Ҷавонӣ - даврони тиллоии умр

Даврони ҷавонӣ даврони тиллоии умри инсонӣ, айёми рангиниҳои ҳаёт ва неруву қудрати бузург аст, ки дарки аҳамияти  воло ва саривақтии ин айём барои зебо ва пурсамар гузаронидани он шарти муҳим аст. Беҳтарин  марҳилаи умри инсонӣ низ марҳилаи ҷавонӣ буда, заминаи ташаккули он даврони наврасии инсон аст. Даврони ҷавонӣ муайянкунандаи умри минбаъдаи инсонӣ то марҳилаи охири он, яъне то лаҳзаҳои вопасини ҳаёт ба шумор меравад.Чаро? Чунки сохтмони бинои шахсияти инсон ҳанўз аз айёми кўдакӣ шурўъ шуда, охирин хиштҳои тиллоии он дар айёми ҷавонӣ гузошта мешавад, ки марҳилаи ташаккули шахсияти инсонист. Ҷавонон бояд ба асли худсозӣ баргарданд ва шахсияти зебои худро бисозанд. Ба қавли меъмори машҳури ҷаҳонӣ Микиланҷела:“Инсон дар тўли ҳаёти худ танҳо як шоҳкорӣ месозад-худашро”. Бартарияти махсуси даврони ҷавонӣ ин доштани неруву қудрат дар баробари ақлу заковат аст. Зеро дар айёми кўдакӣ инсон гарчанде  неру дорад, аммо заковату андешарониаш комил нест. Дар даврони пирӣ бошад, баръакс заковату андешаронии комил дошта, неруву қудрат надорад. Маҳз даврони ҷавонист, ки аз ин ду вижагии махсус бархўрдор асту ба ҳамин далел “даврони тиллоӣ”-и умри инсонӣ номида шудааст. Инсон чун дар ҷавонӣ таҳсили илм намояд, дар худ одатҳои наҷиби инсониро тарбия намуда, аз одатҳои манфӣ канора гирад, ба хидмати падару модар камар бандад, дар натиҷа метавонад даврони бофароѓати миёнасолӣ ва баъдан пиронсолии худро таъмин намояд. Истифодаи самаранок аз ин ду неъмати илоҳӣ, ки дар як замон дар айёми ҷавонӣ мавҷуд аст, нишони ҳушмандии шахс буда, боиси хушбахтии ў мегардад.

  Шўру шавқи аҷиб, ҳисси баланди зебоипарастӣ, шодию сурур, орзуҳои беохир, муҳаббати бепоён ба зиндагӣ, инсонҳо, тарҳрезиҳои беохири фардо, ҳадафу мақсадҳои беназир хоси ин даврони тиллоист. 

Имрўз боиси хушнудист, ки дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ Ҳукумати кишвар сиёсати ҷавонпарваронаро пеш гирифта, ба насли ҷавон такя мекунад ва ба онҳо эътимоди қавӣ дорад, ки далели ин гуфтаҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аст. Яъне, ҷавонони имрўз дар он сатҳеанд, ки бояд ояндаи худро бисозанд. Дар ин роҳ барои ҳамсабақону ҳамсолон иродаи матин, чашми зебобину дасти созанда ва андешаҳои тозаву бунёдсозанда таманно мекунам!

Фарзона АСОЕВА, 

донишҷуйи курси 1

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj