Ҷавонони саодатманд

 Ҳар як насл таҷрибаю дониши андўхтаашро ба насли оянда мерос мегузорад. Ин таҷриба бо гузашти вақт такмил меёбад ва чун дастовард дар пешрафти ҷомеа ба кор бурда мешавад. Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавононро дар пешрафти кишвар муҳим арзёбӣ намудаанд, ки илҳомбахши ҳар яки мо мебошад: «Агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, ҷавонони боистеъдоду лаёқатмандро метавон мояи ифтихор ва сарбаландии он номид. Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки бори гарони илму фарҳанги миллати хешро бар дўш кашида, ҳамчун ҳалқаи зарурӣ дар занҷири маърифати аз насл ба насл омада хидмат намоянд».

Миллати куҳантаърих ва бунёдкори мо борҳо дар масири таърих собит кардааст, ки метавонад бо ҳиммат ва шуҷоату донишмандии ҷавонони хеш аз ҳар вартаи муҳлик раҳо гардад ва хешро дар ҷодаи амну рушд  қарор диҳад. Ҷаҳоне, ки мо имрўз дар он зиндагӣ дорем, пур аз тазоду ихтилоф ва печидагиҳои сиёсию фарҳангӣ аст. Вазъияти имрўзаи ҷаҳон он чунон ҳасос аст, ки пешгўӣ намудани он имконнопазир аст. Мо ҳамчун аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки кишвари зебои худ – Тоҷикистонро обод, пешқадам ва мутарраққӣ гардонем.  Ватанамонро аз вартаи мушкилиҳои сиёсиву иқтисодӣ раҳо кунем. Дар рў ба рўи мо мушкилоти зиёде қарор дорад, ки ҳар лаҳза метавонад, барои сулҳу субот ва рушду инкишофи кишвари азизамон монеа гардад.  

Барои он ки ҷавонон воқен ояндасози миллат ва давлату сарзамини аҷдодии мо бошанд, бояд ба чанд масъалаи муҳими рўзгори имрўзи Тоҷикистон ва миллати сарбаланди он ҷиддӣ аҳамият бидиҳанд. Қаблан ҷавононро зарур аст, ки ахлоқи пок ва нигоҳдорандаи расму оини аҷдоди гузаштаи худ бошанд, аз осори гузаштагон бархўрдор бошанд. Гурўҳе имрўз ақида доранд, ки мо дар ҷаҳони кашфиётҳои илмию техникӣ зиндагӣ мекунем ва бояд бештар аз техника ва технологияи муосир ҷавононро огоҳ намоем. Зеро дунёи имрўзаи мо бештар ба иқтисоду иттилоот ҳамбастагӣ дорад. Дар ҳақиқат имрўз рушди техника ва технология мавқеи хос дорад, вале инсони донишманде, ки аз моддиёт бархўрдор аст ва кашшофи техникаи муъҷизакор аст, магар метавонад бидуни арзишҳои ахлоқӣ ва тарбияи маънавӣ ва такмили ақлу виҷдон зиндагӣ кунад? 

Масъалаи дигаре, ки ҷавонон ба он бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, ин нагаравидан ба андешаҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ аст. Масъалаи мазкур  хатарноктарин падидае дар ҷаҳони имрўз барои башарият ба шумор меравад. Аз ин рў, такмили дониши сиёсии ҷавонон ва зиракию ҳушёрии онҳо хеле зарур аст. Бояд ҷавонони мо донишҳои сиёсии хешро такмил диҳанд ва аз ҳар гуна пайомадҳои иѓовоангез дурӣ ҷўянд, то худ, миллат ва давлатро ҳифз карда тавонанд, хушақида, миллатдўст ва ватанпарвар бошанд. Тавре Носири Хусрав мефармояд:

Агар ту хештанро бад нахоҳӣ,

Макун коре, ки боз орад табоҳӣ.

 

Оятуллои АМИРУЛЛО, 

донишҷўи курси 1, 

факултети муносибатҳои байналхалқӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj