Ҳафтаи франкофонӣ

Чун анъана имсол дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо чорабинии илмӣ-фарҳангӣ зери унвони «Ҳафтаи забони франсавӣ» (Ҳафтаи франкофонӣ) дар толори фарҳангии Шарифҷон Ҳусейнзода баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбари дастгоҳи маъмурии сафорати Фаронса дар ҶТ, хонум Карима Азнак, директори Маркази фарҳангии «Бохтар» Марк ду ла Фушардиер, роҳбари барномаҳои «Кампус» дар Тоҷикистон, хонум Усмонова Ҷамила, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Х. Ғафуров ва зумрае аз устодони риштаи забономўзии донишгоҳ иштирок доштанд. 

Чорабини мазкурро декани факултет, дотсент Р. Шодиев ифтитоҳ бахшида, дар мавриди ««Ҳафтаи франкофонӣ» ва рисолати забони франсавӣ» маърўза намуд. 

Директори Маркази фарҳангии «Бохтар» Марк ду ла Фушардиер ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Х. Ғафуров зимни суханронии хеш дар бораи нақш ва манзалати забони франсавӣ дар ҷаҳон баромад намуда, зикр карданд, ки забони франсавӣ дар баробари дигар забонҳои хориҷӣ забони кории Созмони Милали Муттаҳид ба шумор меравад. 

Иҷрокунандаи мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети мазкур Т. Ҷумаев дар суханронии хеш доир ба таърихи забони франсавӣ, бахусус, ҳафтаи франкофонҳои дунё суханронӣ намуда, афзуд, ки  дар дунё 70 мамлакат бо ин забон сару кор мегиранд ва дар 26 мамлакати дунё ҳамчун забони расмӣ қабул шудааст.

Дар чорабинии мазкур донишҷўёни факултет, кафедраи забонҳои хориҷӣ ва махсусан, донишҷўёне, ки забони франсавӣ меомўзанд, бо саҳначаҳои рангин ва шеъру таронаҳо бо забони франсавӣ хотири меҳмононро шод гардониданд. 

Т. Ҷумаев 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj