Тромбоситопоэз, яъне чӣ?

Манбаи инкишофи тромбоситҳо ҳуҷайраҳои аз ҳама калони мағзи сурхи устухон — мегакариоситҳо ба шумор мераванд. Тромбоситҳо бо роҳи фрагментатсияи ситоплазмаи мегакариоситҳо ташаккул меёбанд.Мегакариосит қобилияти ҳосил кардани псевдоподияи протромбоситарӣдорад. Псевдоподияҳо аз девори капилляри синусӣба сўрохии раг гузашта, дар он ҷудошавии тромбоситҳо ба амал меояд.Давраи ҳосилшавии тромбоситҳо 10 рўз давом мекунад. Мегакариобласт - пешавлоди  промегакариосит ва мегакариосит буда, диаметри он 15-25 мкм аст. Ҳуҷайраи мазкур  насли ҳуҷайраи унипотентӣвоҳиди колонияҳосилкунандаи мегакариоситарӣ(ВКҲ-МГС) мебошад.  ВКҲ-МГС аз ҳуҷайраи полипотентии воҳиди колонияҳосилкунандаи миелопоэз - ВКҲ-ГЭММ ҳосил мешавад. Ядро дорои фурўравиҳо буда, ситоплазма хосияти базофилӣдорад. Мегакариобласт қобилияти бо митоз тақсим шуданро дошта, аҳён-аҳён 2 ядро дорад. Дар оянда он қобилияти бо митоз тақсим шуданро гум карда, бо роҳи эндомитоз тақсим мешавад. Дар ин ҳолат ядро полиплоидӣгашта, ҳаҷми он меафзояд.
         Промегакариосит- ҳаҷми ҳуҷайра 30-40 мкм буда, ядрои полиплоидӣ– тетраплоидӣ(4n), октаплоидӣ(8n) дорад. Ҳаҷми ситоплазма калон шуда, дар он якчанд ҷуфт сентриолаҳоро фарқмекунанд. Ғайр аз ин, дар ситоплазма ҷамъшавии донаҳои азурофилӣмушоҳида мешаванд. Ҳуҷайра бо эндомитоз тақсим шуда, полиплоидияи ядро зиёд мешавад. Мегакариоситҳои захиравӣ- онҳо 50-70 мкм андоза дошта, ядрои калон ва ҳиссачадор бо дастаи 16-32n хромосома доранд. Дар ситоплазма 2 минтақаро фарқмекунанд: наздиядрогӣва канорӣ. Дар минтақаи наздиядрогӣорганеллаҳо ва донаҳои хурди азурофилӣмавҷуд аст. Минтақаи канорӣё эктоплазма хосияти сусти базофилӣдошта, дар он элементҳои ситоскелет хуб инкишоф ёфтаанд. Мегакариоситҳои фаъолшуда- андозаашон 50 - 100 мкм буда, ядрои калон, ҳиссадор ва полиплоидӣ(то 64 n) доранд.  Дар ситоплазма донаҳои сершумори азурофилӣҷамъ шуда, ба гурўҳҳо муттаҳид мешаванд. Минтақаи шаффофи эктоплазма нест шуда, он бо донаҳо пур мешавад ва бо ҳамроҳии плазмолемма псевдоподияҳоро ҳосил мекунад.  Псевдоподияҳо ба намуди изофаҳои борик ба самти рагҳо равона шуда, дар оняда аз он тромбоситҳо ҷудо мешаванд. Дар оянда дар ҳуҷайра везикулаҳо ҳосил шуда, аз онҳо мембранаҳои демаркатсионӣташаккул меёбанд. Мембранаҳои демаркатсионӣситоплазмаро ба қисмҳо ҷудо карда, дар онҳо 1-3 дона доранд (лавҳачаи хунии оянда). Дар ситоплазма миқдори рибосомаҳои озод ва тўри эндоплазмаи донадор кам мешавад. Дар ситоплазмаи мегакариосити болиғсе минтақаро фарқмекунанд: наздиядроӣ(перинуклеарӣ), мобайнӣва канорӣ. Минтақаи наздиядроӣдорои комплекси Голҷӣ, тўри эндоплазмаи донадор ва суфта, донаҳо, сентриолаҳо ва микронайчаҳо аст. Ин минтақа баъди ҷудошавии тромбоситҳо бо ядро пайваста боқӣмемонад.
Минтақаи мобайнӣсистемаи инкишофёфтаи ҳубобчаҳо ва найчаҳоро (системаи демаркасионии мембранавӣ) дорад, ки ба мембранаи ҳуҷайравӣгузашта, вазифаи маҳдудкуниро  (разграничительную) ҳангоми ташаккулёбии майдонҳои тромбоситарӣиҷро мекунанд. Минтақаи канорӣаз элементҳои ситоскелет ташкил ёфта, дар ин минтақаи ситоплазма равандҳои демаркатсия  фаъолона мегузарад. Дар он псевдоподияҳои протромбоситарӣташаккул ёфта, бо сўрохии капилляри синусӣворид шуда, дар он ҷо ҷудошавии тромбоситҳо ба амал меояд. Баъди ҷудошавии тромбоситҳо дар мегакариоситҳо ядрои ҳиссачадор ва ситоплазмаи борик боқӣмемонад. Ин гуна мегакариоситро мегакариоситҳои резидуалӣменоманд. Дар оянда онҳо ба вайроншавӣдучор мешаванд.Тромбопоэтин гормони пептидӣбуда, ҳамчун омили сабзиш ва инкишофи мегакариоситҳо зарур аст. Гормони мазкур асосан дар ҷигар  ва бо дараҷаи кам дар гурдаҳо, мушакҳои кундаланграх синтез мешавад. Тромбопоэтин коркард ва дифференсировкаи мегакариоситҳои мағзи сурхи устхонро  танзим намуда, раванди тромбоситопоэзро фаъол менамояд.
                        Охунҷон Раҳимов,
донишҷўи курси 2,
ихтисоси тиббӣ-ташхисӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj