Терроризм ва ҳуқуқи инсон

Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангини зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлат ва қатлу куштор буда саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ  барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд. Дар замони муосир ин падида нангини хунхор аз ҷониби гўруҳҳои гуногун бо истифода аз номҳои исломи  ба монанди «Давлати Исломӣ, Ҷабҳат-а-нусра, Ал-қоида, Толибон»  ҷаҳонро ба ҳарос овардааст. Чунин гурўҳҳои хунин неруи  ҷисмонии худро аз ҳисоби ҷавоннони берун аз таҳсилу илм, тарбияи падару модар ва надоштани таълимоти кофӣ дар бораи дину оини хеш ташкил медиҳад, ки фикри ба осонӣ ба даст овардани пулу моли бе машаққат ва гумони хизмат ба динашонро мекунанд, ба зуди бо ҳар гуна роҳҳо аз қабили ваъдаи маоши хуб ва шароити зиндагии арзанда ва бой шуданро ба онҳо мекунанд, ки фиреби маҳз аст, ба доми онҳо меафтанд. Надоштани иттилои кофӣ дар бораи ҷараёну ҳаракатҳои террористӣ ва орзуву манфиатҳои моддӣ  ҷавононро ба сафи гурўҳҳои хунини террористӣ мебарад. Чунин раванд  дар охири асри  ХХ ва аввали асри ХХI ба авҷи баланди худ расидааст, ки боиси нигаронии мардуми тамоми ҷаҳон гардидааст. Ҳодисаҳои хунхору ваҳшиёнае, ки созмонҳои террористӣ бо ном давлати исломӣ дар паси матоъи сиёҳи бо дарҷи номи Худо ва Паёмбари ислом пинҳон шуда, мақсадҳои берун аз дину оинро дар хоки кишварҳои Сурияву Ироқ, Тунису Яман ва Нигерия анҷом медиҳанд, ки дар баробари талафот ёфтани нафарони зиёди бегуноҳи ин кишварҳо, инчунин, осорхонаҳои муҳимми таърихӣ ва дастовардҳои муҳимми инсонӣ вайрону валангор гардидаанд.

Аз ҷониби чунин созмонҳои террористӣ дар кишварҳои шарқи исломи ба монанди Сурияву Ироқ, Тунису Яман ва Нигерия мардум ба кулбори азобу машаққат, қатлу куштор ва фавти ҳазорҳо ҳазор мардуми оддӣ, ки шумораи зиёди онҳоро кўдакону наврасон ташкил медиҳад, гирифторанд. Чунин амалҳои терористӣ дар давлатҳои номбурда боиси дур мондан аз таҳсили наврасону ҷавонон, бе аҳамият ва беқадр шудани ҳуқуқҳои инсон гаштааст. Беқадриву беаҳамиятӣ ва ҳимоя нашудани ҳуқуқҳои умдаи мардум  дар зери ин кулфати бедодгар онҳоро сарсону саргардон сохтааст. Дар зери зулму ситами чунин созмонҳои террористӣ,  механизмҳои  давлатии ҳимояи ҳуқуқи инсон иҷрои фаъолияти муътадили худро аз даст дода  ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро ба ҷо оварда наметавонад, ки ин сабаби тарк намудани шаҳрвандони зиёд аз давлати худ ва рў овардан ба муҳоҷиратро маҳаки асосии раҳонидани ҷони худ медонад, ки имрўзҳо ба ҳукми анана даромадааст. Тақдири қисмати зиёди онҳо низ ҳангоми муҳоҷират, ки бо тариқи баҳр сурат мегирад, бедарак гардида ва ҳалок мешаванд. Умуман дар давлатҳое, ки созмонҳои террористӣ арзи ҳастӣ доранд ва барои амали гардонидани мақсадҳои нопокашон ҳаракатҳои террористиро анҷом медиҳанд, ҳуқуқҳои инсон пурра поймол гардида, эътироф намешаванд, инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ў, ки арзиши олли этироф шудаанд, дар назди чунин гурўҳҳо ҳеҷ аҳамияте надорад ва василае барои амалигардонии ҳадафҳои ҷоҳилонаву хунхоронаи худ мешуморанд.

Бояд қайд кард, ки терроризм ва ҳаракатҳои террористӣ асоси маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳам таҳдид мекунад. Аз ин рў, он бояд зери таваҷҷуҳи  хоссаи  ҳамешагии давлат ва муассисаҳои ҳимояи ҳуқуқи кишвар қарор гирад. Терроризм ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба инсоният хатари марг ба миён оварда мақсади он бо роҳи зурӣ, қатлу куштор, тарсонидан ба бартараф кардани рақибони сиёси барои ѓасби ҳоқимият мебошад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуда, таъкид намуд, ки аз устодону омўзгорон  ва падару модарон талаб карда шавад, ки диққати наврасон ва донишҷўёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар рўҳияи донишомўзиву хештаншиносӣ, меҳанпарастиву ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд, чун ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ва қувваи асосии зиндаи он аз ҳисоби ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ва тарбияи падару модар монда ташкил медиҳад. 

Ба муқобили терроризм бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Давлат пеш аз ҳама бояд шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиеро, ки ба тавлиди терроризм мусоидат менамояд, бартараф намояд. Ҷомеаи шаҳрвандиро  мебояд дар муқобили ѓояҳои терроризм ѓояҳои инсондўстиро гузошта ба муқобили он мубориза бурда, истодагарӣ намояд. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризмро  дар давлати мо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремиз (ифротгарои)» аз 8 декабри соли 2003 ва санадҳои дигари қонунгузории ҶТ ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ташкил медиҳад ва мақсади он пеш аз ҳама риоя кардан ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҶТ мебошад.

Файзали Искандар, донишҷўи курси 4, 

факултети ҳуқуқшиносӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj