Тоҷикистон ва даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кўшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбад.

Дар ҷаҳони имрўза, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад. Дар доираи ин фаъолияти густурда, ҷалби амалҳои созандаю хайрхоҳонаи давлатҳои аъзо, таваҷҷуҳ ба ҷустуҷў ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ пайваста зоҳир мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷў ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста кишвари моро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра муаррифӣ намудааст.

Боиси фараҳмандист, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул намуда, дар лоиҳаи ин Қатънома ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди эълон шудани «Соли 2003 - соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” махсус таъкид кардааст. Ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо маҳорати қобили таваҷҷуҳ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байнамилалӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳад. Татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи об инъикосгари манфиатдор будани натанҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик мебошанд. 

Татбиқи барномаҳо бо таъкиди он ки манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоатӣ ва гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд, барои рушди захираҳои инсон ва таъмини саломатию бурдбории инсон комилан зарур буда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шуда, аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Маънии “рушди устувор” ин рушди бонизом буда, 3 омили асосии зеринро дар худ таҷассум менамояд:

1.рушди босуръати иқтисодиёт; 2. баробарии иҷтимоӣ; 3. суботи экологӣ.

Зарурати қабули Қатъномаи мазкур ба он нигарониҳои умумибашарии зерин асоснок мегардад, ки барои ҳамаи кишварҳои олам дахл доранд: афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйироти иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нушокии бехатар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи беҳдошт ва малакаҳои қавии тозагӣ, нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ.

Манфиатҳои умумибашарӣ аз 3 ҷанбаи асосӣ вобастагӣ доранд: 

1.Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об. Баландшавии ҳарорати ҳаво дар садсолаи охир, ки боиси кам гардидан ва аз байн рафтани захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо гардид, мушкилоти инсонҳоро афзун намуда, дар ин замина офатҳои фоҷианокро ба бор овард. Дар давоми 60-соли охир ба андозаи аз 0,5 то 1,0 дараҷа селсий баланд гардидани ҳарорати ҳаво боиси таъсири манфӣ ба захираҳои обӣ гардида, ҳамасола ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 триллион доллари амрикоӣ зарар расонад.

Офатҳои табиии марбут ба об хисороти молию ҷонии фоҷиаборро ба иқтисодиёти давлатҳо оварда, заминҳои ҳосилхез, маҳалҳои аҳолинишин, роҳҳо, купрукҳо, корезҳои обёрӣ, иншоотҳои гидротехникӣ ва одамону молу сарвати онҳоро ба коми офат мекашад. Солҳои 1987- 1997 дар натиҷаи офатҳои табиии ба шакли обхезӣ ва сели бавуқуъомада зиёда аз 28800 нафар одам ҷон бохта, иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон зиёда аз 136 миллиард доллари амрикоӣ зарар дид. Танҳо дар натиҷаи обхезии соли 2002 мамлакатҳои Аврупо 20 миллиард доллари амрикоӣ зарар дида, 100 нафар ҷон бохтаанд.

Дар даҳсолаҳои солҳои охир то 30% пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд ва ин тамоюл, мутаассифона, то ҳол давом дорад. Масоҳати бузургтарин пиряхи кўҳӣ - Федченко дар Тоҷикистон ба андозаи то 2 км коҳиш ёфтааст. Соли 2016 соли гармтарин дар садсолаи охир буда, дар ин давра то 30% камшавии оби дарёҳои Аму ва Сир ба мушоҳида расидааст.

2. Мушкилоти экологӣ. Солҳои 80-уми асри гузашта инқилоби саноатӣ ба вуҷуд омад, ки истифодаи захираҳои барқарорнашавандаи табиӣ, аз ҷумла нафту газ, ангишт зиёд гардида, сабаби зиёдгардии гази карбон дар атмосфера ва халалдоршавии суботи экологӣ гардид. Ҳоло ҳисороти офатҳои табиӣ ба мардум ва иқтисодиёти кишварҳо ҳамасола зиёда аз 60 миллард доллари амрикоӣ арзёбӣ гардида, бар замми ин ҳамасола 1,2 миллиард нафар аз офати табиии хушксолӣ ва биёбоншавӣ азият мекашад. Солҳои 1990 – 2001 дар ҷаҳон 2200 офати табиии хурду калони марбут ба об ба вуқуъ омадааст, ки 50%-и онро обхезӣ, 28%-ро паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва 11%-ро хушксолӣ ташкил медиҳад. Ба вуқуъ омадани ин офатҳои табиӣ дар Осиё 35%, Африқо 29%, Америка 20%, Аврупо 13% ва Океания 3%-ро ташкил додааст.

Аз 10 намуди офатҳои табиии маъмул дар Тоҷикистон 7 намуд ва ё 70-и онҳоро офатҳои табиии марбут ба об ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муҳофизати шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997–2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3194 офати табиӣ ба амал омадааст, ки аз он 1371 ҳодисаро ё 42,9% -ро сел, 550 ё 17,2%-ро тармафароӣ, 229 ё 7,2%-ро ярч, 185 ё 5,8%-ро обхезӣ, 83 ё 2,6%-ро барфу хунукӣ, 58 ё 1,8%-ро хушксолӣ ва 53 ё 1,6%-ро борону жола ташкил додааст.

3. Татбиқи барномаҳои иқтисоди сабз. Энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе рушди он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рўйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрўз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. 

Иқтисоди сабз фарогири асосан истифодаи захираҳои барқароршавандаи табиӣ ба мақсади истеҳсоли неруи барқ мебошад, ки суботи экологиро халалдор наменамояд ва ба муҳити атроф таъсири манфӣ намерасонад. Иқтисоди сабз имкони дастрасӣ ба барқи арзонро дар ҳамбастагӣ бо суботи экологӣ фароҳам меоварад. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаи энергетика муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳимми истеҳсолу интиқоли барқро ба истифода дода, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардад ва зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шавад.

Бо назардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ҳисобида шуда, ба мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодаанд. 

Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро метавон мухтасаран чунин баён намуд:

1. Баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ, миллӣ, ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷалби занон, ҷавонон, намояндагони илму маориф ва соҳибкорон дар раванди баррасӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба идоракунии захираҳои об;

2. Ба назари эътибор гирифтани дастоварду комёбиҳои даҳсола, инчунин, тазоду норасоиҳои раванди иҷрои вазифаҳои он;

3. Зарурати такмили усули гендерӣ дар идоракунии захираҳои об;

4. Тавсеаи ҳамкории илмиву технологӣ вобаста ба василаҳои сарфакорӣ ва кам намудани талафоти об;

5. Таъмини ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об, ки яке аз омилҳои сулҳу субот ба ҳисоб меравад.

6. Истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об ҷиҳати тавсеа бахшидани рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки омили коҳиш додани камбизоатӣ мебошад.

7. Идораи захираҳои об ба мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва саноат.

Даҳсолаи мазкур ташаббус ва иқдоми бузурги башардўстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.

Акунун даҳсолаи нав ба масъалаҳои норасоии об, санитария, самаранокии (маҳсулнокии) экосистема, партовобҳо ва зарурати таъмини идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, хатарҳои марбут ба об ва ба ҳамбастагии ҳадафҳои гуногуни рушди устувор таваҷҷуҳ менамояд. 

Мақсадҳои Даҳсолаи байналмилалии нав зиёд намудани таваҷҷуҳ ба рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об барои ноил гаштан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ –иқтисодӣ ва ҳифзи табиат, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо барои мусоидат дар татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқгардонидашудаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад, ки ба захираҳои об вобастаанд.

Даҳсолаи нав метавонад:

- барои ҳамоҳангсозии маблағҳои ба идоракунии захираҳои об ҷалбгардида дар Тоҷикистон ва минтақа мусоидат намояд;

- ташаббусҳои нав ва мавҷударо, ки ба қабули уҳдадориҳои давлатҳо ва иҷрои онҳо равона гардидааст, инчунин, маблағгузорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти донорҳоро бо роҳи тақвиятбахшии механизмҳои аллакай мавҷуда дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ ва баррасии усулҳои инноватсионии маблағгузорӣ дастгирӣ намуда, таҳкурсии устувор барои ҳалли минбаъдаи  масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои об барои солҳои 2018-2028 ба вуҷуд оварад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро барои иҷрои Ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об дар Тоҷикистон ва минтақа бештар намояд.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028”, дар ҳамбастагӣ бо дигар ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об мавқеи хос ва нақши пешбарандаи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об инъикос намуда, эътироф гардидани Тоҷикистонро аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пешсаф дар ин самт муаррифӣ менамояд.

Г.В. Шарифов,

 номзади илмҳои геология ва минералогия,

М.Т. Fайратов,

 номзади илмҳои техникӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj