Ҷавонон устуворсозандаи ваҳдатанд

Сулҳ, ваҳдат ва ҷавонӣ дар олами афкори ҷомеаи мо мафҳумҳои тавъаманд, ки муҷиби саодатмандии миллат шуда метавонанд. 23-майи соли 1997 ҳамоиши ҷавонон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис ёбад. Як моҳе баъд 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Яъне тақрибан дар як давра ду рухдоди бузургу созанда ба вуҷуд омадааст. Аввалин қадамҳо дар фазои осоиштагӣ бо иштироку саҳми ҷавонон дар роҳи созандагии давлату кишвар гузошта шуд.
Ҷои инкор нест, ки халқи тоҷик дар зери таъсири омилҳои гуногун як маротиба иштибоҳ кард, аммо ин иштибоҳашро дар шоҳидии аҳли башар сарбаландона ислоҳ намуд. Ваҳдати тоҷикон барои дигарон намуна гашт. Ҳамдигарро бахшидан ва ба ҳам омадани як халқи дар низои дохилӣ олударо, ки дар кўтоҳтарин фурсат сулҳсозӣ кардааст, таърих хеле кам ёд дорад. Қиёси рақамҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 1945 то соли 1992 танҳо аз се як ҳиссаи гуфтушунидҳо дар зиёда аз сад ҷанги шаҳрвандӣ дар мамолики ҷаҳон бо сулҳ анҷомидаанд. Аксари онҳо дар ниҳоят омили парокандагии кишварҳову қавмҳо гаштаанд.
Фалсафае вуҷуд дорад, ки «шарт нест, ки ҳама дар ҷомеа як фикр дошта бошанд». Ин ҳукм ҳақиқати комил дорад ва он тасаввур ки ҳама «бояд як фикр дошта бошанд…» амри имконнопазир низ ҳаст. Талош дар ин роҳ маънӣ ҳам надорад ва ягон ҷомеа ба ин муваффақ ҳам нагаштааст. Аммо чун ин ҳама фикрҳои гуногун дар роҳи талоши созандагӣ равон мешаванд, инро метавон ваҳдат номид. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки имрўз ҳар як ҷавони тоҷики худшинос бо афкори гуногун дар роҳи бунёди сипари ҳифзи миллат дар пайроҳаи хоси худ, ҳатман, ҳиссае мегузорад.
Дар шароити иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони муосир боварӣ ба ҳамдигар омили пешрафту саодати ҷомеа мебошад. Ин боварӣ омилест, ки мо худро дар як ҷомеа танҳо эҳсос наменамоем. Тафриқаандозиҳо мусибату даҳшати бузургеанд, ки ҷомеаҳоро фано месозанд. Дар ин тафриқаандозиҳо ҷавононро доиман дар саргаҳ қарор медиҳанд, ки сабаби аслии бадбахтии аҳли башар аст. Албатта, на он ҷавононе, ки дарси мактаби худшиносиро аз бар кардаанд. Ҷавонони соҳибмаълумоту фаъол меҳвари пешрафти кишварҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ҳар кишваре, ки сатҳи маълумоти олии ҷавонон зиёду баланд аст, дар он кишвар ҳамон андоза хатари  гирифторӣ ба муноқишаҳои хатарбори дохилӣ камтар мешавад. Зеро дар заминаи ҷаҳонбиниҳо ҷавони соҳибмаълумот намехоҳад, ки бо андармониҳову вобастагиҳои бемаънӣ дар роҳи худро сохтан (карера) халалу иштибоҳеро дидаву дониста ворид созад. Ба майдонсозиву майдонбозиҳои хунин ҷавони огоҳ ҳеҷ гоҳ майл надорад. Албатта, дар ин самт ҷавони зархариду манқурту булҳавас истисност, ки ў аз дарси ваҳдату худшиносӣ баҳра набурдааст. Мадрасаи ваҳдат барои ҳамагуна ҷомеа ҷузъи нодаркор нест. Ҳар фарде мухолифи он аст, дар ниҳодаш неруи аҳриманӣ дорад. Ҳикмати маълуми дигар он аст, ки одамон қодиранд барои як ҷуръа об бо ҳам барангезанду мухолифат дошта бошанд, дар сурате ки имконе ҳаст, ки онҳо бо ҳам сарчашмаи бузургеро бо номи дарё кашф кунанду соҳиб бошанд. Яъне, чун роҳи салоҳу ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад, бояд дар пайи дарёфти он қадам ниҳод. Ватандўстие ин қадар гуфтаанду мегўем, ин  ба ҷуз ваҳдат чизи дигаре нест, ки он бо шохаҳои худ ҳазорон ҷабҳаро фарогир аст. Ин ваҳдат парчамест, ки аз он гуногунсатҳиву гуногуфикрӣ чун як неруи том ба вуҷуд меояд. Рисолати парчамҳо он аст, ки ваҳдатсозанд ва ваҳдат низ парчами худро дорад, ки ҷойгоҳи он дар олами тафаккур аст.
Тавоноию дороии феълии кишварамон имрўз ваҳдати ҷавонони кишвар аст. Имрўз аз он меболем, ки дар кўчаҳои пойтахт низову хархашаи ҷавононро вобаста ба маҳалбозиҳо намебинем. Чи хуш аст, ки мазҳабситезиҳое, ки феълан муҷиби бадбахтии халқҳои олам гаштаанд, дар олами эътиқоди ҷавонони мо ҷо гирифта наметавонанд. Ин ҳолатҳо дар охири солҳои ҳаштодуму оғози солҳои 90-ум диёрамонро ба майдони ҷанги шаҳрвандӣ табдил дода буданд. Имрўз мо аз он ифтихор дорем, ки мардуми тоҷик, алалхусус, ҷавонон сурати аслии дасисаву сиёсатҳои таҳмилии иғвоангезро мешиносанд. Ин аст, ки имрўз миссионерҳои нотавони дар пайи матлаби худ овора аз амалӣ нагаштани мақсадҳои нопокашон дар шигифтанд. Аҷиб, ки хостаҳояшон ғайриинтизор дар хонаи худашон ҷомаи амал пўшида истодаанд. Имрўз  ҷавонони кишвари мо худшинос мебошанд. Сиёҳу сафедро фарқ гузошта метавонанд. Онҳо дарк кардаанд, ки ин шоҳроҳ, ки номаш Ваҳдат аст, тақвияту нагаҳдорӣ мехоҳад, ки ин рисолат вазифаи онҳо ва ҳар як хурду  бузурги кишварамон аст.
Бахтиёри Қутбиддин,
устоди ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj