Устоди соҳибтаҷриба

Искандаров  Фарух Шейхович зодаи деҳаи Хуфи  ноҳияи  Рушони ВМКБ мебошад. Ў соли 1965 ба ДДМТ дохил шуда, онро соли 1970 бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш дар ҳамин донишгоҳ оѓоз ёфта, соли 1970 ба ҳайси муҳаққиқ-коромўзи кафедраи минералогия ва петрография ба кор шурўъ намудааст. Солҳои 1972-1975 аспирант, 1975-1985 муаллими калон, 1985 номзади илмҳои геологияю минералогия ва соли 1991 то ҳол ба ҳайси дотсенти кафедраи минералогия ва петрографияи факултети геология фаъолият  намуда истодааст. Мавсуф  зиёда аз 80 мақолаи илмӣ  ва 1 монография ба табъ расонида, рисолаи номзадиашро соли 1985  дар шаҳри Новосибирск  ҳимоя намудааст.

Устод тамоми умри хешро  ба соҳаи  илму маърифати геологӣ сарф намудааст. Ў муҳаққик, олим, донишманд ва устоди нозукбини таҷрибадор аст. Яке аз хислатҳои беҳтарини устод нуқтасанҷии ўст. Ў ягон хулосаро бе далели воқеӣ пешниҳод намекунад. Осори устод мазмунан баланд, асоснок ва дорои аҳамияти калони илмӣ-амалӣ мебошанд. 

Имсол устод Искандаров Ф.Ш. ҷашн дорад, ҷашни 70 соли камолот. Аъзоёни кафедраи минералогия ва петрография устод Искандаров Фарух Шейховичро барои қадам ниҳодан ба ин синни муборак аз самими қалб табрик гуфта, ба ў саломатӣ, умри дароз, рўзгори обод  ва дар корҳои илмию эҷодиаш  муваффақиятҳои беш аз пешро  таманно доранд.

Бо эҳтиром аҳли кормандони 

кафедраи минералогия ва петрография

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj