Ҳамкориҳо дар риштаи физика

Хайрулло Ғафуров, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Давлат Солиҳов, декани факултети физика ва Барот Махсудов, мудири кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ бо доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Тимофеев Николай Александрович ва профессори кафедраи физикаи нимноқилҳо ва наноэлектроникаи Донишгоҳи давлатии Белоруссия Лукашевич Михаил Григорович вохўрӣ анҷом доданд. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омўзишии ДМТ бо донишгоҳҳои  мазкур баррасӣ гардид. 
Дар оғози суҳбат Х. Ғафуров меҳмони олиқадро бо сохтор ва ҳайати устодону кормандон, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ошно намуда, зикр кард, ки ҳамкории ДМТ бо давлатҳои хориҷӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Инчунин, Д. Солиҳов вобаста ба талаботи замон омода намудани мутахассисони болаёқат дар риштаи физикаю математикаро таъкид намуда, дар мавриди беҳбуд бахшидани ин раванд пешниҳод намуд. Меҳмони олиқадр ҳадафи ташрифи худро дар мустаҳкам намудани робитаи илмию эҷодии факултети физикаи ДМТ бо донишгоҳҳои Санкт-Петербург ва Белоруссия, инчунин, иштирок дар ҳимои доктории устоди факултети физикаи ДМТ, мудири кафедраи физикаи ҳаста Б. Махсудов  унвон карданд. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj