Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Рӯзи 19-уми март ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар “Шаҳраки донишҷӯён” Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Донишҷӯён либосҳои зебои баҳорӣ ба бар намуда, дар рӯи мизҳо таомҳои миллӣ ва ҳафтшину ҳафтсини наврӯзиро ороста карданд. Ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. устодону донишҷӯёнро ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, ба эшон саодату иқбол ва комёбиҳо таманно намуд.

Сипас меҳмонон, роҳбарони чанде аз сохторҳои дохили донишгоҳ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Т.Раҷабов аз шиору овеза ва дастурхонҳои наврӯзие, ки аз ҷониби факултетҳо омода шуда буданд, дидан намуда, беҳтаринҳоро ҳамчун ғолиб муаррифӣ карданд. Ҳунармандони ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо  барномаи рангини наврӯзӣ, ки аз суруду таронаҳо иборат буд, хотири иштирокдоронро болида сохтанд.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj