Ў ИФТИХОРИ МОСТ...

Устодо, раҳнамоед, шоҳсутуни зиндагӣ,

Қаҳрамони ҷонфидоед, дар шарори зиндагӣ.

Ҳаёти инсоният доимо дар гардиш ва пур аз тазодҳо мебошад, ки дар ин роҳ ҳар як фард бо хизматҳои шоиставу накуяш умр ба сар мебараду саҳми хешро дар пешрафту шукуфоии зиндагии нафарони дигар мегузорад. Муаллимаи ниҳоят ғамхор, меҳрубон ва арзандаи ҳама гуна суханҳои нек, номзади илмҳои филология, дотсент Раҷабова Ибарури Солиевна низ аз ҷумлаи чунин шахсон ба шумор мераванд, ки умри худро сарфи тарбияи насли наврас ва ба камол расонидани ҷавонони донишманду илмомўз кардаанд.

31-уми декабри соли 1936 дар шаҳри бостонии Бухоро, дар оилаи олим ва ҳуқуқшиноси шинохта Раҷабов Солеҳ Ашўрович тифлаке ба дунё омад, ки номи ўро Ибарури (ба хотири зани муборизи испанӣ, ки барои ҳуқуқу озодиҳои занон мубориза бурдааст) гузоштанд. Бо гузашти айём тифлак ба воя расида, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расонд. Меҳри беандоза ва шавқи зиёди донистани забони фаронсавӣ, баъди хатми мактаби миёна (соли 1955) ўро ба факултети забонҳои хориҷии Институти педагогии забонҳои хориҷии шаҳри Маскав бурд. Соли 1959 институтро бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхат ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ) ба кор омад. Муҳити оилавӣ ва доираи донишварон муаллимаро ба илму тадқиқот бисёр ҷалб сохт ва натиҷаи ҳамин буд, ки соли 1966 рисолаи номзадии худро зери роҳбарии адабиётшиноси машҳури шўравӣ, номзади илмҳои филология, дотсент Горден Я.И. дар Институти шарқшиносии шаҳри Москва бо муваффақият ҳимоя намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин ҳангом роҳбарии ин институтро Қаҳрамони халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров бар уҳда доштанд. Ба сифати мушовирони илмӣ дар рисолаи номзадии муаллима шарқшиносони машҳури Иттиҳоди Шўравӣ, академикҳо Бертелс А.Е. ва Брагинский И.С. вазифадор шуда буданд, ки ба кори муаллима баҳои баланд додаанд.

Фаъолияти меҳнатии самаранок ва заҳматҳои шабонарўзии муаллимаро ба инобат гирифта, соли 1970 раёсати донишгоҳ ўро ба вазифаи мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои немисӣ ва фаронсавӣ таъин намуд, ки зиёда аз 37-сол ин вазифаро бо сари баланд иҷро карданд.  Маҳз бо талошҳои муаллима кафедраи мазкур ҳамчун кафедраи алоҳида таъсис дода шудааст. 

Дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва муаллимони баландихтисос саҳми муаллима ниҳоят назаррас мебошад. Дар давраи фаъолият ба сифати мудири кафедра муаллима тавонистанд устодони ботаҷрибаро ба кафедра ҷалб намоянд ва базаи илмии кафедраро низ баланд бардоранд.

Саъдии бузург дар ҳаққи чунин шахсон хуб гуфтааст:

Шарафи мард ба илм асту каромат ба суҷуд,

Ҳар кӣ ин ҳар ду надорад, адамаш беҳ зи вуҷуд. 

Маҳз бо талошҳои муаллима дар ин давра як нафар рисолаи докторӣ ва ҳафт нафар рисолаҳои номзадиашонро бо муваффақият ҳимоя намуданд. Муаллима Раҷабова И.С. на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар хориҷи кишвар низ нуфузу эътибори зиёдро соҳиб гаштааст. Муаллима чандин маротиба дар ҳайати намояндагони Иттиҳоди Шўравӣ, ба хусус Тоҷикистон ба сифати тарҷумон сафарҳои зиёди хориҷиро ба давлатҳои Австрия, Белгия, Шветсария, Люксембург, Канада, Фаронса ва чанди дигар анҷом додааст. Маҳз дар яке аз чунин сафарҳо бо Президенти ҳамонвақтаи Фаронса дар соли 1989 Франсуа Митеран вохўрда, аз ў ордени “Золотая пальма (нахли тиллоӣ)”-ро мушарраф шудааст. 

Саҳми муаллима дар рушди муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фаронса ниҳоят калон аст. Ин ҳамаро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муаллима ордени “Шараф” (дараҷаи III)-ро сазовор донист.

Заҳматҳои илмии ин шахсияти нотакрор дар чандин китобу дастурҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои гуногун инъикос гардидаанд. Зиёда аз 40 номгўи маводи чопии муаллима айни ҳол дар хизмати донишомўзон қарор доранд. Нашунидаем, ки боре дар бораи худ гап зада бошанд, агарчи оид ба фаъолияти илмию омўзгории хеш, сафарҳои хориҷию фаъолияташ дар он, ҷоизаву унвонҳои худ гуфтаҳо доранд. Ба назар чунин мерасад, ки муаллима ҳар рўз ба касе, хусусан ба шогирде, ҳамкоре, олими ҷавоне ёрӣ ва манфиате нарасонад, гўё аз худ розӣ нест.

Суханони Унсурмаолии Кайковус “Ҳар сифате, ки тааллуқ дорад ба ҷавонмардӣ, ба зери он се чиз аст. Аз ин сегона яке хирад аст, дувум ростӣ ва севум мардумӣ”-ро мо дар симои муаллима дарёфтаем.

Дар ин рўзҳо фатҳи 80-умин зинаи умрро ба муаллимаи азиз Раҷабова Ибарури Солиевна аҳли устодони кафедра муборакбод мегўем. Бигзор, саломатию умри дарози бобаракат, неруи қавӣ, дастовардҳои тозаву зиёди эҷодӣ ва иқболу маҳбубият ҳамради эшон бошанд!

 

З.И.Замонов,

 дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ

С.Х.Хуҷамқулов,

 ассистенти кафедра

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj