Ҷавонон дар меҳвари Паём

Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти воқеияти замон ироа гардида, дар он ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа ба таври густарда мавриди баррасиву таҳлил карор мегиранд. Ҳамин аст, ки ҳар як Паёми Пешвои миллат бо садои дили мардум ҳамнаво мегардад. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.” 

Масъалаҳои таъкидкардаи Пешвои миллат дар замони муосир моҳияти аввалиндараҷа доранд. Зеро замони муосир замони бархўрду муборизаҳои геполитикиву иттилоотӣ ва фарҳангист. Дар ин гуна муборизаҳо силоҳи асосии ҷомеаи суннатии мо фарҳанг, маънавиёт ва ахлоқи мост. Дар заминаи ҳамин арзишҳо тарбия додани насли наврас вазифаи оила, мактаб ва ҷомеа мебошад. Басо мантиқист, ки соли 2017-ро Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон карданд. Аслан, дар тамоми масири сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои мо ба ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, нақши сазовори онҳо пайваста таъкид мегардад. “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.”

Дилафрўзи АБДУСАЛОМ,

муаллимаи кафедраи журналистикаи

байналхалқии ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj