Хусусиятҳои биологӣ ва шифоии гули ҳамешабаҳор (Колендула- Calendula officinalis)

Гули ҳамешабаҳор растании яксола буда, баландиаш аз  20 то 40 см мерасад. Пояаш ростистодаи  рангаш сабзи баланд буда, мўякчаҳо дорад. Решааш  дарози панҷадор аст. Баргҳои гули ҳамешабаҳор  дарозрўя буда,  болояш бо мўякчаҳо пўшонида шудааст. Ранги  гулаш зарди тиллоранг ё ин ки зарди баланд ва андозааш  аз 5 то 7 см мешавад. Сохти гулаш чатрмонанд буда, ранги гулбаргҳояш зард  мебошад. Бо роҳи тухмӣ зиёд карда мешавад.

Дар олам 12 намуди гули ҳамешабаҳор мавҷуд аст. Аввалин маротиба ба маданикунонӣ ва парвариши гули ҳамешабаҳор ҳамчун гули ороишӣ дар асри XV дар  Франсия ва баъд дар дигар давлатҳои  Европа машғул шуданд.

Дар шароити  Тоҷикистон гули ҳамешабаҳорро ҳамчун гули ороишӣ  парвариш мекунанд. Тухми онро аввалҳои моҳи сентябр  дар  ҷойҳои махсусе, ки ба парвариши гулҳои ороишӣ машғуланд, дар палҳо мекоранд. Баъди 7 -10 рўз аз тухмҳо сабзида мебарояд. Моҳҳои октябр –ноябр метавонем онро дар ҷойҳои лозимӣ кўчат намоем. Гули ҳамешабаҳор ба хунукӣ тобовар буда,  то саршавии сармои зимистона  реша медавонад ва баробари фаро расидани баҳор хуб нашъунамо ёфта, ба гулкунӣ шурўъ менамояд. 

Гулкунии он аз моҳи март то моҳи май давом меёбад. Азбаски гули ҳамешабаҳор ба хунукӣ тобовар аст, онро ҳамчун гули ороишии зимистона парвариш мекунанд. Баъди тамом шудани муҳлати гулкунӣ давраи тухмбандӣ оғоз мегардад. Шакли тухмаш ба ҳалќачаҳо ё нохун монанд буда, ранги тухми он хокистарранг мебошад. Баъд аз ҷамъоварии тухмӣ дар майдонҳои ишғолкардаи гули ҳамешабаҳор гулҳои мавсимии тобистона шинонида мешавад.

Хусусиятҳои  шифоӣ:  Гули ҳамешабаҳор  дар  баробари гули ороишӣ будан хусусиятҳои шифоӣ низ дорад.  Гули ҳамешабаҳор  ҳамчун растании доруворӣ аз давраҳои Юнони ќадим маълум буд. Дар  асрҳои XV-XVII онро барои табобати бемориҳои захми бадан ва бемории пучак истифода мебурданд. Дар таркиби гулбаргҳои гули  ҳамешабаҳор то 3% каротиноидҳо мавҷуд мебошад. Бештари каротиноидҳо дар  гулбаргҳо буда, дар поя ва баргҳои он тамоман кам дида мешавад.

Дар таркиби гулбаргҳои  гули ҳамешабаҳор зиёд будани миќдори каротиноидҳо аз намуди он вобаста аст. Дар навъҳое, ки рангашон зарди баланд аст, миќдори каротиноидҳо зиёд мебошад. Дар дигар навъҳои он миќдори каротинидҳо кам дида мешавад. Ҳангоми ҷамъ овардани гули ҳамешабаҳор ҳамчун ашёи хоми доруворӣ онро бояд бо зудӣ истифода барем, зеро  баъд аз гузаштани 3 - 4 моҳ хусусиятҳои шифоии он кам  мегардад. Муайян карда шудааст, ки дар таркиби гули ҳамешабаҳор  полисахаридҳо мавҷуд аст, ки ба инҳо  арабиноза, галактоза, глюкоза ва ксилоза дохил мешаванд.

Гули ҳамешабаҳорро ҳамчун растании доруворӣ бештар барои табобати бемориҳои ҷойҳои ҷароҳатбардоштаи бадан, бемории илтиҳоби пардаи луобии меъда, захми меъда, илтиҳоби талхадон, илтиҳоби ҳуҷайраҳои ҷигар ва зидди микробҳо истифода мебаранд. Маҳлули аз гули ҳамешабаҳор  тайёр кардашуда ќобилияти талхаҷудокуниро дар ҷигар зиёд карда, роҳҳои талхарониро шифо мебахшад. Маводи аз гули ҳамешабаҳор тайёр кардашуда барои табобати бемориҳои  илтиҳоби бадан, зидди микробӣ, бемориҳои меъдаю рўда ва ғайраҳо истифода бурда мешавад.  Истеъмоли гули ҳамешабаҳор дар баробари табобати  дигар бемориҳо дар баланд бардоштани  ҳиссиёти мардон самарабахш мебошад. Бо маҳлули аз гули ҳамешабаҳор тайёр кардашуда чашмҳои беморонро мешўянд. Истифодаи ин маҳлул ба беморон шифо  бахшида, ќобилияти биниши чашми онҳоро то давраи пиронсолӣ нигоҳ  медорад. Оби  ҷўшонидаи гули ҳамешабаҳор барои табобати бемории зуком истифода бурда мешавад.

Дар тибби халќӣ гули ҳамешабаҳорро барои табобати бемориҳои илтиҳоби бадан, зидди микробҳо,  пешобронӣ, муътадилии кори дил, паст кардани фишори артериягӣ ва дигар бемориҳо истифода мебаранд.  Оби  ҷўшонидаи гули ҳамешабаҳорро барои бемориҳои талхаронӣ, гулудард, меъдаю рўда истифода мебаранд. Дар тибби халќӣ маҳлули аз гули ҳамешабаҳор  тайёршуда барои бемориҳои захми меъда, рудаи дувоздаҳангўшта тавсия шуда, барои табобати бемориҳои исќоти ҳамл ва хунравии бачадон низ истифода бурда мешавад.

Гули ҳамешабаҳор барои табобати илтиҳоби пардаи луобии даҳон ва гулўзиндонак ҳам истифода бурда мешавад.  Доруҳои аз гули ҳамешабаҳор тайёршуда ҷараёни барќароршавии бофтаҳоро тезонда захмҳоро зуд шифо мебахшад. Хосияти шифоии ќиёми гули ҳамешабаҳор ҳангоми  табобати захми меъда, барќароршавии пардаи осебдидаи меъда ва рўдаи дувоздаҳангўшта  мебошад. Гули ҳамешабаҳорро аз асрҳои миёна  ҳамчун растании шифоӣ васеъ истифода мебурдаанд. Абумансури Муваффаќ дар “Гиёҳнома” се намуди ин растаниро оварда, онро барои табобати омосҳои сахт  судманд ҳисоб мекунад. Абуалӣ ибни Сино навиштааст, ки гули ҳамешабаҳор дар дараҷаи севум гарму хушк аст. Бо сирко барои бемории  рехтани мўйҳои бадан  (Алопеция) судманд ба ҳисоб меравад. Амирдавлат  Амансиатсӣ  фармудааст, ки гули ҳамешабаҳор андар дараҷаи дувум гарму хушк аст. Хусусиятҳои ҳалкунандагӣ дорад бемории музмини дилро шифо мебахшад.

Гули ҳамешабаҳорро дар кошонаҳои ҳусн барои ороиш васеъ истифода мебаранд. Дар Олмон соли 1990 аз гули ҳамешабаҳор марҳаме тайёр  карданд, ки онро дар дуконҳои кошонаҳои ҳусн барои  табобати ҳар гуна бемориҳои пусти рўй истифода мебурданд. Доруе, ки аз маҳлули гули ҳамешабаҳор  тайёр мешуд, барои табобати  доғҳои рўй, нишонаҳои ҷойҳои захми пўсти рўй ва шустани мўи сар истифода мешуд. Гули ҳамешабаҳор беҳтарин маводи табобатӣ  барои  нарехтани мўи сар ба ҳисоб меравад. 

Дар саноат: Гули ҳамешабаҳорро  барои рангаш ва буйи ба худ хос доштанаш дар саноати хўрока ҳангоми тайёр кардани  маргарин, маска, сир ва дигар маҳсулоти хўрока истифода мебаранд. Бо маќсади буйи  хуш доштанаш онро ҳангоми пухтупази  таомҳо ва тайёр кардани ҳар гуна хўришҳо истифода  мебаранд.  Аз гулбаргҳои гули ҳамешабаҳор ранги зард низ тайёр карда мешавад. 

 

Ш.Ҳ.Раҳимов,
асисстенти кафедраи ботаникаи факултети биология
              

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj