Ҷамъбасти озмуни ишғоли вазифа

Дар ҷаласаи навбатии Шўрои олимон масъалаҳои озмуни ишғоли вазифа ҷамъбаст ва баррасӣ шуданд. Дар ҷаласа оид ба дарёфти унвони илмии муаллими калон, дотсент ва профессори кафедра пешниҳодҳо шуданд. Муайян гардид, ки 20 нафар соҳиби вазифаи дотсенти кафедра, 3 нафар соҳиби вазифаи муаллими калон (Ф. Имомёрбеков – аз кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, М. Муродов – аз кафедраи забони тоҷикиӣ ва усули таълими забон ва адабиёт ва Ф. Мирзоахмедов – аз кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ) ва 2 нафар соҳиби вазифаи профессори кафедра (З. Мухторов – аз кафедраи таърихи забон ва типология ва М.Мирзоева – аз кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ) интихоб шуданд. Бояд гуфт, ки аз 20 нафар ишғолкунандагони вазифаи дотсенти кафедра 8 нафарашонро устодони кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносӣ, 3 нафарашонро устодони кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик ва 9 нафари боқиро устодони кафедраҳои забони адабии муосири тоҷик, технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ, филологияи араб, муносибатҳои байналхалқӣ, молия, забони рўсӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ, педагогика ва кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ   ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки Шўро оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарори дахлдор қабул намуд.

 Н. Худойдодова

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj