Чини бузург

Ба муносибати 25 солагии устувор шудани робитаҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Чин

Вақте тайёра ба фурудгоҳи марказии Пекин поин мешавад, навиштаҷоти бузурге дар манораи фурудгоҳ: “Гранд Чайна” пеши назар меояд. Ин барои ман, ки бори нахуст ба ин кишвар меомадам, як чизи ногаҳонӣ буд. 

Ивазшавии пешвоёни ҷаҳон дар таърихи навин падидаи нав нест. Дар асри нуздаҳум соҳиби ягонаи баҳрҳо Бритониёи кабир буд. Дар қарни бистум нақши аввалро дар сиёсати ҷаҳонӣ ИМА мебозид. Дар солҳои 60-ум аксари донишмандон умедвор буданд, ки Ҷопон мақоми аввалро дар дунё аз дасти амрикоиҳо кашида мегирад. Имрўз бошад, равшан шуда истодааст, ки авлавиятро аз лиҳози зарфияти иқтисодӣ японҳо не, балки чиниҳо мегиранд. Афзоиши дағдағаи  пешвогароии ИМА баъди пош хўрдани  кишвари шуравӣ дар тамоми дунё майл ба ҷаҳони бисёрқутбиро пеш овард ва дар шаклгирии он нақши фаъолро кишварҳои дар ҳоли рушд ва соҳиби ҳудуду ҷамъиятҳои бузург: Чин, Ҳиндустон, Русия, Бразилия мебозанд. Барои ифодаи муштараки онҳо дар забони истилоҳоти байналмилалӣ ибораи БРИК (бо иловаи ҶАҶ - БРИКС) пайдо шудааст. Дар чаҳорчўбаи он, аллакай, чанд нишасту гирдиҳамоии сарварони кишварҳо ва доираҳои иқтисодӣ баргузор гардидааст. Ба ҳамаи ин кишварҳо рушди устувори иқтисодӣ хос аст. Вале ҷаҳиши босуръат ва ҳайратоварро Чин карда истодааст, кишваре ки ҳамагӣ се даҳсола пеш чоряки аҳолиаш дар вартаи қашшоқӣ қарор дошт. Тибқи чашмдошти муҳаққиқон, дар соли 2020 ҳиссаи Чин дар ВВП дунё 23 фисадро ташкил хоҳад дод, дар ҳоле ки ба дўши ИМА 18 фисад хоҳад буд. Тайи се даҳсолаи ислоҳоти иқтисодӣ Чин тавонист қудрати иқтисодии хешро 15 маротиба афзун кунад ва гардиши тиҷорати берунии худро ба сад баробар расонад. Ҷолиб он аст, ки дар шароити буҳрони глобалии молиявӣ маҳз Чин нахустин шуда нишонаҳои  сиҳатшавии иқтисоди худро нишон дод ва он ҳам дар соҳаҳое ки аз ҳама зиёд зарар дида буданд. Танҳо тайи як соли 2009 дар бозори дохилии кишвар беш аз 10 млн автомашина фурўхта шуда буд. Тайи чанд соли охир чиниҳо беш аз 60 ҳазор км роҳи автомобилгард сохтаанд, ки ҷавобгўи стандарти ҷаҳонист. Ибораи “аз баландии парвозии уқоб”  имрўз танҳо хоси паранда набуда, балки хоси қатораҳои тезгарди чинӣ ҳам ҳастанд. 

Соли 2009  мардуми ба мо дўсти Чин шастсолагии таъсиси Ҷумҳурии мардумии хешро ботантана ҷашн гирифта буданд. Тобистони соли 2010 тайи сафари хидматие, ки дар ин кишвар доштам, бо баъзе хусусиятҳои таърихи шастсолаи бунёди ҷомеае, ки мо ҳам талоши онро доштем ва бо ифтихор сотсиалистиаш меномидем, шинос шудам. Ин фосилаи таърихиро метавон ба се давра ҷудо кард. Даҳсолаи аввал бо кумаки бевоситаи Шўравӣ дар панҷсолаи аввал 156 корхонаи нави саноатӣ таҳкурсии индустрикунонии кишварро гузоштанд, ки бе он ҷаҳиши ҳозира ба пешвоии ҷаҳон ғайриимкон буд. Заводи автомобилсозии Чанчун ё заводи тракторсозии Лоян, ё пули бузурги болои Янсзи. 

Гуфтанист, ки чиниҳо на танҳо таҷрибаи Шўравиро меомўхтанд ва тавре ки мо мепиндоштем, нусхабардорӣ мекарданд,  балки онро такмил медоданд ва ба ҳамин усул каҷравиву хатоиҳои роҳбарияти Шўравиро такрор накарданд. Аввалан, кооперативонии хоҷагии қишлоқро бе барҳам додани кулакҳо ҳамчун синф ба роҳ монданд ва хоҷагиҳои фоидаовареро, ки фишанги афзоиши маҳсулнокии кишоварзӣ гардид, нигоҳ доштанд. 

Дувум, хеле нозукбинона бе мусодиракуниҳо азнавсозии сотсиалистии саноат ва тиҷорати хусусиро гузаронданд. Ҳадафи асосии бунёди корхонаҳои давлатӣ-хусусӣ – ба хидмати умум гузоштани на танҳо сармояе, ки дар ҷайби соҳибкор аст, балки сарвати дар сари ў буда ҳам буд. Собиқ соҳиби корхонаро кулак ва бадарға накарданд, балки ҳамчун директори кул боқӣ гузоштанду дар паҳлуяш комиссарони сурхро дар симои котиби комитети ҳизбӣ монданд. Чунин муносибат ба буржуазии миллӣ таваҷҷуҳи диаспораҳои бойи бурунмарзиро ба Пекин зиёдтар кард. Маҳз ҳамин диаспораҳои сарватманд маблағгузори асосӣ ва такягоҳи ислоҳот шуданд. Агар дар Шўравӣ мо ба ҳамшаҳриҳои бурунмарзиамон муносибати чекистона  мекардем ва  диссиденту лаънаткардаҳои халқ, хоинон, ватанфурўшонашон мехондем, пас, барои ҳукуматдорони Пекин хуасяо (хитоиҳои бурунмарзӣ) меҳмонони деринтизор буданд. 

Савум, агар дар кишвари мо ба дин ҳамчун афюни халқ муносибат шуда, тамоми мамлакатро дар даврони “инқилоби фарҳангӣ” ва баъд аз он созмонҳои ҷамъиятҳое бо номи “Иттифоқи бехудоёни ҷанговар” фаро гирифта бошад, хитоиҳо бо мазҳаби хеш хеле боэҳтиётона рафтор карда, тавонистанд бо инкишофи ҷанбаҳои ахлоқиву меъёрии дини хеш ба он дар ҷомеа мақоми хос диҳанд. 

Ниҳоят коммунистони чинӣ бархилофи коммунистони мо баромади иҷтимоии одамонро меъёри боваринокиву садоқатмандӣ ба сохти нав накарданд. Фарзандони сарватмандону кулакҳо ва рўҳонёнро писарони душмани халқ нагуфта, ба узвияти комсомол мегирифтанд, ба омўзишгоҳҳои низомӣ роҳ медоданд, ба идораи давлатӣ ҷалб мекарданд. Ин амал бошад, такягоҳи иҷтимоии мухолифин ва рўҳияи муқовиматгароёнаи аксулинқлобро суст кард.  

Аммо дар таърихи Ҷумҳурии мардумии Чин давраи беназмиву нофаҳмиҳо ҳам фаро расид ва он ҳам баъди эълони инқилоби маданӣ – даҳсолаи волюнтаризми “ҷаҳиши бузург”, маишати казармавии “коммунаҳои халқӣ”, худсариҳои хунвейбинҳо. Ва ин ҳол то давроне давом кард, ки ба сари қудрат Дэн Сяопин омад ва кишварро аз гирдоби фано берун кард ва роҳи ислоҳот ва бунёди ҷомеаи кушод, яъне модернизатсияи Чинро пеш гирифт. 

ЧАҲОР УНСУРИ ФОРМУЛИ МУВАФФАҚИЯТ

Муносибати нави мақомоти раҳбари Чин ба воқеият дар масали: “чи гуна ранг доштани гурба – сиёҳ ё сафед аҳамият надорад, муҳимаш мушҳоро дошта тавонад” хеле равшан мушоҳида гардидааст. 

Имрўз баҳс кардан душвор аст, ки бунёди иқтисоди бозаргонӣ маънии аз сотсиализм ба капитализм гузаштанро дорад ё не. Муҳиммаш натиҷаи мушаххаси ислоҳот аст. Ислоҳот ба андешаи Дэн Сяопин ҳамон вақт маънӣ пайдо мекард, ки аввалан, ба рушди истеҳсолот мебурд; дувум, сатҳи зиндагии мардумро боло мебурд; савум, қудрати иқтисодии  кишварро дар маҷмуъ зиёд мекард. 

Имрўз кишвари мо ислоҳоти азими иқтисодиро аз сар мегузаронад, чаҳор сабақи ислоҳоти чиниро набояд фаромўш кард: 

Аввалан, ислоҳот аз дарёфти мехнаизм ва роҳҳои боло бурдани самаранокии иқтисодиёт оғоз мешуд. Дар давраи гузариш ҳокимияти неруманди марказ, ки фишангҳои боэътимоди идораро дар даст дорад, зарур аст. Чиниҳо ҳам дар ин маврид  андешаи бебаҳси худро доранд: “Барои он ки сафинаи иқтисоди бозаргонӣ суръаташро баланд кунад ва бо роҳи рост равад, бодбонҳои соҳибкорони хусусӣ ва штурвали танзими давлатӣ заруранд”. Дар ин робита мехостам аз силсилаи иқдомоти хеле ҳам воқеъбинона, хирадмандона ва саривақтии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони хусусӣ, ки дар Паёми қарибулвуқуи декабрӣ ба парлумони кишвар садо доданд, ёдовар шавам.  

Дувум, чиниҳо нишон доданд, ки ислоҳотро бояд  аз шаҳр не,  балки аз деҳа оғоз кард, то тезтар мардумро хўронем, қашшоқиро коҳиш диҳем ва барои соҳибкорони хурд шароит муҳайё кунем. Содатар карда гўем, арзиши иҷтимоии ислоҳотро кам карда, ба миллионҳо нафар одамон имконияти фоидабинӣ аз онҳоро бояд дод. 

Савум, дар хусусигардонии (ибораи шум ва бепардаи приватизатсия)  корхонаҳои давлатӣ набояд шитоб кард, ба яғмо бурдани сарвати халқ, ки бо меҳнати дастаҷамъонаи мардум ҷамъ шудааст, ба вижа сарватҳои табиӣ набояд роҳ дод. Ба ҷойи ин, такя ба ҷалби сармояи хориҷӣ бо роҳи таъсиси минтақаҳои хоси иқтисодӣ бо режими имтиёзнок барои сармоягузорон, ки дар онҳо ширкатҳои хориҷӣ на танҳо ҷойҳои корӣ таъсис медоданд, балки сатҳи умумии технологии истеҳсолотро дар кишвар боло мебурданд.

Ниҳоят, чаҳорум, амали Ҳукуматро бо назардошти таҷрибаи мусбиву манфӣ таҳлил кард, тавре ки дар Чин мегўянд, ҳангоми убури дарё  одам бояд бо пойҳояш сангҳоро ламс кунад. 

Ба ғайр аз меъёрҳои зикршудаи мақсаднок Дэн Сяопин се марҳилаи стратегии татбиқи ислоҳотро нишон дода буд. Дар марҳилаи аввал дар солҳои 80-ум маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду маротиба зиёд карда шуда, тақсими он ба ҳар сари аҳолӣ аз 250 то 500 доллар зиёдтар карда мешуд. Дар марҳилаи дувум  -  солҳои навадум боз маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду маротиба боло мерафт. Ин ҳадаф дар мавриди ҳаҷми молу хидматрасонӣ татбиқ шуд. Аммо бо сабаби аз оғози ислоҳот аҳолии кишвар 300 миллион афзуда буд, танҳо дар соли 2002 даромад ба ҳар сари аҳолӣ 1000 долларро ташкил дод. Марҳилаи сеюм, миёнаҳои асри XXI оғоз ёфта, дар назар аст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ чаҳор маротиба зиёд шавад ва даромад ба ҳар сари аҳолӣ бояд то 4000 доллар боло равад. Ин ба Чин имконият медиҳад, ки қашшоқӣ ва қафомондагиро барҳам дода, ба сатҳи кишварҳои сатҳи миёнаи пешрафта баробар шавад. 

Акнун бубинем, ки ин кишвари бузург ба пешниҳодҳои асосгузори ислоҳот чи гуна наздик шудааст. Ду ҷанбаи аввали болоравии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар муҳлати муқарраршуда фатҳ шуд. Барои ҷанбаи сеюм боз 6 соли дигар лозим шуд.  Дар соли 2006 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 2,7 трлн долларро ташкил дод, ки ба ҳар сари аҳолӣ 2000 доллар рост меомад. Пас, афзоиши чоркаратаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то соли 2020 имконпазир мегардад. Он гоҳ маҳсулоти дохилӣ ба 6 трлн наздик мешавад, ки ба ҳар сари аҳолӣ 4000 долларро ташкил хоҳад дод. 

Чизи дигаре, ки барои мо – насли нави ислоҳотгароён хеле муҳим аст, он буда, ки дар оғози ислоҳот чоряки аҳолии кишвар дар сатҳи қашшоқӣ қарор дошт. Имрўз теъдоди мардуми қашшоқ то ба 24 миллион расидааст, ки 2% -и аҳолиро ташкил медиҳад. Ин падида аз ҷониби СММ ҳамчун пирўзии бемислу монанд бар қашшоқӣ дар таърихи инсоният арзёбӣ шуд. Пароканда кардани коммунаҳои халқӣ боиси болоравии фаъолияти меҳнатии деҳқонон гардид. Баъди 6 соли оғози ислоҳот истеҳсоли ғалла дар кишвар аз 300 то 400 млн тонна афзуд. Бори аввал дар таърихи Чин ба сари ҳар нафари аҳолӣ 400 кг ғалла ҷамъоварӣ шуд.  Аммо барои нигоҳ доштани сатҳи мавҷудаи истеъмол дар шароити афзоиши аҳолӣ аз оғози асри XXI кишвар бояд соле 500 млн.т. ғалла ҷамъоварӣ намояд. 

 Дар Чин ба ҳар сари аҳолӣ 10 садяки замини корӣ рост меояд,  ки аз нишондиҳандаҳи ҷаҳонӣ се баробар камтар аст. Чин бо доштани 7 % замини корам  22%  аҳолии дунёро мехўронад. Чин дар оғози асри бисту як истеҳсоли гўштро то 55 млн.т. ва моҳиро то 28 млн т. расонд. Одамон ҳарчи бештар ба меваву сабзавот рў оварданд. Бо ғанӣ гаштани дастурхон, акнун Чин дар як сол 350 кг ғалла истеҳсол мекардагӣ шуд. Акнун барои аҳолии якуниммиллиардаи Чин 525 млн тонна зарур аст, ки ба воқеият наздик шавад. Аз ин андешаҳо ду хулоса мебарояд:  аввалан, фақат кишоварзӣ аз уҳдаи бойгардонии 800 млн нафар деҳқонон  намебарояд. Сониян, танҳо соҳибкории маҳаллӣ, ё индустрияи деҳот метавонад аҳолии деҳотро ба кор таъмин кунад ва сарвати асосии Чин–захираҳои меҳнатиро ба неруи воқеии тавлиди мол ва хидматрасонӣ табдил диҳад.

Ба андешаи ман дунёи саноатӣ то ҳол падидаи бемисли ислоҳоти чиниҳо – корхонаҳои деҳотро дуруст баҳогузорӣ накардааст. Ҳамзамон, ин сектори нави муҳаррики иқтисоди Ҷумҳурии мардумии Чин беш аз чоряки маҳсулоти саноатии кишвар ва панҷяки содироти онро медиҳад. Ин дар ҳолест, ки болоравии қудрати тавлидотӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ набуда, балки сарчашмаи муҳими даромади буҷа гардидааст. 

Корхонаҳои зиёди тавлидкунандаи техникаву мошинаҳо сехҳои худро дар деҳаҳо ҷой карда, қисмҳои эҳтиётиро мебароранд. Агар дар солҳои пеш корхонаҳои дар деҳот буда одамонро аз хоҷагии қишлоқ дур мекарданд, ҳоло бошад, пешрафти босуръати корхонаҳои деҳот такягоҳи иқтисодии деҳот, манбаи асосии маблағгузориҳо барои модернизатсияи кишоварзӣ, чорводорӣ ва бунёди мактабҳо гардидааст. То солҳои наздик чунин меҳисобиданд, ки дар деҳот 900 млн ва дар шаҳрҳо 400 млн  чиниҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо раванди саноатикунонӣ ва шаҳрнишинӣ ин таносубро тағйир дод. Акнун, тавре дар санадҳои расмӣ оварда мешавад, даромади солонаи миёнаи 800 млн деҳқон 600 доллар ва 500 млн шаҳрӣ – 1800 долларро ташкил медиҳад. Ба хотири рафъи қафомондагии шароити иҷтимоӣ дар деҳот (маориф ва тандурустӣ, нақлиёт ва энергетика) Пекин пурра андози хоҷагии қишлоқро барҳам дод. Маблағгузориҳои буҷет барои дастгирии хоҷагии қишлоқ ва болоравии шароити иҷтимоии ҳаёти қишлоқиҳо ҳар сол 50 млрд. доллар ташкил медиҳад.  Давлат нархи кафолатноки оптималиро барои харидани ғалла ва биринҷ пешниҳод кардааст. 

Маблағгузориҳои буҷавӣ барои дастгирии хоҷагии қишлоқ ва беҳтар кардани шароити ҳаёти деҳотиён ҳар сол 50 млрд. долларро ташкил медиҳад. Нархҳои оптималии кафолатнок ба хариди шолӣ ва гандум ҷорӣ карда шудаанд. Барномаи  давлатии қабулшуда то соли 2020 сохтани 300  ҳаз. км роҳҳои автомобилгарди деҳотро пешбинӣ мекунад.  Ҳамзамон маблағҳои калон барои маҳалҳои дурдастро бо оби нўшокӣ таъмин кардан ҷудо карда мешавад. Танҳо дар соли 2009 32 млн. деҳқон ба оби нўшокӣ даст ёфтанд. Давлат барои ба маълумоти нуҳсола гузаштани мактабҳои деҳот зиёда аз 20 млрд. доллар ҷудо кардааст. Аз он амалан оилаҳои деҳқонон, ки дар онҳо 150 млн. мактаббачагон зиндагӣ доранд, бурд мекунанд.

Чанд сол пеш Пекин ба амалӣ гардондани лоиҳаи «Умед» даст зад, ки ҳадафи аслиаш маблағгузории низоми таҳсилотии кўдакони деҳот аз ҳисоби маблағгузориҳои ихтиёрӣ буд. Ба даъвати ҳукумат беш аз 100 млн. шаҳриён, ҳазорҳо колективи корхонаҳо, садҳо соҳибкори хориҷии дар  Чин буда ҳамовоз шуданд. Лоиҳаи «Умед» якуним миллион кўдакро ба мактаб оварда, имкон дод, ки қариб 3 ҳазор мактаби нав кушода шавад ва тақрибан ҳамин миқдор мактабҳо таъмир карда шаванд ва ба муаллимоне, ки ихтиёран ба маҳалҳои дурдаст ба кор мерафтанд, кумаки моддӣ расонда шавад. Лоиҳаи «Умед» бо шарофати дастрасии амиқ доштанаш диққатҷалбкунанда аст. Ҳар як маблағгузор аниқ медонад, ки пулҳои ў ба куҷо сарф шудаанд. Бо 100 доллар метавон камбағалбачаро ба мактаб овард, 1000 доллар кифоя аст, ки маоши яксолаи муаллим дода шавад ё китобхонаи мактаби деҳа бо адабиёти зарурӣ таъмин карда шавад.  

Лоиҳаи «Умед» на танҳо самараи фарҳангӣ-иқтисодӣ дод, балки арзиши баланди сиёсиву ахлоқӣ низ дошт. Чунончи ин лоиҳа, пеш аз ҳама, рўҳи ҳамдилии иҷтимоӣ, ки ҷомеаи  чиниро дар панҷсолаҳои аввал муттаҳид мекарду бо воридшавии муносибатҳои бозаргонӣ хомўш шуда буд, аз нав бедор кард. 

Дар ибтидои сиёсати ислоҳот ва кушодашавии ҷомеа Дэн Сяопин таъкид карда буд, ки ҳадафи он на танҳо табдили иқтисоди нақшавӣ  ба бозаргонист, балки модернизатсияи санъат, хоҷагии қишлоқ, илм ва мудофиа аст. «Чаҳор модернизатсия» сархати силсилаи чорабиниҳои  тарғиботиву ташвиқотии ҳизб гардид. Ҳизби Коммунисти Чин чунин ҳадафи стратегиро муайян карда буд: «То миёнаи асри XXI  (аниқтараш то соли 2049 – садсолагии инқилоби мардумии Чин) асосан модернизатсияро ба анҷом расонда, Чинро ба кишвари бой, қудратманд,  демократӣ ва мутамаддини сотсиалистӣ табдил медиҳем». Зери мафҳуми «тамаддуни сиёсӣ» демократияи намунаи ғарбӣ не, балки намунаи чинии низоми бисёрҳизбӣ дар назар дошта мешуд. Намуна ё модели сиёсии Чин идеяи дар Осиё маъмули «авторитаризми маорифпарвар»-ро таҷассум мекунад. Ин истилоҳро дар вақташ бунёдгузори давлати ҳозираи Сингапур – Ли Куан Ю пешниҳод карда, онро бозори танзимшаванда бо демократияи идорашаванда маънидод карда буд. Ба андешаи муаллифони идеяи мазкур  ислоҳоти иқтисодӣ бояд аз ислоҳоти сиёсӣ пештар оғоз мешуданд. Танҳо баъди он ки муносибатҳои бозаргонии бо ширкати фаъолонаи давлат шаклгирифта ҳаёти аксари аҳолиро боло мебаранд, метавон ба демократикунонии ҷомеа гузашт.

  Маҳз низоми хоси бисёрҳизбӣ, ки дар он неруи обруманди сиёсӣ ва аксарияти мутлақро дар парламент дар даст дорад ва дар шароити бисёрҳизбӣ дар сари қудрат мемонад, муъҷизаи иқтисодиро дар Сингапур ва Тайван, Кореяи ҷанубӣ ва Япония таъмин кард. Дар Ғарб чунин  андешае маъмул шудааст, ки ислоҳот дар Чин иқтисодиётро дигар карда бошад ҳам, ба ҳаёти сиёсӣ дахл накардааст. Гўиё, диктатураи коммунистӣ чун пештара ҳуқуқи инсонро рад мекунад ё ба эътибор намегирад. Аммо дар асл ин хел нест. Иқдоми  аввалро дар татбиқи модернизатсияи панҷум, яъне такмили низоми сиёсӣ метавон аз волоияти қонун эълон кардани Дэн Сяопин гуфт. Маҳз меъмори ислоҳот эълон кард, ки мақомоти  ҲКЧ ҳақ доранд танҳо дар чаҳорчўбаи Конститутсия фаъолият баранд. Далели мушаххаси ин амр манъ кардани пешвоии якумрӣ буд. Қонуни бо ибтикори Дэн Сяопин қабулшуда иҷозат медиҳад,  ки мансабҳои баланди ҳизбӣ ва давлатӣ танҳо ба ду муҳлат интихоб карда шаванд. Худи амри гузариш аз «мақсаднокии инқилобӣ» ба идея дар бораи он ки қонун барои ҳама, аз он ҷумла барои роҳбарони ҳизбии ҳама гуна сатҳ, то КМ ҲКЧ навишта шудааст, қадами муҳимме дар демократӣ гардондани ҷомеаи чинӣ гашт. 

Акнун, тавре ба назар мерасад, самти асосии ислоҳоти сиёсӣ дар Чин васеъшавии амалияи интихобот дар асоси алтернативӣ хоҳад гашт. Интихоботҳо акнун дар сатҳи волостҳо ва уездҳо мегузаранд. Дар Чин низоми чандзинагии интихоботҳо амал мекунад. Аз намояндагони беҳтарини уездҳо маҷлисҳои музофотӣ шакл мегиранд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар  парламент, яъне Маҷлиси умумичинии намояндагони халқ квота дорад. Сипас маҷлис Сарвари давлат – Раиси Ҷумҳурии мардумии Чинро интихоб мекунад. 

Дар вақташ асосгузорони Ҷумҳурии мардумии Чин се  тамоили назарии тағйирнаёбанда: марксизм, роҳ ба сўи сотсиализм, сарварии ҳизби коммунистро эълон дошта буданд. Ҳоло аз ин се яктоаш эътибор дошта, дутои дигараш ба таври дигар тафсир мешавад. Ба ҷои роҳи сотсиалистӣ дар бораи иқтисоди бозаргонии майлони иҷтимоидошта мегўянд. Ҷойи марксизм-ленинизмро идеологияи расмии патриотизм (ватандўстӣ) гирифтааст.

Ба мардуми Чин зотан парастиши донишмандон, тасаввурот дар бораи он ки танҳо маълумот ва дониш метавонад мавқеи инсонро дар ҷомеа боло барад, хос аст. Макотиби олии Чин имрўз нисбат ба амрикоиҳо чор маротиба зиёдтар муҳандисонро тайёр мекунанд. Аллакай, чанд сол шудааст, ки Ҷумҳурии мардумии Чин ба бозори ҷаҳонӣ нисбат ба ИМА ва Иттиҳоди Аврупо зиёдтар самараи технологияи иттилоотиро пешниҳод мекунад. Аммо танҳо 15-20 дар сади арзиши ин компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, фотокамераҳои рақамӣ ба соҳибкорони чинӣ бармегардаду боқимондааш барои пардохти литсензия ва патентҳои хориҷӣ сарф мешавад. Барномаи пешомаддори бунёди «иқтисоди донишҳо» ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2020 вобастагии Чинро аз технологияи хориҷӣ аз 80 то 30 фисад поин фарорад. 

Паёмади ҷаҳиши иқтисодии Чин барои олами атроф боз ҳам таъсирбахш мешавад. Мардуми аз ҳама сершумори дунё сарватманд шуда,  ҳарчи бештар маҳсулот мехарад. Мисли чангкашаки бузург Чин  нисфи содироти ҳамсоягони осиёгиашро фурў мебарад. Ин дар шароити буҳрони имрўза хеле муҳим аст.

Ҳамзамон, ба афзоиши қудрати иқтисодии Чин эҳтиёҷоти кишвар бо захираҳои энергетикӣ меафзояд. Чин имрўз баъди ИМА бузургтарин истеъмолкунандаи нафт дар ҷаҳон аст. Аллакай, Чин маҷбур аст, ки сеяки моли ба он заруриро ворид кунад. Ҳиссаи нафт дар тавозуни энергетики кишвар 30%- ро ташкил медиҳад. Тибқи баъзе маълумотҳо то соли 2020 талаботи Чин ба нефт 500 – 600 млн. тоннаро ташкил дода, вобастагии кишвар аз воридоти «тиллои сиёҳ» 65% -ро ташкил хоҳад дод. Ин чунин маънӣ дорад, ки Чин дар соли 2020 365-390 миллион тонна нефтро аз берун ворид хоҳад намуд.

Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки соҳаи авлавиятдори ҳамкориҳои Чин бо ҳамсоягонаш аз Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла бо Тоҷикистон энергетика хоҳад буд. Ҳамкориҳои моро бо ин кишвари бузург дар соҳаҳои нанотехнология, сарфаи энергетика, экология, истифодаи мақсадноки табиат пешомади бузург интизор аст. 

Вақте ба фурудгоҳи Пекин меомадем, роҳбалади чиниам Валера шўхикунон гуфт, ки аз моҳи август (соли 2010) аз муомила ибораи «товариш» гирифта мешавад ва ман ҳам мисли шумо «господин - ҷаноб» мешавам. Хостам, гўям, ки аз ҷанобии мо товаришии шумо хубтар аст, ба ҷояш дигар суханон баромад, ба он маънӣ, ки кошкӣ, мо ҳам мисли чиниҳо ҷанобшави (худованди кор хеш шудан) – ро ёд гирем.  

Холаҳмад Самиев,

 декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj