Хосияти таҳқиқ зи тақлид наёяд…

Мусаллам аст, ки дар забон ҳар вожае ҷойгоҳу нақши худро дошта, барои баёни маънову мафҳуми луғавӣ ё дастурӣ огоҳонаву ҳадафмандона сохта шудаанд. Аз ҷумла, калимаи тақлид, ки мехоҳам дар мавриди он суҳбате ороям. 

Аввалан, калимаи тақлид чӣ маъно дорад? Тақлид вожаи арабӣ буда, дар забони тоҷикӣ ба чанд маъно: 1) ба гардани касе гарданбанд андохтан; 2) аз рўйи кори дигарон коре кардан; пайравӣ кардан; 3) уҳдадор кардан, кореро ба уҳдаи касе мондан омадааст, ки дар аксари фарҳангҳо ҳамин гуна тавзеҳ шудааст. Дар забони арабӣ ба маънои «тақаллубӣ», «ҷаълӣ» ё «ғайриаслӣ» низ ба кор меравад. Аз назари дастурӣ масдари мутааддӣ аст, яъне феъле, ки дар шакли танҳо бо фоъил маънои комил надошта, ниёзманд ба мафъул мебошад. 

Сониян, амали тақлид аст, ки андешамандон нисбат ба он назари яксон надоранд. Масалан, Лоиқ Шералӣ дар шеъре чунин мегўяд:

Ман ҳоло 

             бори нахуст 

                          тақлид мекунам 

                                            аз Пабло Неруда, 

На ҳудаю беҳуда, 

                      балки дониста, – 

                             зеро тақлид аз бузургон 

Гирифтани хок аст 

                         аз теппаи баланд, 

Овехтан аст 

                  аз дори баланд, 

Роҳ сипардан аст 

                        аз паст ба боло, 

Парвоз аст 

       аз замин ба само...

Аммо Ҳоҷӣ Ҳусайн мефармояд:

Хосияти таҳқиқ зи тақлид наёяд

Аз филс нашояд, ки кунӣ кори дирамро.   

Аллома Иқбол низ вобаста ба тақлидкорӣ чунин таъкид мекунад:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омўз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

Ҳатто, баъзан «одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад» гуфта, тақлидро сарманшаи рафтор, гуфтор, ҳунару пўшиш ва ғайра медонем. Масалан, кўдак аз тариқи тақлид ёд мегирад ва ҳунарманде бо тақлид сайқал меёбад ва сад мисоли дигар. Дуруст аст, аммо агар дақиқтар бингарем, кўдак он чизеро, ки тақлид кардааст, дар давраҳои баъдии ҳаёташ ба кор намебарад. Ҳар нафари мо, ё овозхони оянда низ ҳақ дорад бо тақлиди овозу оҳанги сарояндаи маҳбубе замзама кунад, тамрини овозу ҳунар кунад. Ба инҳо мегўянд «ёдгирӣ» ё «таъсирпазирӣ», вале дар зиндагӣ ё саҳнаи ҳунар ин кор идома ёбад, тақлид аст. Тақлидҳо зоҳирӣ мебошанд, аз ин рў, ба ботин коре надоранд, агар ҳар амале ботинро иваз намояду одат шавад, пас, масъалаи таъсиргузориву таъсирпазирӣ аст. Таъсирпазирӣ самараи кўшишу талош аст, аммо заминаи тақлид танбалӣ мебошад.

Дар пажўҳишу таҳқиқ низ бисёр иттифоқ меафтад, ки ҳангоми мутолиаи асаре ё дарёфти иттилое, ягон шубҳа ва ё андешае ба миён меояд ва мехоҳӣ он чи, ки ба назар расидааст, ба шакли навиштае баён намоӣ. Барои ин мебояд андешаи устоде ё нафареро, ки донишмандтар ба назар меояд, бипурсӣ. Аммо посух ин аст: «Чӣ даркор ба ҳар масъалае даст задан, ки баҳсбарангез аст». Ё чунин маслиҳатат медиҳанд «Масъалаеро, ки дуруст намефаҳмӣ, ё шубҳа дорӣ, беҳтар аст ба миён наорӣ, чунки баҳсҳо бештар мешаванду шармандаат мекунанд». Ба монанди ҳамин сад «маслиҳатҳои муфид»-и дигар, ки ба қавли Ҳоҷӣ Ҳусайн 

Шевае дорад хамўшӣ, ҳифзи чандин оби рўст,

Ғунчаро як лаб кушудан мебарад аз сар кўлоҳ.

Яъне, он чӣ дигарон гуфтаанд, бигў, аз худ магў, ки бехуд мегўӣ! Вале, чаро бояд эҳтиёт кунам ва аз чӣ эҳтиёт кунам? Аз нарафтани оби рў? Кадом оби рў, вақте аз ҳақиқатҳо мегурезем!? Дар адабиёт санъате, ки дониста худро ба нодонӣ мезананд, «таҷоҳули ориф» мегўянд. Пас, бар ин аъмол, ки надониста даъвои доноӣ мекунанд, шояд «таоруфи ҷоҳил» бигўем?!

Омўзишу пажўҳиши осори андешамандон, чи адабӣ, чи фалсафӣ ва ё ҳар илми дигар, бояд бо ҳадафҳои хос анҷом шаванд–ё муаррифӣ бошанд, ё таҳлилӣ ва ё иктишофӣ. Аммо ин омўзишу пажўҳиш, ки гоҳҳо тадқиқу таҳқиқ ҳам унвон медиҳем, на ҳамеша ба таври шоиставу боиста ва олимона сурат мегирад. Зеро мо одат кардаем, ки ба ҳар масъалае аз тариқи нақлӣ баҳогузорӣ кунем, на аз роҳи ақлӣ. Ба ибораи дигар пажўҳишҳое, ки анҷом мешаванд, тақлидитаранд аз он ки тадқиқитар бошанд.

Табиист, ки баҳсҳо ҳақиқатҳо падид меоваранд. Инсон ҳақ дорад ва ин ҳаққи азалии ўст, ки иштибоҳ кунад, вале на огоҳона ва низ як иштибоҳро ҳеҷ кас ҳақ надорад ду бор такрор кунад.

Дуруст аст, ки ба ҳар масъалае ҳар кас назари худро дорад ва аз дидгоҳҳои мухталиф менигаранд. Ин назари шахсӣ ба ҳар гунае бошад, хоҳ иштибоҳӣ ва хоҳ саҳеҳ қобили эҳтиром аст, агарчи қобили қабул нашавад. Масалан, нафаре Рўдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Носири Хусраву Хайёму Мавлавӣ, Айнию Бозор ва амсоли ононро ситоишу тамҷид мекунад, аммо гурўҳи дигаре накўҳишу танқид менамоянд.

Масалан, Сирус Шамисо дар китоби «Шоҳидбозӣ» қариб тамоми шоирони маъруфи адабиёти форсиро аз рўи осорашон ва шоҳону амирони замонҳои гуногуни Эронро бо далелҳо аз «Рустам-ут-таворих» ба фисқу фуҷур гунаҳкор мекунад. Ё Носир Пурпирор китоби бузурге бо номи «Дувоздаҳ қарни сукут» навишта,  эродҳое ба таърихнигории Эрон гирифта, онро дасткоришуда ва ҷаълӣ хондааст. Ё дар китоби дигараш «Пуле бар гузашта» (кит. 2, бахши 1), фаслеро ба ««Шоҳнома» ва Фирдавсӣ» ихтисос дода, зодаи зеҳни Фирдавсӣ будани «Шоҳнома»-ро зери суол мебарад. Чунончи ў менависад: ««Шоҳнома» бо маводе, ки бар Фирдавсӣ мегуфтанду мехонданд суруда шуд, то таъйиде бар тоҷномаҳову дигар ёдгорҳое шавад, ки пас аз ислом ба унвони санади фарҳангии пеш аз ислом сохта буданд ва маълум шуд, ки «Шоҳнома» бо ҳимояти қавии фарҳангиву молии созмони сиёсии шуубия баромад…» 

Баъд барои исботи гуфтаҳояш намунае аз худи Фирдавсӣ (Таърихи анҷоми «Шоҳнома») низ меорад, ки чунин аст:

Ҳусайни Қутайба-ст з-озодагон,

Ки аз ман нахоҳад сухан роягон.

Аз ўям хўру пўшишу симу зар,

Аз ў ёфтам ҷунбиши пову пар.

Муҳаққиқони дигаре низ ҳастанд, шеъри Фирдавсиро бо Низомӣ муқоиса намуда, ҳатто шеъри Низомиро аз назари зебоӣ дар ҳадди аъло дониста, шеъри Фирдавсиро холӣ аз шеърият гуфтаанд. Ашъори Носири Хусрав низ аз ин қазоватҳо дар амон намондааст, ки, албатта, ҳар кадоми онҳо далелҳои худро доранд.

Бисёр хондаву шунидаем, ки Ҳофизи Шерозӣ шоири тавонову хушсуханест, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҳатто Иоҳан Волфганг Гётеи олмонӣ ашъори ўро «ҳадди камолу ҷамол» дониста, Ҳофизро «маликушшуарои ҳамаи дунё» медонад ва худашро аз муридону муқаллидони Ҳофиз мехонад. 

Дигаре бо истифода аз шуҳрати Ҳофиз «Фолнома» сохтаву фолкушоӣ карда, пул дармеорад. Аммо ашхоси дигар ба монанди Аллома Бурқаӣ китоби «Гуфтугўе бо Ҳофиз» ё номи дигараш «Ҳофизшикан» навишта, аз назари ақидатӣ Ҳофизро ба тарғибгари хушгузарониву бебандубориву ишқу ошиқиву майхўриву мадҳу тамаллуқ муттаҳам мекунад. Чунончи ў мегўяд: «Ҳофиз марде буда фозилу донишманд ва дар фанни шеъру саҷъу қофияву зебогўӣ устод буда, аммо ин устодиро дар зинат додани шаҳавоту мавҳумот ва бадгўӣ ба муқаддасоти динӣ масраф карда». 

Ё он чизҳое, ки дар мавриди Мавлавию осораш шунидаему хондаем ва ягон қиссае ё абёте дар хотир дорем, гоҳҳо ба тақлид аз он чи моро зери бори таъсири худ қарор додааст, барои дигарон ривоят мекунем. Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст:

«Маснавии Маънавӣ»-и Мавлавӣ

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ. 

Аммо боз мебинем, ки на ҳама чунин мепиндоранд. Масалан, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар ду маврид:

1. Бо Мавлавӣ натавон шудан имрўз муқобил, 

Ҷуз ҳарза надорад дигар ин сафсатахон баҳс.  

2. Ҳайфи он умре, ки дорад Мавлавӣ сарфи назар,

З-ин фунуни сафсата, ё Раб, ба ин мулло чӣ ҳаз!   

гуфта, Мавлавиро мазаммат кардааст.

Аммо дар қазовату баҳодиҳии ҳар касу ҳар чизе аҷала набояд кард. Мунсифонаву муҳаққиқона баҳогузорӣ бояд кард, на муқаллидона. Ҳар навиштае қобили хондан аст, аммо на ҳар андешае қобили пазириш мебошад. Биноан, ҳар касе бояд назари ақлии хешро дошта бошад ва андешаҳои дурустро мунсифона бипазирад, худашро такмил диҳад. Дуруст аст, ки масоиле ҳаст, ки аз назари ақлӣ наметавон онро ҳал кард, дар ин сурат тақлиди оқилона ҷоиз аст. Охир зиндагӣ худ такрори такрорҳост.

Умуман, аз ин баҳсу баррасиҳое, ки дар ин мақола доштам, гуфтаниям, ки ҳар як муҳаққиқ бояд кўшиш дошта бошад, ки шахси худашро нишон диҳад, на шабаҳи каси дигаре бошад. Тақлид ҳувиятро аз байн мебарад. Тақлид аз ҳар касу ҳар қавм ба чи фарҳангу маданияте, ки бошад, аввал худи моро баъдан миллати моро нобуд мекунад. 

Саъдии Шерозӣ дар муқаддимаи «Гулистон» мефармояд: «Шабаҳ дар бозори ҷавҳариён ҷаве наарзад ва чароғ пеши офтоб партаве надорад ва манораи баланд дар домани кўҳи Алванд паст намояд».

Мавлавӣ низ нисбат ба тақлид назари мусбат надошта, ҳатто хеле мутанаффир аст: 

Халқро тақлидашон бар бод дод, 

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

Охир, чаро тақлид кунем, ҳол он ки мо ҳам мағз дорем, фикр карда метавонем, дорои фарҳангу маданияти худ ҳастем. Набояд зери таъсири андешаи касе бошем, агар тавонманд ҳастем, бигзор дигарон аз мо таъсирпазир бошанд. 

Ё ба қавли Алии Шариатӣ «Фарҳанги копӣ самар надорад».

 

Аброров С.С.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj