Худшиносии миллӣ ва рушди иқтисоди миллӣ

Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд. 

Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд мекунанд:   «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дўст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».

Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид.

Дар ҳақиқат, ҳар як инсони боимон, оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тўли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.

Шукрона аз он бояд кард, ки имрўз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрўзаи миллат мебошад.  Дар баробари ин, бо донистани рукнҳои асосӣ дарк намудани иқтисодиёти миллӣ ва ё вазъи иқтисодии мамлакат низ яке аз унсурҳои муҳимтарини худшиносии миллист. 

Чи тавре доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Эргашев А. қайд мекунад «Иқтисод оинаи миллат аст, ки маҳсули меҳнаташро акс ва дастурхонашро саршор аз неъмат мегардонад. Аз ин нигоҳ, надонистани иқтисод на танҳо асоси хирагии ақлу хирад, балки бефурўзӣ ва нофарҷомии инсон мебошад. Бинобр ин ҳар як инсоне, ки иқтисоди хона, корхона, ноҳия ва миллати худро надонад, оид ба онҳо ақидаву андешаи амиқ, мустақилу мушаххас надошта бошад, дирўзу фардои онро қадр карда натавонад, он бадан дар ботлоқи нодонӣ, ҷаҳони нокомӣ, селоб ва маҷрои гилолуди ҷоҳили зиндагӣ, хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ боқӣ мемонад».

Бояд қайд намуд, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтисодиёти ҷавон аст ва дар ҳолати рушд қарор дорад. Чунки истиқлолияти иқтисодиро мо дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудем. Дар давраҳое, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҳукмронӣ мекард, аввалан таъсири худро ба иқтисодиёт расонид. Иқтисодиёти мамлакат бисёр хароб шуд ва дар баробари ин аз рафтору кирдорҳои ғайриинсонии баъзе аз афроди ҷомеа қариб буд ба нестӣ мерасид. Мо бояд шукрона аз он кунем, ки бо сиёсати оқилонаи роҳбари худшиноси кишвар Пешвои миллат ин ҳама мушкилиҳо паси сар шуданд ва  имрўз мо дар фазои орому осоишта умр басар бурда, фаъолият мекунем. 

Маҳз ҳамин худшиносии миллӣ ва устувории иқтисоди миллӣ буд, ки   моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, даъвати Тоҷикистонро барои ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) пазируфтанд. Ин манофеъ ба рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намуда, Тоҷикистонро боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ машҳуру маъруф мекунад. 

Дар солҳои охир ба масъалаи самаранок истифода бурдани патенсиалҳои истеҳсолӣ, таъсис додани корхонаҳои хурду бузург, дастгирии рушди соҳибкорӣ дар мамлакат эътибори ҷиддӣ дода шуда, ҳамасола чорабиниҳои зарурӣ дар ин самт гузаронида мешавад. Ба андешаи мо, ин ҳама пешравиҳо ва тағйироте, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба назар мерасад, заҳмати миллати тоҷик ва самараи Истиқлолият аст. Ҳамасола аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо ва санадҳои махсус оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрезӣ карда мешаванд. Олимону муҳаққиқонро зарур аст, ки бо баррасии ҳамаи таҳаввулоти фарҳангиву иҷтимоӣ ва диди илми муосир барои бартараф намудани баъзе норасоиҳо ва проблемаҳое, ки дар самти рушд ва инкишофи иқтисодиёти миллӣ дар ҷомеа мавҷуданд, роҳҳои баромад аз ин бунбастро ба таври илмӣ пешниҳод намоянд. Дар ин самт барои боз ҳам беҳтар шудан ба назари мо чунин корҳоро ба анҷом расонидан зарур аст:

• аз нигоҳи илмӣ мавриди баррасӣ қарор додани мероси илмиву фарҳангии таърихӣ ва имрўзаи миллати тоҷик; 

• огоҳ намудани ҷомеа аз прогресси илмӣ-техникӣ ва илми муосир;

• коркарди иттилооти илмиву санҷидашуда дар ҳама самтҳои илмӣ;

• баланд бардоштани сатҳи худшиносии ҷавонон;

• дуруст таҳлил намудани навовариҳои ҷаҳони муосир, нақш ва мақоми миллати тоҷик дар ҷаҳон, инчунин, нишон додани мақом ва мартабаи илми олимони тоҷик ба ҷаҳониён.

Имрўз дар ҷамъият омилҳое ба вуҷуд омада истодаанд, ки инкишофи иқтисоди миллӣ ва зинаҳои ташаккулёбии иқтисодиётро на ин ки фақат ба захираҳои табиӣ-географӣ ва омилҳои хоҷагидорӣ асоснок мекунанд, инчунин, ба мавҷудияту инкишофи фарҳанги мардумӣ ва ақидаҳои миллӣ водор мекунанд. Иқтисоди миллӣ, системаи кушодаи худинкишофёбанда ба шумор рафта, аз субъектони фаъолияти иқтисодӣ (инсон), аз инсонҳои дорандаи фарҳанги миллии мушаххас ва дорандаи менталитети миллӣ  ҷудо буда наметавонад.

Аз ин рў, бояд оид ба иқтисоди миллӣ, зинаҳои ташаккулёбии он ва нақши он дар ҷомеаи имрўза ҳамаи шаҳрвандон огаҳ бошанд, ки ин ҳам яке аз самтҳои тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандўстӣ, инчунин, ҷузъи ҷудонашавандаи худшиносии миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Дар маҷмўъ, ин ҳама масоили дар боло зикргардида ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузоранд.  Нагузорем, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо зананд.

И.ШАМСОВ,

 дотсент 

П.БОБОМУРОДОВ,

 аспирант

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj