Ҷалби ҷавонон ба гурўҳҳои террористӣ

Аз омўзиши таҷрибаи гузаштагон бармеояд, ки халқу миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи мероси фарҳангии худ аз арзишҳои динию мазҳабӣ  оқилона корбаст намудаанд, ба комёбиҳои бузургу нодир ноил шудаанд. Воқеан, дини мубини ислом, ки ҷавҳари таълимоти онро тавҳид ташкил медиҳад, дар тўли асрҳои зиёд бо фарҳанги кўҳанбунёди мо омезиш ёфта ба як рукни таркибии фарҳангамон табдил ёфтааст. Имрўзҳо дар кишвари мо ба шарофати истиқлолият арзишҳои ахлоқии имониву динӣ мақому манзалати хоса пайдо кардаанд. Ин аст, ки мо дар баробари ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ масъулияти худро дар самти нигоҳдории покиву саодати арзишҳои динӣ ва дар айни замон пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти ифротгароии динӣ эҳсос мекунем. 

Қобили қайд аст, ки ҷаҳонишавӣ омили воқеан муҳимми рушду таҳавуллоти ҷиддӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму техника ва технологияи муосир, истеҳсолот ва истеъмолот гардида, ба наздикшавии кишварҳо ва халқҳои саёра хеле мусоидат кард. Вале дар баробари ин раванди ҷаҳонишавӣ сабаби дар минтақаҳои гуногуни олам паҳн шудани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму, экстремизм, радикализму сепаратизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дигар фаъолиятҳои барои инсоният хатарнок гардид. Ва ниҳоят ин падидаи фарогир арсаи ба вуҷуд омадани буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ гардид, ки таъсири манфии он ба иқтисоди аксари мамолики ҷаҳон то ба имрўз идома дорад. Раванди ҷаҳонишавӣ арзишу асолатҳои миллии халқу миллатҳои гуногунро таҳти хатари нобудӣ қарор додааст

 Пўшида нест, ки имрўз  теъдоде аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҷавонон фирефтаи таблиѓоту ақидаҳои ифротӣ гардида, ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ шомил шуда, дар муқовиматҳои кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд. Бе шак онҳо аз кардаи худ пушаймон шудаанд ва бояд инро донанд, ки дар моддаи 187 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳ муқаррар карда шудааст, ки тибқи он “шахсе, ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият оид ба иштирокаш дар иттиҳодди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) иттилоъ дода ва барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигармавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”.

Агар ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик назар афканем, мебинем, ки ҷавонону мардони тоҷик, ба монанди Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ҷони худро маҳз барои ҳимояи ватану миллати худ фидо кардаанд, на ба манфиати дигарон. Воқеан, ҷоннисорию қаҳрамонӣ ин нест, ки худро барои манфиати ҳаракат ё гурўҳе, ки нияту мақсадашон танҳо ба куштору вайронкориҳо, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шудааст, фидо намоӣ, балки ин аст, ки бо амалу рафтори бунёдкоронаи худ дар пешрафту гулгулшукуфии Ватан ва дар ҳимояи манфиатҳои миллии худ саҳмгузор бошӣ. 

Мустақим Шоинов, 

донишҷўи курси 3,

факултети ҳуқуқшиносӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj