Хусусиятҳои растаниҳои шифобахш

Бо шарофати технологияҳои иттилоотии муосир қариб дигар ба нашри маълумот доир ба ин ё он растании  шифобахш дар матбуоти даврӣ зарурат намондааст. Вале аз нигоҳи дигар нашри маълумот дар матбуоти даврӣ боиси мондагор гаштани иттилоот ва созгор будан барои хондани ҳамешагии будааст…

Халқи тоҷик аз қадим ба тиб алоқамандаст. Дар ин росто танҳо номи Абуалӣ ибни Синоро гирифтан кофист, ки аз авҷи баланди илми тиб дар байни тоҷикон шаҳодат медиҳад. Дар тибби қадим доир ба растаниҳои шифобахш ва растаниҳои заҳрнок маълумотҳои зиёде оварда шудааст, вале мушкилӣ дар номи растаниҳост. Воқеан, муайян кардани номҳои қадимаи растаниҳо ва мувофиқанамоии онҳо бо номҳои имрўзаашон хеле кори машаққат аст. Зеро дар муайян намудани чигунагии номи растаниҳо дар баробари дониши тиббии хуб доштан бояд аз адабиёти гузашта ва рисолаҳои классискии дар ин самт таснифшуда огаҳии комил дошт. 

Чи тавре ишора шуд, номҳои растаниҳо тағйир ёфтанд, аммо  рўйидан, таркиб, ранг, бўй, шакл ва аз ҳама муҳим хусусияти шифобахшии онҳо бетағйир боқӣ мондааст. Мо инсонҳо дигаргуна шудем, аз табиат дур мондем, аз истифодаи растаниҳои шифои даст кашидем, дурӣ ҷустем, нахостем, дар ҳоле ки паст будани масуният, хотирпарешонӣ, хонданбезорӣ, фаромўшхотирӣ ва ҳатто кўтоҳумрӣ аз камистифодагии растаниҳо маншаъ мегирад. Масалан, то охири асри гузашта мардум ба ҷаъмоварии ин ё он растанӣ машғул гашта, ба баландиҳои кўҳҳо  рафта растании  қоқу, субинак, ҷамилак, ров, чукурӣ, соқула, пупалоқ, пудина, тахач, камол, гули хор ва амсоли инҳоро гирд оварда, мехушконданд ва барои зимистон захира мекарданд. Ба ҷои хокаи ролтон ё преправаҳо хокаҳои пудина, шибит, барги лаблабу ва ғайраро ба таври васеъ истифода мебурданд ва дар истифодаи растаниҳои мазкур ҳеҷ зараре дар организм ба назар намерасид. Аз истифодаи махсулотҳои табиат ва растаниҳои шифобахш буд, ки кўдакон гирифтори фишорбаландии косаи сар (внутрено черепной давлении) набуданд. Ҳатто вақте кўдаконро ҳарораташон баланд мегашт, аз ягон намуди доруҳои (жарапанижаюшие) ҳароратпаскунанда (параситамол пардифен, синепар ва ғ.) истифода намешуд, танҳо шираи камол ё решаи аҷик тар карда шуда, ба сару пушти онҳо молида молида мегашт ва бо ин ҳарорат муътадил мешуд.  

Ба хотири истифодаи дурусти растаниҳо ва, пеш аз ҳама, шинохти онҳо ва донистани хусусиятҳои онҳо тасмим гирифтем, то дар зер атрофи бархе растаниҳои шифобахш маълумоти мухтасаре дода бошем.

  

Нозбў – Мелиса лекарственная

Рустании хушбў буда, пояи чоркираи росту сершохчаи бо мўякҳои маҳин пўшида дошта, баландиаш аз 50 то 120 см мерасад. Баргаш  байзашакл буда, парраҳояш дандонаи арраро мемонад. Гулаш майдаи зард, гулобӣ ё сафед мешавад. Мевааш байзашакли бурнамо буда, дар ғилофакҳо пухта мерасад. Дар моҳҳои июн –июл гул мекунад ва июл- август бор мебандад. Дар тиб баргу навдаи нозбўро истифода мебаранд. Онро пеш аз шукуфтани гул ҷамъоварӣ менамоянд ва дар ҷойҳои хушку гарми шамолрас мехушконанд. Дар таркиби барги нозбў витамини С, каротин, кислотаҳои олеанӣ, қаҳвагӣ,  моддаҳои даббоғӣ, қатрон, талхӣ ва луоб мавҷуд аст. Дар таркиби қисмҳои рўизаминии он сапонинҳо, талхӣ, луоб, кислотаи аскарбин, каротин ва миқдори ками кумаринҳо муайян карда шудааст. Ғайр аз ин дар баргу пояи  гули он равғани атрогин, ки бўи хуши лимуро дорад, мавҷуд  аст. Дар таркибаш  моддаҳои  ситрил, ситранеллол, миртсен, гераниол, кислотаи аскарбин, моддаҳои даббоғӣ ва ғайра ҳастанд. Дар тибби мардумӣ ниёзбўйро ҳамчун доруи зиддиихтилоҷӣ, оромибахш ва рафъкунандаи  дардҳо истифода мебаранд.

Баргу навдаҳои нозбуро ба миқдори лозима майда карда, як қошуқи калон дар 100 мл оби ҷўшида дам дохта, пас аз 10 дақиқа  чойи  рустаниро барои табобати  бемории дил, рагҳои хунгард, сили шуш, илтиҳоби ҷигару гурдаҳо истифода мебаранд.

Инчунин, нозбўро барои табобати  илтиҳоб ва захми  меъдаву рўдаи  дувоздаҳангушта ва чун исҳоловару арақовар, пошоброну бодрон, барои муолиҷаи  беморони гирифтори илтиҳоби  маҷрои  пешоб, дарди нимсара, бехобӣ, диққи нафас ва камхунӣ тавсия медиҳанд.

 

Қоқу – Одуванчик лекарлственный 

Рустании бисёрсолаи  алафӣ буда, то 30 см  баланд мешавад. Танаи  қоқу рост, баргҳояш намуди пар дошта, гулаш зардча мешавад. Дар вақти чидани қоқу  маҳлули  ширамонанд ҷудо мешавад. Қоқу дар ҳама ҷо мерўяд, реша ва баргҳояш ашёи хоми доругӣ мебошанд. Гул ва баргҳои қоқу дар таркиби худ тараксатсин, флавоксантин, лютемн, витамин В2 бисёр моддаҳои дигар доранд. Решаю танаи қоқу барои кушодани иштиҳо ва беҳтар гардонидани ҳазми хўрок истифода мебаранд. Дар тибби халқӣ қоқуро ба сифати доруи зардаю исҳол кор мефармоянд. Доруҳои аз қоқу омодашударо барои барангезиши иштиҳо ва қавӣ кардани ғадуди зери меъда васеъ истифода мебаранд.

Дар вақти гулаш ҷаъмоварӣ карда, онро ба ҳар гуна истифода баред. Мисол, чойкарда  нўшидан,  майда карда бо чака, дар хўриш, дар оталаи бурида, дар шакароб ва  хушконидан барои ҳар гуна ғизоҳо.  

Салимов Салим,

устоди факултети фарматсевтии ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj