УМЕД БА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ АСТ

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор доштааст. Чунончи пас аз 6 моҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Парлумони кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул кард. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи ин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таваҷҷуҳи пайваста, ғамхориҳои хирадмандонаю дурандешона ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ҷавонон рушди ин тамоюлро боз ҳам болотар мебарад.
Баъд аз Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон мавқеи давлатро дар муносибат ба масоили ҳалталаби ҳаёти ҷавонон муайян намуда, гуфта буданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад». Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми феврали соли 1993 бо ҷавонон вохўрӣ доир гашт ва минбаъд ин мулоқоту гуфтугўҳо ба ҳукми анъана даромаданд. Суханронии Сарвари давлат 17-уми марти соли 1994 дар нахустанҷумани Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, ки таҳлили васеъи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва пешомадҳои онро дар бар мегирифт, ба барномаи кору рўзгори ҷавонон табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин анҷуман Сарвари давлат ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, дар назди онҳо вазифа гузоштанд, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу субот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.
Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд, ки онро метавон давоми мантиқии он ташаббусҳои Пешвои миллат номид, ки ҳанўз аз рўзҳои аввали ба мансаби Раиси  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон дар сиёсати давлатии ҷавонон менамуданд.
Соли ҷавонон иқдомест наҷибу созанда, зеро синни миёнаи аҳолӣ24 солро дар бар мегираду қисмати бузурги аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо-ҷавононро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба илмомўзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.
Файзуллоев Э.Ф.,
раиси Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ
 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj