Ҳам дар наълу ҳам дар пошна

Мақолаи Сайёфи Мизроб «Миллат ва мазҳаб»-ро аз 9-уми июни соли 2016 хонда,  ба баъзе фикрҳои Сайёф розӣ нестам. Муаллиф нақлро аз насиҳатҳои махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода дар ҷанозаи шахси олимақом хеле хуб ва олӣ сар кардааст. Вожаи ҷиҳоду муҷоҳидро, махдум дар назди омма шарҳ дода гуфтааст, ки ана ҳамин писари марҳум, ки ба хотири модар аз хориҷ хеста омадааст, муҷоҳид аст, хеле таъсирбахш буданд. Сайёф мазҳаби Эмоми Аъзами тоҷикро сахт мепарастад, ки ин хуб аст, зеро дар шароити имрўзаи Тоҷикистон ба дигар мазҳаб рафтан ҷангу хунрезиро дар пай дорад, ки инро мо солҳои 90-ум дидем.
Вале дар навиштаҳои муаллиф фикрҳои зидду нақизе вуҷуд доранд, ки наметавонем онро нагўем. Зеро ин навиштаҳо ба навиштаҳои дигари СССР дар мавриди танқиди муллоҳо дуруст намеояд. Гап сари Ҳоҷӣ Мирзо ва Тураҷонзодаҳо меравад. Чуноне ки медонем, дар СССР дар муддати 8 сол аз ҳама зиёд суратҳои Тураҷонзодаҳо ва танқиди эшон ва танқиду созиш бо Ҳоҷӣ Мирзо нашр шудааст. Навиштаҳои Аҳмади Иброҳим дар аввали нашри рўзнома ва эродҳои Сафват ку аз ёди мо нарафтааст. Яъне СССР аз аввалинҳо буд, ки ба танқиди табақаи дастмарас – яъне муллоҳо сар кард. Баъд дигар газетаҳо инро идома доданд. СССР ба ҳимояи арзишҳои милливу фарҳангӣ мисли номҳои тоҷикӣ ва идҳои тоҷикӣ мисли Наврўзу ғайра бархост, ки мо инро қадр мекунем. Ба истилоҳ СССР буд, ки ба баъзе мутаассибон, ба баъзе навмуллоҳо  исломи нобро дарс гуфт.
Аммо минбарро баргардонидан ба Тураҷонзодаҳо, ки олудаи ҷанги шаҳрвандианд, хатои ҷиддӣ мебуд.
Ашур Сафар мегўяд, ки:
Мо, ки олуда набудем, наем осуда,
Чӣ кунад он ки дар ин маърака буд олуда?!
Воқеан, як принсипи Ҳукумати имрўза ҳамин аст, ки олудаҳоро аз минбар дур кард ва ин присипи тиллоист! Аҳсан ба Пешвои миллат, ки тавонист бо ин роҳ миллатро сарҷамъ кунад!
Оё ҳамин Тураҷонҳо набуданд, ки солҳои 90 мардумро ба ду гурўҳ ҷудо карданд. Оё мусулмонро наҳзативу ғайринаҳзатӣ гуфтану ҷудо кардан кори дасти ҳаминҳо набуд? Оё ин тафриқаандозӣ дар байни мусулмони як миллат нест? Оё ҳаминҳо набуданд, ки ба урфу одати мардум часпиданд ва маъракаҳои моро ҳаром гуфтанд.
Иқрор бояд шуд, ки Ҳоҷӣ Мирзо дар ибтидо бо ақидаҳои салафигии худ хело мардумро гумроҳ кард. Хайрият, ки ҳоло Ҳоҷи Мирзо бо салафиҳо дар ду сангар қарор дорад, агар ҳоҷӣ ба мазҳаби бобоӣ содиқ монад, дарди бахайр аст, лекин агар боз ҳамон ақидаҳояшро давом диҳад, ин ҳам хатар дорад. Дар ҳар сурат ў бояд зери назорати Шўрои уламо бошад, то ки миллату мазҳабро ғофилгир накунад. Ҳамчуноне ки чанд сол пеш ба хайру худоиҳо часпида, маъракаҳои пуршукўҳи моро барҳам дод.
Муллоҳои мазҳабии содиқ дар маҳалҳо зиёданд, агар ононро ёбем! Мисли домулло Ҳикматулло, домулло Маҳмадулло, мулло Холмурод, домуллои Абдураҳими Қазоқонӣ ва ғ. Ҳар кадоме метавонанд ҷавононро аз роҳи нодурусти ифротгароӣ баргардонанд.
 Албатта, СССР фикри ду тарафро чоп мекунад, ки ин хуб аст, вале мо ҳаргиз тарафдори баргардонидани минбари масҷид ба Тураҷонзодаҳо нестем. Зеро мегўянд «кўр як бор асояшро гум мекунад». Агар Тураҷонзода як гапи хуб гўяд, дар паҳлуяш як гапи нохуби дигарро аз худаш мегузаронад, ки инро мегўянд: «иловаҳо дар ислом». Маҳз ҳамин иловаҳо буданд, ки ислом аз роҳи аслии худ берун шуд ва ба ҳолати имрўзаи Сурияву Ироқ афтид.  Боқӣ ба Шумо тавфиқ мехоҳам!
Барои СССР:
 хонандаи доимии Шумо Ҳақназари Ваҳдатӣ  

 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj