Терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир

Яке аз мушкилиҳое, ки имрўз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтаву зиёда аз сад таъриф барои мушаххас намудани  он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст, терроризм мебошад. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегўяд: терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурўҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад.

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ѓарб омўзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чӣ ба омўзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, дар ҳоле ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм  вуҷуд доштааст, ҳарчанд дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм  ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. 

Хулоса, имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт.

Хайём Раҷабов,

донишҷў

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj