Ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ

Боиси хурсандист, ки имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ бештар шуда, рӯз аз рӯз иштироки онҳо дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ афзуда истодааст. Чунончи ҳамасола барои дарёфти ҷавонони болаёқат олимпиадаи кушоди байналхалқии Донишгоҳи муштараки Белоруссия-Русия аз фанни математика гузаронида мешавад. Ин олимпиада имсол аз 19 то 22-юми феврал дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белоруссия баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду нафар донишҷӯи факултети механикаю математика–Файзулло Исматов (курси 4) ва Шоҳрух Ҳусейнов (курси 3) иштирок намуданд. Тавре иштирокчии олимпиадаи мазкур Шоҳрух Ҳусейнов иттилоъ дод: «Дар олимпиадаи мазкур 52 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирант аз давлатҳои гуногун иштирок намуда, ба онҳо масъалаҳои мухталифе аз математика пешниҳод шуда буданд». Гуфта шуд, ки дар ҷамъбасти озмун аз ҷониби ректори Донишгоҳи муштараки Белоруссия-Русия М.Е. Лестенков ба донишҷӯёни донишгоҳ - Ш. Ҳусейнов дипломи ҷойи 2-юму медал ва ба Ф. Исматов дипломи ҷойи чаҳорум супорида шуд.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj