Таҳкими давлатдории миллӣ дар давраи ваҳдати миллӣ

Истиқлолият аз бузугтарин дастоварди ҳар як миллату давлат аст. Ва ин истиқлолият барои мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба осони насиб гардид. Аммо пас аз чанде давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрванди кашида шуд. Дар чунин фазои мураккаби сиёсӣ дар  таърихи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид ва ба сифати Раиси Шўрои Олии он Эмомалӣ Раҳмон таъин гардид.
Аввалин гомҳое, ки роҳбари давлат бо ниятҳои некаш пеш гирифт ин наҷот додан аз парокандагии кишвар ва муттаҳид намудани миллати тоҷик ва Тоҷикистон буд. Дар воқеъ бо амали содиқонаи хеш «Ман ба Шумо сулҳ  меоварам»-ро таъмин намуд ва кишварро аз нобуди раҳо бахшид.
Ба ҳамагон айён аст, дар даҳҳаи аввали истиқлолият барои давлат ва ҳукумати Тоҷикистон масъалаи асосӣ ин ба эътидол овардани вазъият дар кишвар, баргадонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан, тариқи гуфтушунид ҳал намудани сулҳ миёни қувваҳои мухолифи тоҷик буд.   Воқеан бо кўшишу талошҳои пайвастаи сарвари давлат тули қариб 5 сол  бо гурўҳҳои мухолиф панҷ даври музокирот ва ҳафт мулоқот орост. Дар ин росто метавон мулоқоти дар мавзеи Хосдеҳи Афғонистон бо роҳбари мухолифини тоҷик Саид Абдулои Нурӣ доир гардидаро, ки барои идома бахшидани давраҳои баъдинаи музокироти тоҷикон заминаи хубе дар сулҳи миёни тоҷик фароҳам овард, бахусус қайд намуд.
Ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбари давлат аз рўзҳои нахустини ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирии на танҳо халқи тоҷик ва Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт. «Мардуми Фаронса ҳеҷ гоҳ мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки бо фарҳанги ғанӣ ва бузурги сиёсиву маънавии халқи тоҷик такя мекунад, фаромуш нахоҳад кард» гуфта буд Президенти Фаронса Жак Ширак.
Бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон соли 2003 сиёсати «дарҳои боз»-ро ба роҳ монд ва дар асоси ин сиёсати хориҷии бисёрсамтаро пеш гирифт ва ин сиёсат Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар миқёси байналмилалӣ эътироф намуд.
Сиёсати фаъолу устувори хориҷии Президенти Тоҷикистон Эмомаӣ Раҳмон на танҳо Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣошно намуд, балки барои таҳкими инкишофии иқтисодии кишвар ҷалби сармояи хориҷиро ба миён овард, равобити дуҷониба ва чандҷонибаи  Тоҷикистонро бо кишварҳои дигар густариш бахшид.
Дар айни ҳол Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон зиёда аз 1200 ҳуҷҷатҳои дуҷониба ва чандҷонибаро дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, амният, ҳарбию техникӣ, илм, маориф, фарҳанг соҳаи тандурустӣ ва ғ.ба ба имзо расонидааст.
Имрўз Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият мешиносад ва бо 128 тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд ва аъзои фаъоли 51 созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ буда аз арзишҳо ва манофеъи милли худ дифоъ мекунад.Заминаҳои ҳуқуқии ин робитаҳо мутобиқ бо тақозои замон буда дар чанд санади ҳуқуқӣ, ба монанди «Қонуни ҶТ дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» (1999),«Қонуни ҶТ дар бораи хидмати дипломатӣ» (2014), «Консепсияи сиёсати ҶТ» (2015) ва Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ» (2015) ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин нақши Тоҷикистон дар мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари ҳамҷавори мо Афғонистон, ки намунаи барҷастаи он баргузори Конфронси байналмилалии Река 5 оид ба Афғонистон бо ширкати намояндагонги 75 кишвар ва созмонҳои байналхалқӣ  26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои  обӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди экстремизм, терроризм, маводи мухадир ва дигар пешниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгири пайдо намуданд ва натиҷаи пурмаҳсули онро дар ташаббусҳои бунёдии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сатҳи байналхалқӣ баромад намуд ва аз  ҷаниби Созмони Миллали Муттаҳид дастгирии пурра пайдо намуд, қайд намуд. Ин соли байналмилалии «Оби тоза 2003» «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013», «Даҳсолаи байналмилалии об барои ҳаёт 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки бори дигар аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2016 қабул гардид, мебошанд.
Яке аз хидматҳои содиқонаи ватанпарастона ва муҳими Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ,аз қабилӣ ҷашни 1100 солагии давлати Сомониён, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии шаҳри Кулоб, 3000 солагии Ҳисори Шодмон ва гиромидошти шахсиятҳои илмию фарҳанги тоҷик ба мисли  Абуабдуллои Рудакӣ,Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода  ва дигарон мебошад.
Хидматҳои  бунёдкорани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як муддати кутоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳони табдил ёфт. Мисоли он Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абу Ҳанифа  ва аҳамияти он дар муколамаи тамадунҳо» бо иштироки 50 кишвари дунё соли 2009, ҷашни байналмилалии «Наврўз» бо ширкати роҳбарон ва намояндагони беш аз 35 кишвари ҷаҳон ва 40 созмонҳои минтақавию байналмилалӣ соли 2012, Конфронси байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» 2005-2015 бо ҳузури 1500 нафар аз 100 кишвари олам ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию  минтақавӣ (июни 2015) намунае аз он мебошанд.  
Яке самтҳои дигар ва муҳими фаъолияти давлат ва ҷукумати Тоҷикистон ин таваҷҷуҳ намудан ба насли ҷавони кишвар  мебошад.
Воқеан яке аз масъалаҳои мубрам дар раванди ҷаҳонишавии даҳҳаи охири асри 20 ва аввали  асри 21  масъалаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба ин қишри ҷомеа, ки ояндаи давлат ва миллат аз дарки масъулияти ватандорию хештаншиносӣ, бунёдкорию созандагӣва рушду пешрафти соҳаҳои муҳими давлат низ аз ҷавонони боистеъдоду ташаббускор вобастагӣдорад, бесабаб набуда, сиёсати ғамхоронаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба давлату миллат, аз ҷумла ҷавонон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти (зиёда аз 70%) аҳолиро ташкил медиҳанд, далолат мекунад.
Тавре маълум аст давлати нави Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиклолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву ичтимоӣ ба низоми сифатан нави таърихӣба бисёр мушкилихои сиёсиву ичтимоӣ. иқтисодию фарҳангӣ  дучор гардид. Талафотии иқтисодӣ, пеш аз ҳама маънавӣва ҷонии миллат, бахусус ҷавонони гумроҳ ки ҷони худро қурбони дасиссаҳои гурўҳҳои иғвоангез ва ҷудоихоҳ карда буданд, аз хотирҳо  нахоҳад рафт.
         Хукумати Тоҷикистон новобаста аз он мушкилоти иҷтимоиву иқтисодие, ки таи даргириҳои солҳои 1992-1997 ба сараш омад буд, барои ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ- иҷтимоӣва иқтисодии кишвар чораҳои дахлдор андешид. Дар ин росто ба масъалахои ҷавонон, аз чумла барои боло бардоштани шароити таълиму тарбия, сохиби ихтисос, касбу хунар, забономўзӣва ба чоӣи кор таъмин гардидан, инчунин мавкеи хоса паӣдо намудани ҷавонон дар чомеа таваччухи махсус зохир менамояд. 23 майи соли 1997 макоми ваколатдори соха – Кумитаи кор бо ҷавонони назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки ин яке аз самтҳои асоси сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Тоҷикистин нисбат ба  ҷавонон ҳамчун нерўи созандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи давлат ва миллат дар дар тамоми ҷанбаҳо ҳаёти кишвар мебошад.
         Сиёсати давлатии ҷавонон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар маркази диққати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро  санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ: аз қабилиҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олиитаълимӣ», Қонуни ҶТ «Дарбораи баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва як қатор барномаҳои давлатии ҷавонон, аз ҷумла «Барномаи рушди саломатии ҷавонон», «Барномаи тарбияи ватандўстии ҷавонон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 » ва дигар лоиҳаҳои оид ба таъмини ҷойи кор, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди имкониятҳои иҷтимоӣ ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон  ба тасвиб ва амалӣшуда истодаанд.
         Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, накш ва мавқеи  бевоситаи онҳо дар хаёти ҷомеа меҳвари асосии паёмҳои харсолаи Президенти кишвар ба Мачлиси Олӣ буда, ба ин мавзўъ хамчун аз масъалахои асосии давлатдорӣ ва манбаи мухимтарини имкониятҳои зеҳниву захирахои инсонии кишвар таваччухи хоса дода мешавад.
Дар иртибот бо ин масъала метавон қайд намуд, ки  дар системаи маълумоти олии касбӣто замони истиқлолият дар кишвар ҳамаӣ13 муассисаҳои олии касӣ амал менамуд. Айни замон шумораи он ба 39, иштироки  донишҷўён бошад зиёда аз 170 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин зиёда 30 ҳазор нафар  ҷавонони болаёқати кишвар аз ҳисоби буҷаи давлат дар муассисаҳои олии берун аз кишвар таҳсил намуда истодаанд. Ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў будани сатҳи касбии ҷавонон ва калонсолон роҳбарияти кишвар омўзиши касбҳои гуногун ва бозомўзӣ таи чанд сол аст ба роҳ монда шудаст.
Дар ин замина ҳукумати кишвар баҳри ҳавасмандгардонӣва қадрдони намудани толибилмони мактабҳои ҳамагонӣва олии касбии кишвар  Стипендияи президентӣва номӣ, Стипендияи байналмилалии- Дурахшандагон, Квотаи президентӣ барои духтарон ва писарони ноҳияҳои дурдасти кишвар ба мактабҳои олии касбӣ, Ҷоизаи Исмоили Сомони барои олимони ҷавон ва ғ. татбиқ намуд.
Дар воқеъ Ҳукумати  Тоҷикистон дар масири чоряк асри давлатдории навини хеш таҳти роҳнамоӣ ва роҳбарии бевосита сарвари давлат на танҳо ба сохаи муҳимтарини рушди захираи зеҳниву ақлонӣва маънавӣ- маориф диққати махсус додаааст, балки ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ таваҷҷуҳи хешро зоҳир менамояд ва корҳои назаррас низ дар ин замина анҷом дода шудааст.
Бо итминонони комил метавон қайд намуд, ки халқи тоҷик бо таърихи сиёсии давлатдорӣ, хирад,ва адаби бостонии хеш  таҷриба дорад ва дар сиёсати давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар ЭмомалӣРаҳмон идома ёфта истодаанд. Зеро он шаҳодати рисолати азалие аст, ки Худованди Бузург насиби миллати фарҳангсолори тоҷикон гардонидааст.
Г.Иброимова,
 н.и.т.,
Ф.Саидова,
 н.и.ф.
 
 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj