Театерфестивали тарбиявӣ

Ҳар сол чун анъана бо ташаббус ва дастгирии Хадамоти Мубодилаи Академии Олмон (ХМAО ((DAAD)) байни омўзандагони забони олмони театерфестивал бо забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Театерфестивали имсола дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашт, ки дар кори он донишҷўён аз Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Точикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ, Донишкадаи давлатии забонҳо ва толибилмон аз мактаби таҳсилоти миёнаи №89 – и пойтахт иштирок доштанд. 

Театерфестивал бо суханони муқаддимавии роҳбари ХМAО (DAAD) хонума Никола Фёрингер ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ Илҳом Муҳаммадиев  оѓоз гардид. Хонума Никола Фёрингер дар баромади худ қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ рушду сайқал додани малакаву маҳорат ва донишу забондонии донишҷўён ба ҳисоб меравад.

 Баъдан донишҷўён барномаҳои омоданамудаи хешро пешкаши тамошобинон намуда, маҳорати забондониашонро нишон доданд. Дар ҷараёни ин чорабинии фарҳангӣ маълум гардид, ки сатҳи забондонии донишҷўён хуб  гаштааст.  

Ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби намояндагони сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ ва ташкилоти ХМАО (DAAD) буд,  ба саҳнаҳои омоданамудаи ҳар як донишгоҳ холҳои муносиб мегузоштанд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар ин фестивал донишҷўёни факултети забонхои Осиё ва Аврупо: Таҳмина Носирова (курси 3), Фарзона Самадова (курси 2), Гулнисо Шарипова (курси 3), Давлатмурод Ҳабибов (курси 3), Абдухолиқ Бердиев (курси 3), Мўсозода Эраҷ (курси 3), Анварзода Фарзона (курси 3), Шаҳло Ашўрова (курси 5), Эҳром Додобоев (курси 5) муаррифӣ  карданд. 

Дар ин театерфестивал аз рўйи баҳогузории ҳакамон ҷойи 3-юм ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон, ҷойи 2-юм ба Донишкадаи давлатии забонҳо ва мақоми аввал ба хонандагони мактаби миёнаи № 89-и пойтахт супорида шуд. Ҳамзамон, ѓолибони театерфестивал бо туҳфаҳои хотиравӣ ва шаҳодатномаҳо қадрдонӣ шуд. 

Қайд кардан бо маврид аст, ки ҳамкорӣ миёни ДМТ ва Хадамоти Мубодилаи Академии Олмон (DAAD) рўз то рўз инкишоф ёфта, донишҷўёни ДМТ мекўшанд, ки фарҳангу забони Олмонро омўзанд. Ҳамин аст, ки ҳар сол донишҷўёни Донишгоҳи миллӣ ба курси забономўзӣ бо бурсияҳои ин ташкилоти  олмонӣ баҳри сайқал додани дониш ба Олмон  фиристонида мешаванд, ки ин худ далели гуфтаҳои зикршуда мебошад. 

Ҷ. Маҳмадов, 

устоди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj