ҒОЛИБИЯТИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК

Маҳз дар давраи истиқлолияти давлатӣварзиши тоҷик густариши бесобиқа пайдо карда, варзишгарони ҷавони мо тавонистанд, ки бо иштироки фаъолона ва ҳисси баланди ватандўстонаи худ соҳиби ҷоизаҳои олимпӣгардида, ба ифтихори пирўзии онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон ва дар гўшаҳои мухталифи олам Суруди миллиамон садо диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан, дар партави сиёсатҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ва ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик Парчами кишварро дар ҳар гўшаву канори ҷаҳон партавафшон менамоянд ва миллати абарманди тоҷикро муаррифӣ месозанд. Дар сомонаҳои интернетӣ наворҳои бешуморе вуҷуд дорад, ки аз дастовардҳои фарзандони бонангу номуси ин миллат дар риштаҳои гуногуни варзиш шаҳодат медиҳад.

Чанде пеш дар сомонаҳои интернетӣ наворе дар чархиш даромадааст, ки аз ғолибияти як ҷавони тоҷик Латифов Муҳаммадӣ Давлатович дар Бозиҳои миллии зимистонаи Амрико (09.12.2017) дар риштаи ҷудо дар вазни аз 100 килограмм боло ҳикоят мекунад. Дар ин навор  дида мешавад, ки ҷавони тоҷик бо як нерумандии тоҷикона ҳарифҳои худро мағлуб сохта, нидои аҳсану офарини тамошобинонро баланд месозад.

Ёдовар мешавем, ки Латифов Муҳаммадӣ Давлатович аз он паҳлавонони шинохтаи тоҷик аст, ки солҳои пештар низ дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок ва ғолибиятҳо ба даст овардааст. Аз ҷумла, иштироки мавсуф дар Чемпионати байналмилалии ҷудо, ки соли 2014 дар Малагои Испания баргузор шуда буд, бо ғолибият ҳамроҳ буд.

Талабшоҳ Иҳромов

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj