Ташаббуси дигари созанда

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касб намудани истиқлолияти давлатӣ дучори ҷанги таҳмилӣ гашт ва чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки рўзи 22-юми декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву хисороти он солҳо заҳмати шабонарўзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерў ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.

Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд».  

Вале бо ин ҳама мушкилот ва сарфи назар аз нишебу фарозҳои зиёд мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳнамоиҳову иршодҳои Пешвои худ якдилона пайи ободнамоиву тармим гаштанд ва бори дигар барои ҷаҳониён эълон доштанд, ки воқеан, тоҷикон мардуми сулҳдўсту созандаанд ва алораѓми ҳама бадхоҳону кинатўзон иттиҳоду якдилии худро аз даст надодаанд. Маҳз «ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар» Тоҷикистон дар як муддати кўтоҳ ба кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, бо иттифоқи оро пазиро шудани 4 пешниҳоди Пешвои миллат  дар робита ба об дар арсаи байналмилалӣ:  1-уми октябри соли 1999 «Соли оби тоза»; 23-юми декабри соли 2003 «Об барои ҳаёт»;  20-уми декабри соли 2010 «Эълон намудани соли 2013-соли байналмилалии Ҳамкориҳо дар соҳаи об» ва 21-уми декабри соли 2016 "Даҳсолаи нави амал. Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид таъйидкунандаи гуфтори боло буда, бори дигар эътирофгари созандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. 

Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, таваҷҷуҳи  Пешвои миллат ба масоили марбут ба об  паёмовари онанд, ки фардо (ҳатто имрўз дида мешавад) мушкилоти бузургтарини инсон дар маҳз камбуди об инъикос меёбад ва баҳраҷўӣ аз об аз масоили раддаи аввали ихтилофзо дар байни кишварҳои болообу поёноб табдил мегардад. Аз ин рў, имрўз ҳар лаҳзаро бояд ѓанимат шумурда, бо роҳи тарҳсозии қарордодҳои нав, мувофиқати механизмҳои  ба ҳамдигар муфид ва аз ҳама муҳим иродаи некхоҳонаи кишварҳоро эҷод намуда, мушкилоти истифодаи обро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин кард ва садди роҳи бурузи ихтилофоти нави байналмилаливу минтақавӣ гардид.

 

Раҳмон Дилшод Сафар, 

декани факултети 

ҳуқуқшиносӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj