Ҷавони ботарбия -донишҷўи ДМТ

Виҷдон бисёр чизи хуб аст. Инсони бовиҷдон дурўғ намегўяд, кори хато намекунад ва муносибати тунд надорад.  Оид ба бовиҷдонии тоҷикон чандин роману очерку мақолаву тавсифҳо дар адабиёти классикӣ, адабиёти муосир ва васоити ахбори омма чоп шудаанд. 

Тайи ду сол мешавад, ки исми муҳоҷирони тоҷик барои баргардондани маблағҳои ҳангуфти ёфтаашон расонаӣ мешавад. Масалан, тибқи иттилои сомонаҳои иҷтимоӣ соли соли 2015 Забеҳуллоҳ Шафеъзода, ки дар Маскав ронандаи таксӣ буд, ҳамёни пур аз корти бонкӣ ва пули ёфтаашро ба соҳибаш дод. 

Рўзи 3-юми майи соли ҷорӣ барои гузаштан аз сексияи тахассусии кори илмиам ба кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рафтам. Ҳангоми ҳуҷҷату ноутбукамро аз бағочи мошин гирифтан телефонамро дар болои мошин фаромўш кардам. Баъди маҷлис ба телефонам занг задам, ки шахсе гўширо бардошт. Аз ў пурсон шудам, ки ин телефони ман аст ва ў ҳам аз ман маконамро пурсид, то телефонро ба ман супорад. Ин нафар як донишҷўи ДМТ будааст, ки телефонро ба ман баргардонд. Мутаассифона, аз саросемагӣ ба ў рахмат гуфтаму халос, лоақал номашро ҳам пурсида натавонистам. 

Хулоса, ин имон аст, ин виҷдон ва тарбияи дуруст аст, ки амонати шахсеро бармегардонӣ. Аслан, телефон ҳеҷ арзиш надорад, аммо гап сари тарбияи дурусти ин ҷавонмард меравад. Ман аз ин минбар ба он донишҷў миннатдории худро баён намуда, ба дигар донишҷўён тавсия доданиям, ки аз чунин донишҷўён ибрат гиранд.

Ҷаҳонгир РУСТАМ, 

сармуҳаррири рўзномаи «Анвори дониш»-и 

ДДК ба номи А. Рўдакӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj