Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан

Нигоҳдории гуногунии биологӣ ё олами набототу ҳайвонот, дар қатори масъалаҳои тағйирёбии иқлим, биёбоншавии баъзе қитъаҳои замини сайёра, «Сўрохии озонӣ», «Эффекти гармхонаӣ» ва ғайра, яке аз проблемаҳои экологии умумиҷаҳонӣ  ба шумор меравад. Ҳоло тамоми кишварҳои дунё,  аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рўи Конвенсияи байналмилалии «Нигоҳдории гуногуни биологӣ», қарори  Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал барои нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикисторо ҳанўз 1 сентябри соли 2003 № 432  қарор қабул намуда, баҳри ҳифзу нигоҳдории олами зиндаи табиат тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд.   
    Мувофиқи тадқиқотҳои олимону мутахассисон аз  соли  1600 то 1975  дар  рўи  Замин  1,2 % - и намуди  ширхўрон ва  паррандагон нест гардидаанд. То  ба  охири  солҳои  80-уми  асри  гузашта,  аллакай  дар  зери  хатари  нестшавӣ қариб  8 % ,  яъне на  камтар аз  1000 – намуд қарор доштанд. Агар раванди нестшавии намудҳои  биологӣ   бо  ҳамин  гуна  суръат идома  ёфтан  гирад, то соли 2050 аз  рўи  Замин  хавфи  нестшавии  50 – намуди  биологӣ ва аз ин ҳам бештар аз эҳтимол дур  нест.  Ин  ниҳоят  фоҷиаи  вазнини   экологӣ, вайрон кардани  тавозуни экологӣ ва  ниҳоят хавфу  хатари  ислоҳнашаванда барои  инсоният ва ҳастии ў мебошад. Аз ин лиҳоз  нигоҳдории  гуногунии  биологӣ  ҳам  фарзу  ҳам  қарзи  ҳар  як  фарди  сайёраи  Замин ба шумор меравад.
    Зарурати нигоҳдории гуногунии биологӣ дар он аст, ки низоми экологи аз нуқтаи назари мувозинати экологӣ ҳақи мавҷуд будани худро дар табиат доранд. Мавҷудияти бисёр намудҳо аз дигар намудҳои биологи вобастаги доранд, нобуд сохтани як намуди биологӣ вобаста аст аз дигар намудҳо. Нестшавиии намудҳои биологи таъсироти манфии худро ба одам бевосита ё бавосита бечунучаро мерасонад. Ҳар як намуд ва ҳар як низоми экологӣ зебогӣ ва дороиро таъмин намуда, экосистемаи табииро нигоҳ медорад.
      Муайян шудааст, ки омилҳои табиӣ – сел,  беобӣ,  жола ва амалҳои  антропогенӣ (фаъолияти инсон), буридани ҷангалзорҳо, деградатсияи  (таназзулӣ)  чарогоҳҳо, зироаткории  лалмӣ, аз худкунии  нишебиҳои  талу  теппаҳо ва  дигар  омилҳо таъсири худро ба гуногунии биологӣ ва умуман табиати минтақаҳо мерасонанд. Проблемаи  дигари  ҷойдошта он  аст,  ки таҳти  таъсири  чорвочаронии  ғайриоқилона  сифати  зидди  эрозионии  қабати  алаф  паст  гардида  истодааст. Бад – ин минвол баъзе  растаниҳо  нобуд шуда, сабзиши дигар  растаниҳоро  боз медоранд, хок  нисбатан зуд  ба  равандҳои вайроншавӣ  наздик  мешавад.
     Санҷишу  назоратҳои  инспексионӣ  нишон   медиҳанд, ки  шумораи зиёди  растаниҳо,  алалхусус, нодиру  шифобахш  кам  шуда  истодаанд ва таҳти  таҳдиди  нобудшавӣ қарор  доранд.  Ҳоло  ҳам  бинобар  сабаби  таъмин  набудани  аҳолӣ  бо  сўзишвории сахт (ангишт) буриши  дарахтону   ҷангалзорҳо  кам  нагардида  истодааст. Истифодаи  ғайриоқилонаи    чарогоҳҳо  ва  чорвочаронии  аз  ҳад  зиёд  дар  дохили  ҷангалзорҳо  зиёд гардида, боиси  аз  байн  рафтани  туғайзорҳо, ҷангалу  чарогоҳҳо гардида истодааст.  Бо сабаби ғайриоқилона  муносибат намудан нисбат ба  дарахтони нодиру гиёҳои шифобахши диёр, аз қабили арча,  писта,  чормағз,  ирғай,  заранг, дулона,  бодом, зира, камолак, чойкаҳак,  пупалмоқ, зарринбех,  рошак, сиёҳалаф, чукрӣ, пиёзи  анзур, амонқара ва  ғайраҳо боиси камшавӣ ва  дар баъзе мавзеъҳои дигар нестшавиии онҳо гардида истодааст. 
         Аз масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист хохиш карда шавад, ки фурўхтани растаниҳои гизоиро дар бозорҳо бо решаашон, аз қабили шибитак ё шунук, кравчак ва монанди инҳоро манъ намоянд. Инчунин фурўхтани гули сиёхгўш, лола, холмон, бойчечак, ки қисми зиёди онҳо ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудаанд, таҳти назорати қатъи гиранд.
   Дуруст аст, ки кормандони Бозрасии ҳифзи муҳити зист, ҷангалбонҳои хоҷагиҳои ҷангал чораҳои зиёди ташфиқотӣ, рейдҳои махсус гузаронида, гунаҳгоронро ҷарима, нисбати баъзеи дигарашон парвандаҳои  ҳуқуқваронкунӣ тартиб дода, пешкаши мақомоти қудратӣ менамоянд, вале боз мебинем, ки баъзе шаҳрвандон ба ҷои дарахте шинондан, баръакс ба дарахтбурӣ даст мезананд.      
    Аз  ин  ҷост, ки  имрўз  вазъият дар  боби  нигоҳдорӣ  ва  беҳдошти  гуногунии  биологӣ беҳбудии  ҷиддиро  тақозо  мекунад.
      Ба андешаи мо тадбирҳои зеринро барои нигоҳдории гуногунии биологи амалӣ намудан зарур мебошад:
1)    даст кашидан аз шикору буридани дарахтон, ҷамъоварии растаниву гиёҳои нодиру пурарзише, ки онҳоро хавфи нобудшави таҳдид мекунад;
2)    ҳарчи зиёдтар истифода бурдани манбаъҳои алтернативии нерўи гармӣ (нерўи офтобӣ, бодӣ ва обӣ) ба ҷои нерўи гармии аз сўзонидани хезуми аз растаниҳо тайёрнамуда;  
3)    дастгири кардани истеҳсолоти бехатари – экологӣ;
4)    диққати ҷиддӣ додан ба ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ва беҳтар намудани маблағгузории онҳо, бо мақсади беҳтар намудани пойгоҳи модии техникиашон;
5)    боз ҳам такмил додани дараҷаи иттилоотнокии экологии аҳолии тавассути ВАО, нашри адабиёти илмӣ - оммавӣ ва расонаҳои электронӣ;
6)    баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати экологии насли наврас тавассути барномаҳои таълимӣ - омўзишӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва олиии ҷумҳурӣ ва
Г. И. ҚУРБОНЗОДА

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj