Шералӣ Мирзо: Қувваҳои мусаллаҳ сутуни асосии давлат аст!

Муҳтарам ҷаноби вазир, мехостем сарааввал Шуморо ва дар симои Шумо тамоми афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии Рўзи артиши миллӣ 23 феврал табрику таҳният гуфта, дар хизмат ва фаъолияти ҳамарўзаатон бурдбориҳо таманно мекунем. Дар оғози суҳбат мехостем каме дар мавриди таъсисёбии Артиши миллӣсухан мегуфтед.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки  зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандўстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Ин, албатта, амри воқеист. Чунки вазъи зудтаѓйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор намояд.  Аз ин рў, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рўзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе  Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва сулҳу суботи таъминкунандаи ҳар як давлат аст.
23-юми феврали соли 2017 аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол пур мешавад.
Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ сарфи назар аз он, ки  кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурўъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне,  ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурўъ гардид. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.  Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1994 дар солгарди нахустини Артиши миллӣ, паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Аз ҷумла, давраҳои сохтмону ибтидоии Артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият бахшидани сатҳи омодагии ҷангии он.
Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қўшунҳои хушкигард, Қўшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанўз ҳам идома дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ѓамхории пайваста зоҳир менамояд.
Дар соле, ки сипарӣ гашт, яъне соли 2016 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом дастовардҳо ноил гардид.
Ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмуи машқҳои муштараки зидди террористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машѓулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Танҳо дар давоми соли 2016 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ беш аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба ҷамъомаду машѓулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпўши ҷангиву артиллерӣ, автомашинаҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, автомашинаҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд.
Батадриҷ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он, дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешавад.
Умуман дар давоми 24 соли фаъолият ва бурду бохт дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи яроқу аслиҳа, аз қабили нишонгир снайперҳо, парашутистон, минаҷўён, тирандозон, нишонгиру ронандагони техникаҳои вазнини зиреҳпўши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
20-уми феврали соли 2015 бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳоисиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рўҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрўю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд. Чунки сатҳи баланди омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандўстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.  Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.
Илова бар ин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохўрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то синни даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи кишвар ва дигар афроди некбини ҷомеа доир гардида, ҳамчунин пайваста маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.
Масъалаи омодасозии афсарони ҷавон дар кадом сатҳ қарор дорад? Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо кадом кишварҳои хориҷ дар ин самт ҳамкорӣ ё созишномаҳое дорад?
 Имрўз сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Академияву омўзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола наздики 200 нафар афсарони касбӣ онро хатм менамоянд, ҳудуди се ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд.
Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва курсантони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомўзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имкон дод, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд.
Айни ҳол, дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷ наздики 800нафар таҳсили илми низомӣ менамоянд, ки ҳайати онро курсантону шунавандагон ташкил медиҳанд.
Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ, асосан, дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомўзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кўшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Айни замон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро доро мебошад.
Фаъолияти муассисаҳои таълимии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чи ӣгуна аст?
Пўшида нест, ки солҳои аввали истиқлолият ҷузъу томҳои навтаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойгоҳҳои муассисаҳои гуногуни давлатӣ таъсис ёфта буданд. Батадриҷ қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъсису уҳдадорӣ, аз ҳудуди пойтахт ва аз дигар мавзеъҳои наздики минтақаҳои аҳолинишин бароварда шуда, дар мавқеъҳои стратегии мамлакат ҷойгир карда шуданд.
Дар баробари ин, дар давоми 24-соли рушду нумуи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гарнизонҳои Хатлону Суѓд, Хоруѓ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони комуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кўтоҳ, бо сифати баланд, бо меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз соли    2002 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии Артиш таъсис дода шудааст. Клуби мазкур яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, варзишгарони он ба ҳайси дастаҳои мунтахаби кишвар шомил буда, аз рўи намудҳои гуногуни варзиш дар садҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат ва зинаҳои намоёни ифтихориро ишѓол намудаанд. Варзишгарони Клуби марказии варзишии Артиш баҳри ривоҷу равнақи варзиши ҳарбӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Варзишгарони Клуби мазкур ҳамасола дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, бо иштироки фаъолонаи худ бо медалҳои тиллову нуқра, медали биринҷӣ, ифтихорномаҳои зиёд ва дигар туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шудаанд.
Инчунин, дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа толору майдончаҳои хуби варзишӣ ва барои обу тоби бадан дигар шароитҳои зарури муҳаё гардонида шудааст, ки чунин шароитҳо имкон медиҳад тамоми машѓулиятҳои ҷисмони сари вақт ва дар сатҳи лозима ташкилу ба роҳ монда шавад. Ин аст, ки айни ҳол дар тобеияти тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дастаҳои варзишӣ амал карда, дар тамоми мусобиқаҳо ширкати фаъолона менамоянд.
Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2017 чӣ ниятҳо ва ё нақшачорабиниҳо омода намудааст?
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи кишвар як қатор чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзиширо ба нақша гирифта, онро тадриҷан амалӣ намуда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2017 аз сарбози қаторӣ то хизматчиёни ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа шиори “20-солагии Ваҳдати миллиро бо неруи тоза ва омодабошии баланди ҷангӣ пешвоз мегирам” қабул намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд.
Умуман талаботи қонунҳои амалкунанда, амру супоришҳо ва иқдому ташаббусҳое, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ гузошта мешаванд, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ сари вақт ва бо сарбаландӣ иҷро мегарданд. 
Шумо ҳамчун вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар омода намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Воқеан, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар омода намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калон дорад.
Дар тобеияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ фаъолият менамояд. Ин кафедраро ҳамасола садҳо донишҷўён хатм намуда, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Вазорати мудофиаи кишвар, Гвардияи миллӣ, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қўшунҳои мудофиавии граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳо дохил мешаванд. Дар кафедраи ҳарбӣ барои таҳсили донишҷўён ҳама шароит, аз қабили майдончаҳои оташфишонӣ, ҷисмонӣ, сафарҳои тирпаронӣ, ва дигар таҷҳизоти таълимии тактикӣ бо шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидааст.
Аз ҷониби дигар бошад, баъди хатми кафедраҳои ҳарбӣ донишҷўён ҳамчун афсарони эҳтиётӣ дар қайди Комиссариатҳои ҳарбӣ  қарор гирифта, дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамчун қувваҳои эҳтиётӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мегарданд.  
Барои чунин як суҳбати самимӣ ба Шумо изҳори сипом менамоем.
Саломат бошед!
Суҳбаторо Абумуҳаммад Тўраев

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj