ҶАВОНОНИ БОИРОДАЕМ…

Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият ҳамчун узви барбарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар харитаи сиёсии дунё арзи ҳастӣ намуд, ки дар ин пешравиҳо саҳми ҷавонон дида мешавад. Имрўзҳо вазифаи аввалиндараҷаи мо –ҷавонон таҳкими сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории оромии мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон, ки худро соҳибватан меҳисобад, бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва кониститутсияро аз мадди аввал дур насозад. Ҳамаи андешаву кўшиши худро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдат равона созем.

Мо-миллати тоҷик, ки таърихи бениҳоят ғанӣ дорем, метавонем дар якҷоягӣ бо меҳнати бунёдкоронаву созанда мақому мартабаи Тоҷикистони азизамонро дар ҷаҳон баланд бардорем. Худованд ба мо сарзамини обод ва сарватҳои бебаҳо ато кардааст ва боварӣ дорем, ки дар натиҷаи саъю кўшиши дастаҷамъона бо сулҳу ваҳдат, эътимоду боварӣ ба ҳамдигар, боварӣ ба ҳамсояи худ, боварӣ ба ояндаи нек дилхоҳ мушкилоти пешомадаро паси сар менамоем.  

Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегардад, ҳамчун як марҳилаи сифатан нав дар пешрафти худшиносии миллии мо ҷавонон такони ҷиддие мебахшад. Бо ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат имрўз ҳар як ҷавон метавонад, ки дар бобати бунёди кохи орзуҳои худ муваффақ гардад. 

Имрўз вақти он расидааст, ки тамоми қувваю неруи зеҳнии худро баҳри созандагиву ободкорӣ ва фароҳам овардани муҳити солим дар ҷомеа равона намуда, талош намоем, ки Тоҷикистон дар баробари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор гирад. 

 

Ҳасанҷон Файзуллоев, 

раиси Созмони ҷавонони факултети ҳуқуқшиносӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj