Тақвияти сармояи инсонӣ - нуктаи ҳадафраси Паём

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ  дар баробари ёдрас намудани роҳи тайкардаи халқи Тоҷикистон дар тўли чоряк аср, инчунин, ба озодӣ ва истиқлолият бори дигар арҷ гузошта, падидаҳои мазкурро «дастоварди бузургтарин ва ѓояи муқаддаси миллӣ» номиданд. Чунин арҷгузории Президент ба падидаҳои зикргардида бесабаб нест, зеро ҷомеаи Тоҷикистон маҳз тавассути онҳо ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Илова бар ин, дигар мафҳуми ҷолибе, ки дар Паём садо дод ва ба он бештар истиқлолияти сиёсӣ ва озодии инсон мусоидат намуданд, «аз қаламрави сепорча Тоҷикистонро ба як кишвари воҳид табдил додааст» ба ҳисоб меравад. Аз минтақаҳои сепорча ба кишвари воҳид табдил ёфтани Тоҷикистон ин татбиқи амалии ҳадафҳои олии Ҳукумат ва нақшаи стратегии раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки дар давронӣ истиқлолияти сиёсии кишвар тарҳрезӣ шуда, марҳила ба марҳила татбиқ шуда истодааст. Ҳақ ба ҷониби сиёсатшиноси тоҷик, профессор Муҳаммад Абдураҳмон аст, ки навиштааст: «…истиқлоли том ин ҳолати устувори сохти ҷамъияте мебошад, ки шаҳрвандон ба монеаҳои дохилию хориҷӣ нигоҳ накарда, якпорчагӣ (як кишвари воҳид дар назар аст) ва қобилияти худро барои рушду нумуи кишвар нигоҳ дошта метавонанд». 

Бори аввал инъикос гардидан ва садо додани падидаҳои сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати рушди инсонӣ ва баланд бардоштани ченаки нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ дар Паём аз ҷониби Сардори давлат бесабаб нестанд ва инсон дар ҷомеа нақши арзанда дорад ва қадру манзалат мехоҳад. Инсон ба сифати омилии муҳимми иҷтимоии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун субъекти муҳимми сиёсат қодир аст, ки давлат, ҳизбҳо, ташкилотҳои оммавӣ ва дигар ҳаракатҳои сиёсиро ташаккул ва инкишоф диҳад. Инсон ба гуфтаи мутафаккири Юнон Қадим Протогор на танҳо «ченаки ҳама гуна ашёҳо», балки ба андешаи профессор Муҳаббатов А.М., «ченаки сиёсат» низ буда, маҳз он фаъолияти сиёсии синфҳо, миллатҳо ва ҳизбҳоро ташаккул медиҳад».

 Файласуфи тоҷик, профессор С.Наврўзов масъалаи моҳияти инсонро хеле хуб маънидод карда, навиштааст: «Инсон шакли махсуси вуҷудият, зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда дар рўи Замин, субъекти протсессҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҷодкору қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих ва бунёдгари маданият аст. Инсон падидаи беназиру пурасрори эволютсияи табиӣ ва таърих аст. Ақлу хирад, маҳорати меҳнат кардан, маърифат, мақсаду мақсаднокӣ ва мақсадгузорӣ, ки инсон дар протсесси антропосотсигенез пайдо кардааст, инсонро бештар ба ҷамъиятсозӣ ва худсозии иҷтимоӣ ва мадани водор мекард». Чунин баҳои баланди додашуда дар муайян кардани манзалати инсон арзанда аст ва баҳои воқеӣ барои инсон ба ҳисоб меравад. 

Чи тавре маълум аст, яке аз ѓояҳои воқеан созанда ва пешқадами ҷомеаи имрўзаи мо ин барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад. Татбиқи амалии ин мақсади олӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумат давра ба давра маҳз барои инсон ҳамчун сармояи адонашаванда ва доимо афзуншавандаву идомаёбанда нисбат ба дигар сармояҳои ҷаҳонӣ арзишмандтарину беназир ба ҳисоб меравад.

 Аз ин ҷост, ки ҳанўз соли 2014 Президенти мамлакат дар Паёми худ ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «Мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешавад», хеле хуб садо дода буд. Рушди устувори ҷомеа, махсусан ҷомеае, ки дар раванди рушд қарор гирифтааст, зарурат ба таҳким дорад. Инсон ба сифати таҳким ва тақвиятдиҳанда ҳамчун неруе бояд бошад ва дар ин раванд рушду устувориро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъият таъмин карда тавонад. Илова бар ин, аллакай, инкишофу пешрафти рушди устувори ҷомеаи мо дар таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки минбаъд ҷомеаи мо босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла ҳар як шахс баланд гардида, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам гардад. Омили дигаре, ки дар давоми бист соли охир барои торафт боло рафтани сатҳи зиндагӣ, беҳбудии ҳаёти инсон ва паст рафтани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намудааст, «афзудани музди меҳнат ба 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа ба 85 баробар мебошад» ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин замина «сатҳи камбизоатӣ се баробар кам гардидааст. Дар даврони истиқлолияти сиёсӣ сатҳ ва сифати зиндагии мардум беҳтар гардида, «дарозумрии аҳолӣ то 73, 5 сол боло рафтааст». 

Чунин нишондиҳандаҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки дар сар то сари мамлакат раванди ѓамхорӣ дар бораи инсон ҳамчун татбиқи воқеии мақсадҳои олии давлат ва Ҳукумат ба маҳсуб меёбад. Албатта, мақсадҳои дар назди худ гузошташудаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳи барномаҳои афзалиятноки миёнамуҳлат ва дарозмуддат амалӣ хоҳанд гашт. Ба хусус ноил гаштан ба яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тақвияти сармояи инсонӣ тибқи барномаи миёнамуҳлат то соли 2021 дар амал татбиқ хоҳад гашт. Сармояи инсонӣ бе фароҳам овардани шароити мувофиқ ва заминаи мусоиди сатҳи зиндагӣ ѓайриимкон аст. 

Аз ин лиҳоз, дар бобати тақвияти рушди инсонӣ ҳамчун сармояи тиллоӣ дар Паёми худ Президенти мамлакат иброз доштанд, ки «Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуѓл диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад». 

Диққати махсус додан ба баланд бардоштани сифати рушди инсонӣ аз омилҳои хеле зиёд, аз ҷумла: маориф ва илм, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, муҳити зист ва ѓ. вобастагии ҷиддӣ дорад, ки ин талаботи ҳамарўзаи исон аст. Зеро талаботҳои олии инсон-талаботҳои маънавӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, талабот ба муошират, мубодилаи фикр, ахбор ва ѓайра - бо сохтору умумиятҳои сатҳҳои гуногун алоқаманд будани ўро ифода мекунанд, ба мавҷудияти онҳо сабабгор мешаванд. Чунин талаботҳои инсон маҳз тавассути татбиқи амалии ояндаи фаъолияти давлат ва Ҳукумат вобастагии амиқ дорад. Аз ин лиҳоз, яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин самт равона гардидааст, ки он мувофиқи мақсадҳои стратегии бунёди ҷомеаи инсонӣ мебошад.    

Воқеан, Тоҷикистон ба ҳайси кишвари рушдкунанда на танҳо дар соҳаи иқтисод, саноат ва кишоварзӣ, фарҳангу иҷтимоиёт, балки ба кишвари рушдкунандаи захираи инсонӣ рў ба инкишоф аст. Дар даврони истиқлолияти сиёсӣ аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллиону 300 ҳазор нафар ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар афзоиш ёфта, 1.6 баробар зиёд шудааст. 

Нишондодҳои оморӣ собит месозанд, ки ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷиҳати татбиқи мақсадҳои тактикӣ ва стратегӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида, ба баъзе дастовардҳои назаррас ноил гардад. 

Зикр кардан бамаврид аст, ки заминаи асосии рушду камолоти инсон маҳз дар сатҳи баланд баҳраманд гардидан аз илму дониш ва бо ин васила ширкати амалии он дар бунёди ҷомеаи ормонӣ ба ҳисоб меравад. Имрўзҳо масъалаи маориф ва илм яке аз проблемаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, тақвият бахшидан ба рушди он корҳои зиёдро талаб мекунад ва барои баланд бардоштани сифати рушди инсонӣ ва неруи инсонӣ заминаи муфиди моддию маънавӣ фароҳам меоварад. Ба хусус барои ҷомеае, ки дар он аксари кулли аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз даҳ давлати рушдкунанди ҷаҳон ба ҳисоб рафта, сармояи зеҳнии онро маҳз наврасону ҷавонон ташкил додаанд. Масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия низ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии дохилии давлат мебошад, ки дар маркази диққати Президенти мамлакат қарор дорад.  Феълан, дар мамлакат «39 мактаби олӣ фаъолият намуда, 170 ҳазор донишҷўён дар онҳо таҳсил менамоянд ва зиёда аз 30 ҳазор донишҷўён» берун аз ҳудуди мамлакат дар кишварҳои хориҷӣ ба таҳсили илм фаро гирифташуда, чун сармояи зеҳнӣ дар оянда барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.   

Ба андешаи мо пурзўр намудани назорат дар системаи таълим ва тарбия яке аз роҳҳои решакан кардани коррупсия дар ин система мебошад. Зеро талаба ё донишҷў бо дониши баланди худ дар назди монитор бе кумаку дастгирии шахси дуюм ва сеюм соҳиби холҳои лозимӣ хоҳад шуд. Инчунин, истифодабарии журнали электронӣ донишҷўро дар бораи донишандўзӣ маҷбур менамояд, ки мавқеи худро дар донишгоҳ мустаҳкам намояду таҳсилашро идома диҳад ё он ҷойро тарк намояд. Дар ин раванд нақши устод низ назаррас аст. 

Барои боз ҳам тақвият бахшидан ва баланд бардоштани сифати рушди инсонӣ таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар зарур аст. Аз ин лиҳоз дар Паём қайд карда шуд, ки «Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми миёнамуҳлат ва дарозмуддат имкон медиҳад, ки рушди устувори чомеа таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум давра ба давра беҳтару хубтар карда шавад. 

Ҳамин тариқ, ҷиҳати таъмин гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди устувори ҷомеа: ташкил ва сафарбарнамоии қувваҳои созандаи ҷомеа, меҳнати софдилона барои пешравӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илму техника ва технология, суботи сиёсии ҷомеа, ваҳдат ва ҳифзу ҳимояи истиқлолияти сиёсии мамлакат дар раванди ҷаҳонишавӣ ба роҳ монда шуда, он вазифаи муҳим ва қарзи шаҳрвандии ҳар як соҳибватан ба ҳисоб меравад.     

Н.Н.Шаъбонов, 

мудири кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафа, дотсент     

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj