Шукрона аз сулҳу хоби нози тифлон мекунам…

Дил мехоҳад, ки чизе нависам. Вале дар интихоб душворӣ мекашаму раҳгум мезанам. Яке аз дигараш дар назарам муҳимтар менамояд. Тавсияҳои устодон дар мавриди навиштану эҷод бошад, дар як гўшаи хаёл пайваста давр мезананд. Замоне занҷираи хаёлҳоямро садои муниси модарам қатъ кард. Ў мегуфт: «Хонаро ором нигоҳ доред, кўдак хоб кунад». Баъди чанд лаҳза бо аллаи модарам, тифл чунон хоби ширин рафт, ки ҳавасам омад. Хона ором шуд. Даме ба хоби пурнозу ширини тифл менигарам. Бо андешаҳои дуру дарози беохир ба берун мебароям. Фазои ҳавлиамонро хандаи кўдакон пахш мекард. Яке суруд мехонд, дигаре рақс мекард, сеюм ашёе дар даст доира мезад, боқимондаҳо механдиданд. Онҳоро бо завқ мушоҳида намуда, боз вориди хона шуда, ба фикр фурў рафтам... Чун ба чеҳраи беѓубори тифлак нигоҳ менамудам, олами фикрҳои наве маро беихтиёр ба худ ѓарқ менамуд. Навору аксҳои дар сомонаҳо чанд рўз қабл  дидаам, пеши назар ба ҷилва меомаданд. Тавба, дафъатан, шаҳру деҳоти  сўхтаи Сурия, Ироқ, Афѓонистон ва чанд кишвари дигар чун наворҳои кўтоҳ пеши назар ба ҷилва мекарданд. Майдони ҷанг, хонаҳои сўхтаву валангор, таркишҳову амалҳои терористӣ, бомбаандозии ҳавопаймоҳо, силсиласадои автоматҳо ва амсоли он маро андешаманд месохтанд. Аҷиб, ки кўдакони онҳо чӣ ҳол дошта бошанд? Онҳо низ мисли кўдакони мо орому беозор хоб мерафта бошанд? Ҳайҳот! Тифлони ин сарзамин чун тифлони мо рўзгори осуда надоранд. Онҳоро бадбахт сохтаанд! Осмони мусаффоро намебинанд. Дар киштиҳо, дар роҳҳо ва дар мактабу хонаҳои худ қурбон гашта истодаанд. Дареѓ аз бешафқативу бераҳмии инсонҳо, ки мўҷиби марги тифлони бегуноҳанд.

Дар саҳифаҳои интернетӣ ҳар дақиқа аксҳои майдони ҷангро мебинем. Аксари ҷабрдидагон кўдакону тифлони бегуноҳанд. Мегўянд, ки ҷанг-ҷанг асту кори худашро мекунад, вале гуноҳи кўдакон дар чист? Чаро онҳо барои гуноҳи нокардаашон ҷазо гиранд? 

Дар саҳифаҳои Facebook аксеро дидам, ки тифл назди ҷасади мурдаи хуншори модар менишаст, аммо гиря намекард. Беҳиссу бесадо менишаст. Зеро ў чизеро дарк намекунаду интизори аз ҷой хестани модар буд. Ў ба чизе кор надорад, ба касе зарар расонида наметавонад ва ба дунё ба дидаи кўдаконаи худ менигарад. 

Фалакро бинед, ки мо дар ин ҷо дил намекунем, хоби ширини як тифл вайрон шавад, вале дар он ҷо ифротгароёни дур аз имон ҳазорон кўдаки бегуноҳро мекўшанд. Барои ин гуна корҳои кабеҳ чӣ кадар дили сангин доштан лозим аст? Не, онҳо дил ҳам надоранд. Ин қабил ваҳшиёнро хатто инсон ном бурдан душвор аст.

Ман бо дили пур гуфта метавонам, ки хушбахт ҳастам. Хушбахт аз онам, ки падару модар, унвони донишҷўӣ дораму хандаву хоби ширини тифлонро мебинам. Дар ҳалқаи хурсандии онҳо хурсандии падару модар, ҷомеа ва Тоҷикистони  шукуфонро мебинам. Бо Ватани худ фахр мекунам. Шукрона мекунам, ки дар ин сарзамин ба дунё омадам. Аз хоби нози тифлони тоҷик шукрона мегўям. Ҳамзамон, шукронаву ифтихор мекунам, ки Пешвои одилу ѓамхор дорам ва ў кафили ин хобу хандаҳои беѓаши кўдакону фазои сулҳомези тоҷикон аст.

Нилуфар Хуррамова,

донишҷўи курси 2, 

ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ

          

 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj