтареро тақозо кунад. Ҳарчанд, дар ҷумҳурӣ якчанд ширкатҳои хусусии саноатии фарматсевтӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, барои рушди мустақими соҳа ҳанўз ҳам масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд. Яке аз чунин масъалаҳое, ки хусусияти бунёдӣ дорад, тавассути муассисаҳои таълимии соҳавӣ эҷод кардани фазои тахассусӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу болаёқати ватанӣ ба шумор меравад. Қадамҳои аввалине, ки ба ин мақсад тай карда мешаванд, ташкил намудани таълими фанҳои тахассусӣ мувофиқи барномаҳои пешқадам,  таҳияи адабиёти соҳавӣ ва пойгоҳи истилоҳоти тахассусӣ ба забони тоҷикӣ, ташкил намудани ихтисосҳои нав, тавсеа бахшидани барномаҳои фанҳои тахассусие, ки ба ҳадаф мувофиқ мебошанд, муҷаҳҳазонидани пойгоҳҳои таҷрибавию озмоишӣ бо таҷҳизоти навтарин, ташкил намудани марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва шўрои соҳавии дифоъ, тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба марказу макотиби соҳавии мамолики пешқадам, ташкил намудани интишороту моҳвораҳои тахассусӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳангу маърифати мутахассиси фарматсевт ба шумор меравад. Фарҳанги фарматсевтӣ як рукни фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.

Боиси қаноатмандист, ки  факултети фарматсевтӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳарчанд 8 сол пеш таъсис ёфта бошад ҳам, дар пешбурди масъалаҳои муҳимми  соҳавӣ саҳми сазовор гузошта истодааст. Бино ва синфхонаҳои мусоид, мутахассисони варзида ва барномаҳои фарогир дар факултет барои рушди соҳа ва баланд бардоштани маърифати соҳавӣ имконияти бештареро таъмин менамояд. Ҳайати устодону омўзгорони  факултети фарматсевтии ДМТ бо ҳамаи кормандон дар ҳамоҳангӣ бо талаботи вазъу замон ва ҳалли масъалаҳои умдаи соҳавӣ ҳамарўза саъю кўшиш ба он медиҳанд, ки сифати таълим боло бурда шуда, мутахассисони ҷавобгўи бозори меҳнат  ба камол расонида шаванд.  

Дар партави Паёми имсола ҳайати устодон ва омўзгорони факултет бо дастгирии раёсати донишгоҳ якчанд чорабиниҳо ва иқдомоти муназамеро роҳандозӣ намуда истодаанд, ки барои ташкил намудани як низоми мукаммали соҳавӣ ва иҷрои  супоришоти Пешвои миллат метавонад бевосита қадамҳои устуворе бошанд. Яъне, татбиқи Паём аз донишгоҳ, аз маҳзари нуру зиё ва созандаи ҳар як кору пеша - мутахассис оѓоз мегардад. 

Махсусан, дар партави суханрониҳои Сарвари давлат дар факултет се ташаббуси хоса роҳандозӣ гашта истодааст, ки сазовори эътибор ва умедворкунанда мебошанд: 

- сараввал, бо мақсади такмил додан ва боло бурдани  потенсиали тахассусии мутахассисони ватанӣ ташкил ёфтани Шўрои дифоъ аз рўйи ихтисосҳои соҳавии фарматсия дар факултети фарматсевтии ДМТ як иқдоми хеле саривақтӣ ва зарурист. Набудани мутахассисони баландихтисоси ватанӣ, ки асосан бо сабабҳои набудани чунин шўроҳои тахассусӣ дар ҷумҳурӣ ба миён омадааст, бо ташкил ёфтани ин шўро метавонад то андозае  роҳи ҳалли худро ёбад;

- ташаббуси дуюме, ки дар факултети фарматсевтӣ роҳандозӣ мегардад, дар пойгоҳи кафедраҳои тахассусӣ ташкил ёфтани ихтисоси нав – «фарматсияи саноатӣ» мебошад, ки маҳз барои иҷрои супоришоти Сарвари давлат дар Паёми имсола: «доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим» заминаҳои бунёдиро фароҳам меорад. Дар баробари ихтисоси умумии «фарматсевт», мутахассиси  «фарматсевт-саноатчӣ» бевосита барои истеҳсолоти саноатии фарматсевтӣ тайёр мегардад, ки бо донишу малакаи васеи фармако-технологӣ метавонад дар дилхоҳ риштаи истеҳсоли маводи доруворӣ фаъолият намояд. Ин ихтисос метавонад мояи ҷалб ва ифтихори мутахассисони оянда гардад;

- ташаббуси дигаре, ки ба мақсади рушди муваффақи саноати фарматсевтии ватанӣ нигаронида шудааст, зиёд намудани соатҳои барномавии фанни зербиноии «Раванду таҷҳизоти технологияи дорусозӣ» ва васеъ намудани аудиторияи таълимии ин фан дар курсҳои 1 ва 2 – и ихтисоси фарматсевтӣ мебошад, ки ин бевосита дар ташаккули тафаккури  тахассусии соҳибкасби оянда нақши босазо мегузорад.

Халифаев Пайрав, 

устоди  кафедраи технология ва биотехнологияи фарматсевтӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj