Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат - намунаи ибрат барои ҷавонон

Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси миллии  Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷавонон хеле хурсанд гардида, ҷонибдории  худро изҳор менамоем. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзандаи худ ба ин мақом  сазовор мебошад.

Яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла, ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 70 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: "Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандўстиву ватанпарастӣ мебошад."

Дар зиндагии худ ҳар як ҷавон нафареро ҳамчун шахсият эътироф намуда, кўшиш менамояд, ки ба монанди ў сухан гўяд, рафтор кунад ва ҳатто шакли зоҳирияшро мутобиқ созад, яъне ҳар як ҷавон намунаи ибрати худро дорад. Намунаи ибрат инсоне шуда метавонад, ки дар рафтор, гуфтор ва кирдори он нуқсон ҷой надорад. Намунаи ибрат инсони хирадманд, ҷасур, ростқавл, бовиҷдон, боинсоф, дастгиру меҳрубон, шаклан ва ботинан зебову зебопараст  мебошад. Намунаи ибрат аз ҷониби ҷавонон бо он сабаб интихоб мегардад, ки онҳо мехоҳанд ба шахсе пайравӣ кунанд ва ба мисли ў ба қуллаҳои баланди мурод расанд. 

Дар айни ҳол ман ҳамчун ҷавони кишвар бо боварӣ гуфта метавонам, ки намунаи ибрати мо-ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат мебошад. Далели ин гуфта он аст, ки дар тўли роҳбарии ин нобиғаи миллат наслҳои алоҳида ба воя расиданд, аз мактаби сулҳофариву ватандустӣ таълим ва тарбия гирифтанд. Дар заминаи гуфтор, рафтор ва кирдори Эмомалӣ Раҳмон амал намудани мо, ҷавонон боиси он мегардад, ки мо ба муроду мақсади доштаи худ мерасем ва барои шукуфонии Ватани азизамон саҳми худро мегузорем.

Пешвои мллат будани Эмомалӣ Раҳмон бо чунин муваффақиятҳои ў исбот шудааст:

1. Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ў давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт;

2. Тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шуд;

3. Тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кўтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд;

4. Бо ҷасорат ва иродаи қатъии ў мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсўз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расиданд;

5. Дар симояш тамоми рўҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфт;

6. Мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам овард;

7. Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон давлат тавонист дар масъалаҳои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ, татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа дастовардҳои муҳим касб намояд.

8. Ваҳдати миллии мо бо зерсохторҳои зарурӣ низ таъмин гардид;

9. Ба амал баровардани ислоҳоти иқтисодӣ буд, ки муҳимтарин бахши он гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ ба ҳисоб меравад;

10. Талошҳои фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон заминаи онро гузошт, то миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад;

11. Талошҳои Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, то Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад.

Ба ақидаи ман Президенти мо шахсияти нотакрор аст, сифатҳои неки инсонии худодод дорад, ки ба туфайли ин, тамоми зертобеонаш ба таври мураттабу муназзам кору фаъолият мекунанд. Ман итминон дорам, ки ин шахсият тасодуфан пешвои миллати мо, кафили ҳифзи сулҳу субот, тарроҳи ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва роҳбалади амалисозии онҳо нагардидааст.  Ў шахсияти созанда ва ислоҳотчӣ мебошад,  сиёсатмадори оқилу хирадманд аст. Ў шахсияти ғайриодӣ ва роҳбари кордон, шахси боҷуръат буда, ба қавли хеш вафодор аст. Ў  дар оғози касби истиқлоли кишварамон гуфта буд, ки омода аст ҷони худро барои Халқу  Миллат ва Ватани худ фидо намояд. Ва имрўз низ ў ба ин суханони худ содиқ аст. Маҳз барои ҳамин халқ ўро дастгирӣ мекунад. Ҳамаи он чи ки ў пешниҳод кардааст, ҳеҷ гоҳ бар хилофи иродаи мардум ва ба муқобили манфиатҳои миллӣ набудааст. Халқи мо дар атрофи Президенти худ муттаҳид гашт, неруманд шуд, раванди бунёди давлатдориро анҷом дод, шароитро  барои зиндагии шоиста ба фарзандону наберагони худ фароҳам овард. Ба ҳама маълум аст, ки сатҳи пасти фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа барои рушди босуръат монеа эҷод мекунад. Бинобар ин, ҳам Президент, ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам ҳизбҳои сиёсӣ маҳз дар ростои фаъолсозии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии мардум ва тарбияи онҳо дар рўҳияи таҳаммулпазирӣ кор мебаранд. Бигузор Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Пешвои миллат боз ҳам рушд ёфта, шукуфонтар, зеботар ва пурқувваттар гардад.

 

Пешвои миллат

Сулҳу ваҳдатро асосу халқу миллатро симо,

Барқарории низому ҳодӣ аст дар кори мо.

Соҳибунвону саодатманду фахри уламо,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

Ҷангро аз байн бурду мулкро ором кард,

Ҳар гурўҳе муттаҳиду саркашонро ром кард,

Ҳар чи коре кард онро баҳри худ не, ом кард,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

Қонуну қонунгузориро, барои мо навишт,

Ҳокимиятро намуд ў устувору монд хишт,

Кишвари моро чу боғе кард монанди биҳишт,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

Тоҷикистони азизам карда машҳури ҷаҳон,

Ё ки Наврўзи Аҷамро  ҷашни байни мардумон,

Дониёро, бош шокиру дуогў ҳар замон:

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

Сангинов Дониёр, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj