Тафаккури миллӣ ва нақши он дар рушди ҷомеа

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа буда, барои шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳнамои рушду пешрафт мебошад. Маълум аст, ки ҳар як ҷомеа бо такя ба неруи ақлонии худ ва инкишофи тафаккури миллии шаҳрвандонаш рушд мекунад, ки ин нуктаро Президенти кишвар дар Паёми худ махсус таъкид намуданд.

Бисту панҷ сол инҷониб моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлату Ҳукумати Тоҷикистонро таблиғу ташвиқи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадафи асосии он худшиносу худогоҳ, ватанхоҳу  миллатпарвар намудани шаҳрвандони кишвар аст. Дар ин росто, ба вижа инкишофи тафаккури миллии ҷавонону наврасон хеле муҳим аст, зеро ба таъкиди Президенти мамлакат аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. 

Ба андешаи мо, тафаккури миллии шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавононро дар панҷ самти ба ҳамдигар алоқаманди ҳувиятсоз бояд рушду инкишоф дод:  

1. Ҳувияти сиёсӣ - ватандорӣ ин ифтихор аз давлати миллии муосир бо ҳама хосияту рамзҳояш, ифтихор аз Пешвои миллат ба ҳайси поягузори давлати миллии тоҷикон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи ин абармард мо имкони шакл додани ҳувият ва тафаккури тоҷикиро пайдо намудем. Ба ин самт, ҳамчунин, ифтихор аз Истиқлоли кишвар, Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ, сулҳу оромиш ва омодагӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ дохил мешаванд.

2. Ҳувияти ориёӣ ё нажодӣ - шинохти нажоди худ, ифтихор аз асли ориёӣ. Чунончи маълум аст, қавму миллатҳои рўйи замин ба нажодҳои гуногун мутааллиқ ҳастанд ва аз асли нажодии хеш ифтихор мекунанд. Миллати сарбаланди мо ба нажоди ориёӣ мутааллиқ буда, ҳар як фарди худогоҳи тоҷик асли ориёии худро бояд бишносад ва аз он ифтихор намояд. Маҳз ба ҳамин хотир, соли 2006 бо ташаббуси Пешвои миллат Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардида буд, ки ба шакл гирифтани  худшиносии ориёии тоҷикон такони ҷиддӣ дод. 

3. Ҳувияти таърихӣ - шинохти таърихи пурпечутоби миллату давлати тоҷикро аз замонҳои қадим то давраи ҳозира дар бар мегирад. Хотираи таърихӣ, ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, омўзиши амиқи таърихи миллат, ифтихор аз шахсиятҳои мондагори он, мисли Исмоили Сомонӣ, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ ва дигарон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ буда, дар маҷмўъ, баёнгари ифтихор аз таърихи давлатдории миллӣ мебошад. 

4. Ҳувияти фарҳангӣ - ифтихор аз фарҳангу тамаддуни  моддиву маънавии миллӣ, забон, адабиёт, адибону олимони бузурги классик ва муосир, мисли Рўдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода.  Ҳифзи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ,  пеш аз ҳама, асолати забони модарӣ, таҳкиму тақвияти амалкарди забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатии кишвар, инчунин, ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон, Шашмақом ва Фалак.

5. Ҳувияти динӣ - мазҳабӣ - шинохти исломи суннатӣ тибқи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам, ифтихор аз мусулмони ҳанафимазҳаб будан. Ҳифзи мазҳаби анъанавии ҳанафӣ аз ҳар гуна олоишҳои берунӣ,  муборизаи беамон бо мафкураҳои динии ифротгароёна ва бегонапарвар. 

Чунончи тазаккур додем, панҷ самти мазкур ба ҳамдигар зич алоқаманд буда, яке дигареро такмил дода, дар маҷмўъ, тафаккури миллии устувори тоҷикиро ташаккул медиҳанд.  Агар дар таблиғу ташвиқ ва тарбияи рўҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ваҳдати дохилии панҷ самти мазкур дар мадди назар гирифта шавад,  тафаккури миллӣ қадам ба қадам хислати ҳамагонӣ касб намуда, рушду инкишоф  хоҳад ёфт. 

Тавре дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат таъкид шудааст: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Бо назардошти ин таъкиди мубраму воқеӣ ва ба хотири он ки аҳамияти тарбияи худшиносии миллии ҷавонон, инкишофи тафаккури миллии ин қишри ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавии набарди мафкураҳо рўз ба рўз меафзояд, Пешвои миллат дар Паёми худ соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд. Аз ин хотир, ҳам ҷавонон ва ҳам қишрҳои дигари ҷомеаи мо бояд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ оид ба ҳисси баланд ва ифтихори миллӣ сармашқи фаъолияту таҳсилоти хеш қарор дода, тафаккури миллии худро беш аз пеш рушду инкишоф бидиҳанд, зеро онро манфиатҳои миллату давлати тоҷикон тақозо менамояд.

Масрури АБДУЛЛОҲ,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj