Тоир ХОҶАЕВ: Таҳсилоти фосилавӣ дар низоми таълим талаботи замон аст…

Бо пешрафти илму техника дар ҳама ҷодаҳои зиндагӣ дигаргунӣ ва равишҳои тозаву замонавӣ ба майдон омад. Таълим низ аз ин дигаргуниҳо канора намонда, равишҳое наве дар он эҷод шудааст, ки дар он технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумла дар ин айём дар раванди таълим таҳсилоти фосилавӣ матраҳ ва дар бузургтарин донишгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Чунончи тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ….. ва фармоиши ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. (таҳти №… аз … ) аз сентябри соли ҷорӣ дар баробари дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ Донишгоҳи миллӣ низ аз рўи низоми таҳсилоти фосилавӣ донишҷўёнро ба донишгоҳ қабул намуд. Оид ба таҳсилоти фосилавӣ, чигунагӣ ва дурнамои он дар Донишгоҳи миллӣ суҳбате доштем бо муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Тоир Хоҷаев. 

Таҳсилоти фосилавӣ - таълими пурмасъулият

Устоди муҳтарам, таҳсилоти фосилавӣ чист ва дар раванди таълим чи гуна ба роҳ монда мешавад? Ба таъбири дигар, дар ин гуна низоми таҳсилот донишгоҳ чӣ шароитеро бояд фароҳам ораду донишҷўён бояд чӣ уҳдадориҳое дошта бошанд? 

-Имрўз дар низоми таълим пешравиҳои зиёд дида мешавад.  Таҳсилоти фосилавӣ аз ҷумлаи низоми нав аст, ки қабули он ба манфиати кори ҷараёни   таълим мебошад. Ҳанўз соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Суханронӣ бахшида ба Рўзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ таъкид намуда буданд: «Вақти ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ кайҳо расидааст. Баъзе муассисаҳои таълимӣ дар ин самт аллакай ба дастовардҳои муайян ноил шудаанд. Аммо ҷараёни татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ дар умум суст буда, дар ин самт ташаббускорӣ миёни мактабҳои олӣ кам ба мушоҳида мерасад. Ин тарзи таҳсил имкон медиҳад, ки бо нигоҳ доштани сифати таълим хароҷоти зиёдатӣ барои як донишҷў то 2-3 баробар кам карда шавад ва шахс аз истеҳсолот ҷудо нагардида, аз тариқи интернет соҳиби дониш ва ихтисоси зарурӣ гардад.  Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки аз соли 2017 таҳсилоти фосилавиро дар донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ монда, маводи зарурии таълим ва барномаҳои таълими электрониро омода намояд». Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Суханронӣ ба муносибати Рўзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз ин низоми таҳсил ёдовар шуда, иброз доштанд: «Имрўзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад».

  Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва нақшаҳои тасдиқшудаи соли 2017 дар ҷумҳурӣ қадамҳои аввалин ба системаи нави фосилавӣ гузошта шуд. 

Чи тавре маълум аст, донишҷў новобаста аз шакли таҳсил (рўзона ё ғоибона) бояд дар тўли таҳсили чандсолаи худ 240 кредитро мувофиқи барномаи таълимӣ ба таври дуруст аз худ кунад. Айнан ҳамин тартиб дар низоми таҳсили фосилавӣ ба назар мерасад, чун дар он  низ барои таҳсил 240 кредит муайян шудааст. 

Ҳамзамон, байни ин низоми таҳсил аз низоми рўзона ва ғоибона дар он аст, ки рўзҳои ҳузурии донишҷўи ин низом бисёр андак аст. Агар дар шакли пешини таҳсили ғоибона ҳузури донишҷў дар як нимсолаи таҳсил аз 4 то  5 ҳафта бошад, пас, дар шакли таҳсили фосилавӣ донишҷў дар тамоми соли таҳсил ҳамагӣ 2 ҳафтаи ҳузурӣ дорад.  Агар донишҷў дар шакли таҳсили ғоибона  аз рўи нақшаҳои таълимӣ 240 кридит ва аз ин 40 кредити ҳузурӣ дошта бошад, пас, дар ин нақшаҳои таълимӣ (фосилавӣ) ҳамагӣ дар чор соли таҳсил то 38 кридит ҳузурӣ пешбинӣ шудааст. Яъне, дар ин навъи таҳсил донишҷўён то 6 кредит дар давоми як нимсола ҳузурӣ доранду бас.  

 

Дар таҳсили фосилавӣ, ки  дар як соли хониш 52 ҳафтаи таҳсилӣ пешбинӣ шудааст, 6 ҳафтаи он ҳузурист. Дар ҳафтаҳои 8-ум ва 16-ум донишҷў ба воситаи барномаи ягонае, ки дар донишгоҳ, аллакай, ба истифода дода шудааст, он вазифаҳо(кори кантролӣ, реферат, иншо ва ғ.)-е, ки аз ҷониби устодони кафедра ба онҳо дода шудааст, дастрас менамоянд ва пас аз ҳал ва омода намудан тариқи интернет  ба сайти донишгоҳ равона месозанд. Чи гуна ба иҷро расидани вазифаҳои додашуда аз ҷониби устодон таҳлил гардида, то давраи сессияи ҳузурӣ ба донишҷў холҳои аввалин гузошта мешавад. Хуллас, донишҷўён дар ин низом метавонанд тариқи интернет ба машғулиятҳои устодон посух диҳанд.   

Акнун дар ин низоми таҳсил устод уҳдадор аст, ки бонки лексия, саволномаҳои тестӣ, корҳои конторолии худро барои ҳар як донишҷў дар сомона ҷой намояд. Ҳамзамон, аз дохили бонки лексияҳо саволномаи имтиҳонӣ то давраи ҳузурии донишҷўён бояд омода шавад. Донишҷўён уҳдадоранд, ки санҷишҳои фосилавиро сари вақт супорида, ба давраи ҳузурӣ ва барои супоридани имтиҳонҳо пурра омодагӣ гиранд.

 Ба андешаи банда, имрўз ба ин низом гузаштан тақозои замон аст, зеро  бисёри давлатҳои пешрафтаи дунё ба ин низом рў овардаанд. 

 

Таҳсилоти фосилавӣ дар ҷумҳурӣ нав нест

Таҷрибаи таҳсилоти фосилавӣ дар дигар донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ вуҷуд дорад ва ё ДМТ нахустин донишгоҳи кишвар аст, ки дар он ин низоми таълим таҷриба мешавад?

- Таҳсили фосилавӣ дар баъзе донишгоҳҳои кишвар ба дигар тарз амал мекард ва дар умум ин таҷриба дар ҷумҳурии мо вуҷуд дошт. Ба ин маъно, ки дар бархе донишкадаву донишкадаҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ба гунаи таҳсилоти фосилавӣ навъи таҳсиле ба роҳ монда шуда буд. Инчунин, имрўз чанде аз ҳимояҳои номзадию докторӣ тариқи онлайн миёни донишгоҳҳои мо бо донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя сурат мегирад. Масалан, факултети геологияи Донишгоҳи миллӣ бо Шўрои диссертатсионии Ҷумҳурии Қрғизистон шартнома дорад ва дар асоси он ба воситаи онлайн ҳимояҳо сурат гирифта истодааст.

Чи тавре дар боло ишора шуд, аз сентябри ҳамин сол сар карда тамоми донишгоҳҳо ба ин низом гузаштанд. Аз ҷумла раёсати ДМТ таҳти роҳбарии академик Имомзода М.С. барои донишҷўёни ин низом таҷҳизоти заруриро барои таъмини раванди таълим муҳайё намудаст. Фикр мекунам, ки ин қадами аввалин аст ва дар ояндаи наздик аз ин кор меваи хуб ба даст меоварем.

Донишсанҷӣ тариқи интернет

Донишазхудкунии донишомўзони ин система чи гуна санҷида мешавад? Ҳамзамон, низоми мазкури таълим оё дар низоми рўзона ва ғоибонаи шакли ҳузурӣ таъсир гузошта метавонад?

- Агар пурра ба ин низом гузарем, бояд ба воситаи онлайн омўзгор мавзўи дарсро дар рўзҳои муайян хонда ва сабти онро ба сомонаҳои интернетӣ ҷо намояд ва донишҷў ба воситаи интернет баромадҳои устодонро гирифта омўзад. Бо назардошти ин нукта, мо ба тамоми омўзгорон ва мудирони кафедраю омўзгорони фаннӣ супориш додаем, ки бонки лексияҳо, ҳатто саволномаҳои тестии худро ба таври пурра ба сомонаи донишгоҳ ворид намоянд. Боварӣ дорем, ки чунин коргузорӣ барои таъмини раванди таҳсилоти фосилавӣ мусоидати назаррас хоҳад намуд.

Барои пурра дониши донишҷўро баҳогузорӣ кардан мо ду ҳафтаи ҳузурӣ муайян кардаем, ки дар ин муддат  донишҷў омада, дар назди синфхонаи компютерӣ бевосита худаш имтиҳонҳоро  месупорад. Чунин санҷиш маълум менамояд, ки корҳои фосилавие, ки дар ду санҷиш аз ҷониби донишҷў тариқи почта равон шудааст, бевосита маҳсули саъю талоши худи донишҷў аст ва ё не. Ба ибораи дигар, агар донишҷў дар корҳои контролӣ баҳои баланд гирифта бошад, пас, бояд дар давраи супоридани имтиҳони ҳузурӣ низ баҳои баланд гирад. 

Чи тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Имрўзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад». Такя ба ин иршоди Пешвои муаззами миллат метавон гуфт, ки таҳсилоти фосилавӣ як навъ алтернативаи таҳсили ғоибона буда, ба низоми таҳсили ғоибона нуқтаи таммат гузошта шудааст.

Роҳ ба сўйи илм нест, агар…

Шаҳодатнома ё дипломи хатми ин намуди таҳсил ба дипломи шуъбаи рўзона  баробарарзиш аст ё хайр?

- Дипломи ин раванди таҳсил аз дипломи шуъбаи рўзона ва аз дипломи шуъбаи пешини ғоибона ягон фарқият надорад. Баръакс бартарии таҳсили фосилавӣ дар он аст, ки ба монанди таҳсили рўзона муҳлати он чор сол аст, на мувофиқи шуъбаи пешинаи  ғоибона 5 сол. 

Танҳо фарқият дар он аст, ки хатмкунандаи ин низоми таҳсил агар бо баҳои хубу аъло нахонад, дар оянда кори илмӣ карда наметавонад, дар ҳоле ки дар низоми таълими пешинаи ғоибона дар ҳолати хубу аъло ва ё миёна хондан донишҷў ба аспирантура дохил мешуд. 

Хулоса, таҳсили фосилавӣ, ки дар он аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад, ба талаботи замон ҷавобгў буда, хатмкунандаи он метавонад дар риштаи ихтисосии худ кору фаъолият намояд.

Ташаккур барои як суҳбати пурмуҳтаво

Саломат бошед!

Суҳбаторо К.Исмонов

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj