Таъмини истиқлолияти энергетикӣ

Муаммоҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ-энергетикӣ на танҳо хоси ҷумҳурию минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст, балки ин масъала дар шароити имрўза яке аз муаммоҳои умумиҷаҳонӣ ва глобалӣ мебошад. Тибқи таҳлилҳoи Созмони Милали Муттаҳид имрўз дар олам қариб 300 нуқтаи доғу эҳтимолии бархўрдҳо мавҷуд буда, мардуми қариб 80 давлат бо камбудии оби нўшокӣ мувоҷеҳ ҳастанд.
Об ин ҳаёт аст. Он ҳастии тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Арзишмандии об на кам аз арзишмандии тилло, нуқра ва дигар металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад. Замоне буд, ки инсоният бе онҳо зиндаги доштанд, аммо бидуни об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Ба таъбири дигар, миллионҳо нафар одамон дар дунё бе муҳаббат зиндагӣ доранд, вале бе об як кас ҳам зиндагӣ карда наметавонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги  обию энергетикӣ буда, аз ин ҷиҳат дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Аз 115,6 км3 ҳавзаи Баҳри Арал 64 км3-и он (55,4%) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва айни замон, танҳо 12,52 %, ё ин ки ҳамагӣ 14,58 км3 –и ҳаҷми он барои манфиатҳои кишвар истифода бурда мешавад.
Тоҷикистон аз рўи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣдар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣташаккул меёбанд.
Барои мардуми тоҷик боиси ифтихору сарфарозӣаст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣсаҳму ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣкарда, ўро аз байни роҳбарони193 кишвари аъзои СММ ба “Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об”- и 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд,шомил намуд.Дар баробари Сарвари кишвар роҳбарони кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Ҳоланд, Маҷористон, Мексика, Сингапур, Австралия ва 7 нафари дигар узви “Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об” шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ҷаласаи “Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об” рўзи  29.11.2016 дар давлати Маҷористон баромад намуда, хеле бамаврид кайд карданд: “Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об чораандешӣ накунад, ин тамоюл бемайлон рушд ёфта,  камбудии обро дар ҳама сатҳҳо шиддат мебахшад вадар  соли 2030  зиёда аз  40 фоизи аҳолии ҷаҳон ва то соли 2050 нисфи аҳолии сайёраро фаро хоҳад гирифт”.
Бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣба маблағи умумии10 миллиард сомонӣтатбиқ шуда истодааст.
Ба андешаи мутахассисон сохтмони нерўгоҳҳои обғундор - боз як имконияти калони истифодабарии дубораи обҳои дарёҳоро дорад. Неругоҳҳои обғундор (гидроакумлятсионӣ) рўзона қувваи барқ ҳосил мекунаду шабона бошад, ҳамчун обкашак (нассос) кор мекунанд. Дар ду тарафи дарёҳо ҳазорҳо сойҳо вуҷуд доранд, ки онҳоро бо маблағи камтарин ба обанборҳои табиӣ табдил дода, шабона бо воситаи насосҳо бо об пур карда, рўзона аз ин оби захирашуда истифода бурда, қувваи барқ истеҳсол кардан мумкин аст. Дар НОБ-ҳои обғундор худи параҳои гидроагреат ҳам дар режими обкашак ва ҳам дар режими гидроагрегат кор карданашон мумкин аст. Мо фақат самти даврзании онро дигар карданамон лозим аст.
 Холаҳмади  Маҳмадмурод,
аспиранти кафедраи
умумидонишгоҳииназарияи  иқтисодӣ
РашидФайзов,
 донишҷўи курси 2-юми
факултети баҳисобгирии муҳосибӣ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj