Экскурсия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Мақсад ва ҳадафи ҳар як Осорхона ҳифзи ёдгориҳо, тарѓибу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии ниёгон мебошад. Бояд гуфт, ки ҳамаи ёдгориҳои таърихӣ, нигораҳои нодир ва осори гаронарзише, ки имрўз дар осорхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд, тавассути экскурсия (сайри осорхонавӣ) ба тамошобинон муаррифӣ мегарданд.

Вобаста ба мазмуну моҳияти экскурсия дар адабиёти тахассусӣ чунин омадааст: «Экскурсия ин бо роҳнамоии роҳбалад аз рўи хатти сайри муайян бо мақсади донишомўзӣ, маърифатӣ,  ҳадафҳои илмию таълимӣ, қонеъгардонии талаботи зебопарастӣ ва истифодаи пурсамари вақти холӣ тамошои дастаҷамъии осорхона, мавзеъҳои таърихӣ, гушаҳои табиат, намоишҳо ва дигар нуқтаҳои таърихию фарҳангист»(Музееведение. Под.ред. К. Г. Левыкина и В. Хербста.- М.: Высшая школа. 1988.- Стр. 178). Аз ин таъриф бармеояд, ки гузаронидани экскурсия танҳо хоси осорхона набуда, балки берун аз он ҳам ба мисли мавзеъҳои таърихӣ, маҷмааи ёдгориҳои меъморӣ ва дигар гушаҳои зебои табиат гузаронида мешавад.

Аз нигоҳи ин ҷониб, агар асоси фаъолияти осорхона экспонат бошад, нақши аз он ҳам болотарро роҳбалад ба иҷро мерасонад, зеро ҳама он ашёҳои осорхонавие, ки аз ҷиҳати илмӣ арзишҳои муҳимми таърихӣ доранд, маҳз тавассути роҳбалад бо тамоми хусусияташон ба тамошобин муаррифӣ мегарданд. Аз ин хотир роҳбаладро зарур аст, ки новобаста аз ихтисос таърихи миллатро ба таври муфассал донад, инчунин, нутқи бурою фаҳмо ва ҳаракати ҷаззоб дошта бошад, ки диққати тамошобинро ба худ ҷалб намояд. Вазифаи асосии роҳбалад он аст, ки ба тамошобин маълумоти наве дода тавонад. «Талаботи асосӣ ба роҳбалад ин аст, ки нигораҳои осорхонаро ба таври кофӣ омўхта бошад ва диққати тамошобинро ба худ ҷалб карда тавонад, таърихи ватани худро наѓз донад, нутқи бурро, одоби шоиста ва дониши кофии таърихӣ дошта, аз уҳдаи воқеаҳои таърихии гузаштаву имрўза баромада тавонад ва аз навигариҳои илмӣ огоҳ бошад» (Шарипов А. Экскурсияи осорхонавӣ ва се усули асосии он/ Ахбори Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод-Душанбе: Адиб,№9,2011- С. 3-19).

Роҳбалад бояд чун омўзгор асосҳои педагогиву психологиро барои ҳама зинаҳои таълим (кўдакони сини томактабӣ, хонандагони макотиби миёна, донишҷўёни макотиби олӣ, меҳмонону сайёҳон) аз худ намуда, асосҳои кори осорхонашиносиро донад. 

Агар таърихи ташкилёбии осорхонаҳои Тоҷикистонро варақ гардон намоем, аввалин осорхона дар қаламрави Тоҷикистон соли 1931 дар шаҳри бостонии Хуҷанд кушода шуд (Масов Р.М. Абдулҳаев Р.А. Чароѓи маърифат.- Душанбе: Ирфон. 1985.-Саҳ.58). Аммо имрўз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ шумораи умумии осорхонаҳои кишвар ба зиёда аз 55 адад расидааст. Ин шаҳодати он аст, ки дар солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг диққати махсус зоҳир менамояд. Маҳз дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ёфтанд. 

Осорхонаи миллии Тоҷикистон 20-уми марти соли 2013 дар рўзи иди байналмилалии Наврўзи хуҷастапай бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дари худро ба рўи тамошобинон боз намуд. Дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ нигораҳои нодир, ёдгориҳои таърихӣ аз қадимтарин давраи таърихи инсоният, яъне асри санг то даврони соҳибистиқлолии кишвар ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар Осорхонаи миллӣ баҳри гузаронидани экскурсия барои меҳмонони ватанию хориҷӣ шуъбаи махсус бо номи «Шуъбаи экскурсионӣ ва оммавӣ» фаъолият мекунад, ки аксари кормандони шуъбаи мазкурро ҷавонони фаъъолу забондон ташкил медиҳанд. Албатта, табиист, ки дар ҳама осорхонаҳои ҷумҳурӣ барои тамошобин экскурсия гузаронда мешавад, аммо хусусияти асосӣ ва бартарии гузаронидани экскурсия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар он аст, ки ходимони илмии осорхона дар баробари забони давлатӣ, инчунин, бо забонҳои хориҷӣ, аз қабили рўсӣ, англисӣ ва арабӣ дар сатҳи баланди касбӣ ба меҳмонони хориҷӣ сайри осорхонавӣ гузаронида, онҳоро аз таъриху фарҳанги кўҳани халқи тоҷик огоҳ месозанд. Мавриди зикр аст, ки ҳама он намояндагоне, ки аз кишварҳои хориҷ баҳри иштирок дар конфронсҳои сатҳи баланд ба Тоҷикистон меоянд, ҳатман аз муассисаҳои фарҳангии кишвар низ дидан менамоянд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди фарҳангӣ ҳамарўза дари худро барои тамошобинони ватанию хориҷӣ боз менамояд.

Баҳри баланд бардории завқи тамошобинон ва ѓанигардонии ҷаҳони маънавии онҳо Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар ҳамкориро барқарор намудааст.  Ҳангоми ташрифи хонандагон ба Осорхона ходимони илмӣ ба онҳо экскурсияҳои мавзўӣ мегузаронанд. Мавзўӣ будани экскурсия имконият медиҳад, ки тамошобин оид ба ягон давраи таърихӣ маълумоти муфассал пайдо намояд. Мақсад ва ҳадафи асосии ташкил намудани чунин ҳамкориҳо, пеш аз ҳама, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба осорхона ва огоҳ намудани онҳо аз таъриху фарҳанги кўҳани миллат мебошад. 

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 131495 нафар тамошобини ватанию хориҷӣ дидан намудаанд, ки барои онҳо аз ҷониби ходимони илмии осорхона 1212  экскурсия ташкил карда шуд. 

Алишер ЗАРИПОВ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj