Ҷаннати дунё Ватанам

Шодиёна, эй Ватан, эй маҳзари озодагон,
Нусрати сулҳу салоҳ омад ба бахти тоҷикон.
Роҳи моро раҳнавардӣ мекунад номусу ном,
Боҳидоятҳои неки Сарвари олимақом.
Имрўз фазои беғубор ва ҳусни мафтункори Ватанро боз ҳам зеботар мебинам. Меҳру муҳаббати меҳанпарастӣ, эҳсоси ватандўстиву ифтихори ватандорӣ боз ҳам воло гардидаву ҳар фарди ҷомеаро боз ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ сохта аст. Ватан ошёни гарму пурмеҳрест, ки модарона моро ба оғўш гирифтаву парварда, обу хокаш тавонбахши ҷисму ҷон, нуру зиё ва меҳру сафои қалби кўчаки мост. Ҳар гулу гиёҳи муаттараш нафаси илҳомбахшест баҳри мову шумо. Гулафшонии баҳори файзбори Истиқлол дар сарзамини тоҷикон нахли пурсамареро парварда, ки меваҳои шаҳдбораш коми тоҷикро ширин гардонидааст. Тоҷикистон ватани сулҳ ва ошёни илму фарҳангу ҳунарест, ки мардуми шоиста онро киштзори марзу буми хеш номидаанд. Ин Ватан сарзаминест, ки ниёгони бузурги мо пос доштану эҳтиром ва ҳимояти онро нангу номуси худ донистаанд ва ин анъана дар дилу дидаи фарзандони Истиқлол то ба имрўз идома ёфтааст.
Тоҷикистон мероси ниёгони бузург ва саҷдагоҳи муқаддасест, ки месазад баҳри бунёду рушду нумўи он ҷони хешро фидо сохт. Мо– ҷавононро мебояд дар зери ливои сулҳу дустӣ, дар фазои софу беғубори Ватан ба роҳи хираду ба сўйи тавоно, ба роҳи муроду ба қуллаи орзуҳо бо шарофати истиқлоли файзбор раҳсипор гашта, шукрона аз  обу хоки диёри биҳиштосо намоем. Дар ин рўзҳои ҷашни 20-умин солгарди Конститутсияи кишвар қалби саршор аз меҳру муҳаббати ватандорӣ мехоҳад, ки боз ҳам Ватанро тараннум намояд: “Зебо Ватанам, ҷаннати дунё Ватанам...”.

Б. ЭШОВ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj