Ҳамкорӣ дар соҳаи тиб

Ректори Донишгоҳи тиббии шаҳри Пекини  Ҷумҳурии Мардумии Чин Сю Ан Лонг бо ҳамроҳии чанде аз роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳи худ ба ДМТ ташриф овард. Меҳмонон дар мулоқот бо ректори ДМТ, академик Имомзода М.С. ҳадафи ташрифи худро ба ДМТ ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, эҷодӣ ва омўзишӣ арзёбӣ намуданд. 

Дар мулоқот намояндагон ва роҳбарони сохторҳои давлатии соҳаи тиббӣ-фарматсевтии ҷумҳурӣ, декани факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, Маркази таълимию фарҳангии Конфутсий, шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ иштирок доштанд. Ҷонибҳо зимни суханронии хеш дар самти табодули донишҷўёну устодон, ифтитоҳи  факултети муштарак доир ба омода намудани мутахассисони тибби чинӣ,   ба роҳ мондани  барномаҳои таълимии 2+2 ва 1+1, таъсиси Маркази тибби чинӣ ва ғайра табодули афкор намуданд. 

Баъд аз мулоқот меҳмонон аз лабораторияҳои факултети фарматсевтӣ, ИИТ ва Маркази биотехнологияи донишгоҳ боздид намуда, ба фаъолият ва дастовардҳои сохторҳои зикршуда баҳои баланд доданд. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj