Факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ сомонаи худро роҳандозӣ кард

Факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи худро роҳандозӣ намуд. 

Тибқи иттилои масъулин сомона он дар домени www.zoa.dmt.tj роҳандозӣ гардида, қабл аз оғози соли таҳсил фаъол гардид. 

Сомона аз бахшҳои «Гуфторҳои Пешвои миллат», «Садорат», «Кафедраҳо», «Шӯроҳо», «Махфилҳо», «Мақолаҳо», «25 соли Истиқлол» «Китобхона», «Устодонои мо», «Донишҷӯ ва китоб», «Донишҷӯёни мумтоз»,  «Дастовардҳои факултет», «Суратхона», «Назарсанҷӣ» ва ғайраҳо иборат аст.

Дар сомона бахши алоҳидае бо номи «Гуфторҳои Пешвои миллат» мавҷуд аст, ки дар он вобаста ба мавзӯъҳои гуногун итибосот аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда мешавад. 

Дар сомонаи факултет метавон аз хабарҳои чорабинӣ ва таҷлили ҷашнҳои давлатӣ дар доираи факултет, маълумот аз таърих ва фаъолияти имрӯзаи факултет ва ҳайати кормандони он, нашри мақола ва китобҳои устодону донишҷӯёни факултет огаҳӣ пайдо кард. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj