Фарзанди ин сарзамини бостон бошем!

Нақши ҷавонон дар рушди фаъолияти сохторҳои гуногуни давлат  назаррас аст. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон кард ва таъкид дошт, ки «Мо бо ҷавонони худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрўз бо нангу номуси миллӣ, ташабусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд». 

Мутаассифона, дар баробари ҷавонони бонангу номуси миллат боз ҷавононе ҳастанд, ки аз ноогоҳӣ ва камсаводию бетаҷрибагӣ ба душвориҳои зиндагӣ тоб наоварда, роҳи осони дарёфти даромади бедарди миёнро меҷўянд ва фиреби гурўҳҳои ифротиро хўрда, ба Ватан – Модар хиёнат мекунанд. Дар ҳоле ки мо-ҷавононро мебояд, ки аз таваҷҷуҳу шароити фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар самаранок истифода бурда, давомдиҳандаи насли гузашта бошем. Вақтро дар донишандўзӣ ва соҳибтахассус гардидан истифода бурда, ободкориро шиори бунёдкоронаи худ қарор диҳем. Барои ояндаи миллату давлат софдилона хизмат кунем, то сазовори номи фарзанди ин сарзамини бостон бошем.

 Раҳмоналӣ Шарипов, 

донишҷўӣ ихтисоси журналистика 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj